ҲИКОЯТЕ ДИГАР:
Овардаанд, ки се подшоҳ дар маҷлиси Нӯшервон ҳозир шуданд: қайсари Рум, хоқони Чин ва дорои Ҳинд. Нӯшервон фармуд, ки басе қарнҳо бояд, ки чунин маҷмаъе даст диҳад, биёед, то ҳар яке сухане бигӯем, ки сухани подшоҳон – подшоҳи суханон мебошад ва дареғ бошад, ки ин иҷтимоъ ба тафарруқ анҷомаду асаре мо бар сафҳаи рӯзгор бимонад.
Дар ин саройи куҳан хӯй кун ба хушсуханӣ,
Ки беҳтар аз сухани хуб ёдгоре нест.
Эшон ишорат ба Кисро карданд, ки аввал шумо ифтитоҳ фармоед. Нӯшервон аз дурҷи фикр ҷавоҳири обдор ва гавҳари шоҳвор бар тибқи баён ниҳода гуфт, ки: Бар сухани ногуфта ҳаргиз пушаймон набудаам ва бар баъзе суханон, ки гуфта шуда, бисёр надомат хӯрдаам. Қайсари Рум дар хизонаи хаёл назар фармуда ин нақди тамом иёри нисори шаҳриёр намуд, ки: Ончи бигуфтам, тавонистам, ки бигӯям ва ончи гуфтам, ба радди он қодир набудам, яъне ҳар тири сухане, ки аз шасти баён ҷудо шудааст, қудрати он дорам, ки ҳар гоҳ хоҳам, бияндозам, аммо чун аз камони тақрир берун рафт, бознатавонам гардонид. Хоқони Чин нофаи сарбамӯҳри баён бикшод ва ба роиҳаи он ҳуззори маҳфили салтанатро муаттар сохт, ки: Чун сухан нагуфтаам, ӯ зердасти ман асту ман бар ӯ ғолибам, чун гуфта шуд, ӯ забардасти ман асту ман бар ӯ чира натавонам шуд, яъне то арӯси сухан дар паси пардаи фикрат аст, машшотаи машийятро ихтиёр боқист: агар хоҳад, бар сарири лафзаш ҷилва диҳад ва агар хоҳад, дар ниқоби адамаш бидорад, аммо чун аз паси ҳиҷоб берун ояду парда аз ҷамол бардорад, дигараш ба хилватхонаи хафо натавон фиристод. Дорои Ҳинд аз риёзи гуфтори худ ин гули хушбӯй ва ин райҳони дилҷӯй ба нузҳатгоҳи фасоҳат овард, ки: Ҳар калимае, ки ба гуфт дармеояд, ё бар манҳаҷҷи савоб аст ё дар маърази хато, агар савоб аст, қоил дар ӯҳдаи он сухан мемонад, то аз ӯҳда берун тавонад омад ва агар хатост, ҳеч фоида надорад. Бас, дар ҳар ду ҳол хомӯшӣ беҳтар. Қитъа:
Ба пире расидам дар ақсои Юнон,
Бад-ӯ гуфтам, эй онки бо ақлу ҳушӣ.
Зи мардум чӣ беҳтар? Ба ҳар ҳол гуфто:
Агар рост пурсӣ, хамӯшӣ, хамӯшӣ* .
* * *
Назар кардам ба чашму ақлу дониш,
Надидам ҷуз зи хомӯшӣ хисоле.
Нагӯям лаб бубанду дида бардӯз,
Валекин ҳар мақомеро мақоле.

Доро – рой, роҷа
Машийят – хоҳиш, ирода
Хафо - нуҳуфта
* Дар нусхаи Б ин ҷумла илова шуда: Ва ҳукамои мутааххир гуфтаанд: Хамӯшӣ беҳ аз сухани бад асту сухани нек беҳ аз хамӯшӣ.