Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ 🚀


Гео и язык канала: не указан, не указан
Категория: не указана


🚀Канали расмии сомонаи ozodi.org дар телеграм.
🗞Хабарҳо аз ozodi.org
📷Аксҳо аз ozodi.org
🎬Наворҳо аз ozodi.org
🔊Садоҳо аз ozodi.org
💡Пеш каши шумо мегардад.

Связанные каналы

Гео и язык канала
не указан, не указан
Категория
не указана
Статистика
Фильтр публикаций


Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
"Муаллим хост, коре кунам, ки зинда бимонад"

Ном ва акси Маъруфҷон Менгатов, пизишки 25-солаи тоҷикро дар авҷи бемории коронавируси нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд нашр кардаанд. Ӯ аз аввалин ихтиёриён (волонтёрон) ё ризокороне буд, ки тавассути Фейсбук омодагиашро барои кумак ба беморон эълон кард.


Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
"Падарам гуфт, агар дар вақти коронавирус ба мардум ёрӣ накунӣ, дипломатро мону ба артиш рав" ВИДЕО

Ном ва акси Маъруфҷон Менгатов, пизишки 25-солаи тоҷикро дар авҷи бемории коронавируси нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд нашр кардаанд. Бархе ҳангоми сӯзандору задан ӯро ба тасвир гирифтаанд ва баъзеи дигар ситоиш кардаанд, ки нотарсида барои ёрӣ ба хонаашон рафтааст.






Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Ozodivideo (Youtube)
Дар пойтахти Фаронса барои бесарпаноҳон меҳмонсаро ба иҷора гирифтанд

Дар пойтахти Фаронса барои бесарпаноҳон меҳмонсаро ба иҷора гирифтанд.
Бори аввал нашр шуд дар - https://www.ozodi.org/a/30983995.html


Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
Камбуди барқ дар Тоҷикистон: Таъмири дастгоҳҳо ё зиёд додани об ба Узбекистон?

Бо идома ёфтани маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳои сокинон мақомоти тоҷик дар ин бора посухҳои норӯшан медиҳанд.




Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
Посухҳои норӯшан ба идомаи маҳдудияти интиқоли барқ

Бо идома ёфтани маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳои сокинон мақомоти тоҷик дар ин бора посухҳои норӯшан медиҳанд. Ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯяд, таъмири дастгоҳҳову зеристгоҳҳо идома дорад ва ба ин хотир рӯзона барқро қатъ мекунанд.


Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
Ҳукумати Тоҷикистонро барои "таҳдиду бозпурсӣ"-и наздикони яке аз мухолифин дар Аврупо танқид кардаанд

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мақомоти Тоҷикистонро барои бозпурсӣ ва таҳдиди хонаводаи як фаъоли тоҷик дар Аврупо танқид кардаанд.






Ozodivideo (Youtube)
Гапи Озод: Чаро дар Тоҷикистон барқ нест?


"Барқ нест!" Ба ин мазмун ҳар рӯз даҳҳо нафар ба Радиои Озодӣ паём менависанд. Онҳо мегӯянд, ки истеҳолот, тиҷорат, таҳсил ё табобаташон аз бебарқӣ зиён дидааст. Оё "лимит" баргашт? Кай аз байн меравад? Барномаро бинед.


Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
Тоҷикистон сафирашро дар Амрико иваз кард. Фаррух Ҳамрализода ба ҷойи Фарҳод Салим

Бино ба тағйироте, ки рӯзи 4-уми декабр сурат гирифт, Фаррух Ҳамрализода аз мансаби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ озод ва айни замон сафири Тоҷикистон дар Амрико таъйин шуд.


Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
Маҳмурод Одинаев ҳангоми фирор аз мақомот захмӣ шудааст

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, рӯзи 4-уми декабр дар нишасти матбуотӣ гуфт, "Маҳмурод Одинаев дар озодӣ аст" ва "захми пойҳояшро табобат мекунад".


Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
Дар пойтахти Фаронса барои бесарпаноҳон меҳмонсаро ба иҷора гирифтанд

Дар пойтахти Фаронса барои бесарпаноҳон меҳмонсаро ба иҷора гирифтанд.


Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
"Ихроҷ мешавед". Номаи таҳдидомези як донишгоҳи Русия ба донишҷӯёни тоҷик

Масъулони Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Новосибирски Русия ба 10 донишҷӯ ва ординаторҳои тоҷик ҳушдор додаанд, ки агар ба зудӣ ба дарс ҳозир нашаванд, онҳоро аз донишгоҳ ихроҷ ё берун мекунанд.


Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
Амрико шумори кормандони сафораташро дар Ироқ кам мекунад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар пайи афзоиши танишҳо бо Эрон ва ҷангҷӯёни ироқӣ шуморе аз кормандони сафорати ин кишварро дар Бағдод кам мекунад.


Мэтю Тюллер, сафири Амрико дар Ироқ, рӯзи панҷшанбе баъд аз нашри гузоришҳо хабари коҳиши кормандони сафорати Амрикоро дар Бағдод барои муддати кӯтоҳ тасдиқ кард.


Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, пеш аз интиқоли қудрат ба президенти мунтахаб Ҷо Байден фишорҳоро ба Эрон бештар кардааст.


Илова ба ин, дар пайи кушта шудани Муҳсин Фахризода, донишманди ҳастаӣ дар наздикии Теҳрон таниш дар минтақа афзоиш ёфтааст. Эрон дар ин ҳодиса Исроил ва ғайримустақим Иёлоти Муттаҳидаро гунаҳкор медонад.


Мақомоти Амрико ҳамчунин ибрози нигаронӣ кардаанд, мумкин аст дар аввалин солгарди ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнашини амрикоӣ, ки генерали баланпояи Эрон Қосим Сулаймониро ба қатл расонд, Эрон бо ниманизомиёни Ироқ иқдоми интиқомҷӯёна анҷом диҳад.


Ҳукумати Доналд Трамп моҳи сентябри имсол ба Ироқ ҳушдор дода буд, ки дар посух ба ҳамлаҳои батакрори мушакӣ ва ҳамлаҳои дигари ниманизомиёни мавриди пуштибонии Эрон ба манофеи Амрико ва муттаҳидонаш дар ин кишвар сафорати худро дар Бағдод хоҳад баст.







Показано 20 последних публикаций.

148

подписчиков
Статистика канала