ФАЛСАФА НЕ, ВОҚЕИЯТ АСТ.
Пандҳо барои онҳое ки ба синни 35 , 40 ё аз ин болотар расидаанд:
🌸Панди аввал:
Ҳар сол ҳиҷоматро анҷом деҳ, ҳатто агар Худоро шукр гирифтори ҳеҷ дарду маризе нестӣ..
☘ПАНДИ ДУВВУМ:
Ҳамеша об бихӯр, ҳатто агар ташна набошӣ ва эҳсосашро надошта бошӣ , чун бештар мушкилоти саломатӣ аз камобии бадан аст..
❤ПАНДИ САВВУМ:
Варзиш кун , ҳатто агар дар авҷи машғулият бошӣ , ҷисмат бояд таҳрик дошта бошад , ҳатто агар пиёдараву шиновар бошӣ
💐ПАНДИ ЧОРУМ:
Ғизо хӯрданро кам кун. Ҳаваси хӯрданро тарк кун , ки ҳеҷ хайре нест .
Худатро маҳрум макун аз хӯрдан , вале миқдорашро кам кун..
🥀ПАНДИ ПАНҶУМ:
То ҷое метавонӣ, аз мошин кам истифода кун , саъй кун, пиёда биравӣ масҷид, бозор , хонаи касе , ё ҳар ҷои дигар ..
🌱ПАНДИ ШАШУМ:
Аз асабоният дурӣ кун , қаҳру нороҳатиро тарк кун .
Худатро дар шароити нороҳаткунанда қарор надеҳ , ҳамаи инҳо саломатиатро аз байн мебаранд ва рӯҳияатро хароб мекунанд..
🌹ПАНДИ ҲАФТУМ:
Ҳамон тавр , ки мегӯянд, пулатро рӯи офтоб раҳо куну худат бишин соя ..
Барои худат ва атрофиёнат чизеро дареғ надор ... Пул омада , ки то мо роҳат зиндагӣ кунем, на инки фақат ҷамъ..
🌷ПАНДИ ҲАШТУМ:
На ҳасрати касеро бихӯр ва на ҳасрати коре , ки наметавонӣ, анҷомаш бидиҳӣ ва на ҳасрати чизеро , ки наметавонӣ, ба даст биёрӣ...
🍁ПАНДИ НӮҲУМ:
Хоксор бош, боз ҳам хоксор...
Ки пулу мақому қудрат ва нуфуз ҳама бо ғуруру такаббур аз байн меравад Аммо хоксор , ки бошӣ, ҳама дӯстат хоҳанд дошт ва Худованд ҳам , қадру манзалататро болотар хоҳад бурд...
💮ПАНДИ ДАҲУМ:
Мӯйҳои сарат , ки сафед шуд, ба ин маъно нест , ки ба охири умрат наздик мешавӣ , балки нишонаи ин ки зиндагии беҳтаре оғоз мешавад.. Хушбин бош...
Хотира бисоз , сафар бирав, худатро ба хушиҳои ҳалоли дунё саргарм кун..
🕋ПАНДИ ОХИР:
Намозатро ҳаргиз тарк накун , ки намоз тӯшаи ту аз дунёст , барои рӯзе , ки на сарват ба дардат мехӯрад, на фарзанд..
Бидонед, азизони дилам:
На баёни фазл кардам,ки насиҳати ту гуфтам,
Ҳар аз одамӣ шунидам, баёни одамият.
Дар охир бароятон саломатӣ орзумандам ...