ОМЎЗГОРИ ТОҶИК


Гео и язык канала: не указан, Английский
Категория: Другое


Taklif va mulohazalar uchun / Барои таклиф ва мулоҳазаҳо @Asadullo1970 – Асадулло Шукуров / Asadullo Shukurov
Тел. / tel.: +998932378178
E-mail: asadullo1970@mail.ru

Связанные каналы

Гео и язык канала
не указан, Английский
Категория
Другое
Статистика
Фильтр публикаций


Репост из: ДУРДОНАИ ШАРҚ
Тӯҳфаи нашриёт

"САДОИ ОШНО"

Маҷмӯаи устоди садҳо шогирди болаёқат, рӯзноманигори соҳибқалам, тарҷумони моҳир ва шоираи тавоно  Ӯғилой Ҷӯрабоева бо номи "Садои ошно" чоп шуд. Дар ин маҷмӯа шеърҳои шоираи дилошно Ӯғилой Ҷӯрабоева, ки солҳои охир бо тахаллус Дилошӯб эҷод мекунад, гирд омадааст. Маҷмӯа аз якчанд бобҳо иборат аст. Аз ҷумла "Ватан ҷону забони  имон", "Дар ёди дӯстон", " Навбаҳор аст", " Дарде, ки бар ҷон кора кард", "Дардномаҳо", "Гар носазо бигуфтаам, сад бор узр, узр", " Бахшидаҳо", "Қитъаҳо", "Дубайтиҳо" , "Рубоиҳо" мебошад. Эҳтиром ба забони модари, дӯст доштани Ватан ва дӯстию одамгарӣ мавзӯи асосии шеърҳои ӯст. Дардномаҳои ӯ дарди инсоният аст. Аз марги фарзандону дӯстон ба гиря меояд. Гиряҳояш шеър мешавад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Дилошӯб шоираи хушбин аст. Ин маҷмӯа садои меҳрбори  дили ошноро ба муштариён мерасонад.

Асалой САРХАТЗОДА

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

https://t.me/DURDONAI_SHARQ


Шеърҳои Хусрав Саъдуллоҳ дар қироати ровии боистеъдод Мағфират Юсуфӣ

@tjmetodist


Репост из: ОМЎЗГОРИ ТОҶИК
ФУРӮЗОН МЕКУНӢ Ё ?

Ало, эй шамъ, роҳамро фурӯзон мекунӣ ё на?
Ало, эй субҳ, шомамро парешон мекунӣ ё на?

Ало, эй барф, меборӣ ба рӯи боми афкорам,
Сиёҳии гуноҳамро ту пинҳон мекунӣ ё на?

Ало, эй хома, бардорам туро бо мақсади олӣ,
Ҳаёти хеш сарфи хидмати ҷон мекунӣ ё на?

Ало, эй ишқ, меоӣ барои ҳалли мушкилҳо,
Муаммои диламро низ осон мекунӣ ё на?

Чу меоӣ, ба майли худ тагорӯ мекунӣ қалбам,
Бигӯ, охир маро пайванди ҷонон мекунӣ ё на?

Шабу рӯзони умрамро сипардам дар раҳат, боре
Ба гӯши вожаҳо дарди ман эълон мекунӣ ё на?

© ХУСРАВ
☑️ @tjmetodist


Репост из: ОМЎЗГОРИ ТОҶИК
🔹 Имрӯз шоири умедбахш Хусрави Саъдулло зодрӯз дорад. Зодрӯз муборак!
_________

САЁҲАТ БА ОЛАМИ ХУСРАВ

Навиштаҳои ҳар як эчодкор, шоир баёнгари умеду орзуҳо, ормонҳо, афкор, нақшаҳои ӯст. Ба ҷузвдоне, ки нигоштаҳои Хусрав аз соли 2005 то ҳоло дар матбуот нашр шудааст (онҳое, ки ба банда дастрас гашт), бо ҳавас менигарам. Ҳам дар мақолаҳои адабию илми, ҳам дар мусоҳибаҳою назми Хусрав эҳтирому ифтихор ба ниёгони бузургу осори онҳо, самимият, хештаншиноси, бикргӯи, хоксори дида мешавад.

ПУРРА: 👉 https://telegra.ph/SAYOҲAT-BA-OLAMI-HUSRAV-03-21

@tjmetodist
👤 @Asadullo1970
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g


Репост из: ДУРДОНАИ ШАРҚ
ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ!!!

ОЗМУНИ «САЙҚАЛИ ИСТЕЪДОД»

📖 Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нави­­сандагони Ӯзбекистон якҷо бо таҳририяти маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” ба муносибати 70-умин солгарди шоири шаҳир АБДУЛЛО РАҲМОН таҳти унвони “Сайқали истеъдод” озмун эълон менамояд.

Дар ин озмун ҳамаи эҷодкорони диёрамон ва хориҷ аз он новобаста аз синну сол метавонанд иштирок кунанд.
Шарти озмун тазмин бастан ба байти зерини Абдуллоҳи Раҳмон аст:

Рӯйи сурхи одамӣ дар ору номус асту бас,
Кӯрдил дар доми нафси хеш маҳбус асту бас.


Озмун аз 1-уми март то 10-уми майи соли равон идома ёфта, ғолибон 30-юми май, дар зодрӯзи шоир муайян мегарданд ва бо туҳфаҳои арзишманд ва “Куллиёт”-и шоир мукофотонида мешаванд.

Ҳамзамон панҷ тазмини беҳтарин дар шумораи навбатии маҷалла чоп мешавад.

📨 Шумо метавонед тазмини худро бо шарҳи ҳоли мухтасар ба нишонии зерин фиристед:

📍 Шаҳри Самарқанд, кӯчаи Анҳор, хонаи 33. (индекс: 140100)

📚 Ҳамчунин, аз тариқи манзили электронии зер ирсол кардан мумкин аст:

✉️ Почтаи электронӣ: durdonai_sharq@mail.ru
🔎 Телеграм: @durdonai_sharq
🌐 Сомона: www.durdonaisharq.uz

https://t.me/DURDONAI_SHARQ


Репост из: ДУРДОНАИ ШАРҚ
#Минбари_сармуҳаррир

ЭҲЁИ НАВ МУБОРАК БОШАД!

Фасли шукуфоӣ, фасли растанҳою рустанҳо фаро мерасад. Табиат гулпироҳан ба бар мекунад. Рӯзу рӯзгорамон нав мешавад. Наврӯзи фараҳфизо дар мекӯбад, фархундаю хуррамона дар мекӯбад!
Дар ин навбаҳори бобарор шумораи навбатии маҷаллаамон дастраси Шумо гардид. Аз он шод гаштем, ки бо мо ҳастед, маҷалларо мутолиа мекунед.
Аҳсант ба ононе, ки баҳонае аз бешу ками рӯзгор пеш наоварда, ба моддиёт мафтун нашуда, маънавиятро ба гӯшаи фаромӯшӣ насупорида, маблағеро аз буҷаи хонадон ҷудо карда, ба рӯзномаю маҷаллаҳо обуна мешаванд ва барои худашону фарзандон китобҳо мехаранд. Аз ин бармеояд, ки ихлосмандони маҷаллаи мо бефарқ нестанд.
Азизон, хуб медонем, ки танҳо маънавияту маърифат ва адабиёти бузург ҷаҳони ба вартаи ҷаҳолат расидаро наҷот медиҳад. Аз азал ба бани башар маълум аст, ки Аҳурамаздо бар Аҳриман, рӯшанӣ бар торикӣ, некӣ бар бадӣ ғолиб омадааст. Агар ҳар яки мо бо чароғи дониш ва тафаккур дунёи диламонро рӯшан намоем, чаҳон рӯшанистон мешавад.
Наврӯз ҳам ҷашни пирӯзии рӯшанӣ бар торикӣ, ҷашни ғалабаи гармӣ бар сардӣ, яъне ҷашни эҳё аст. Мардуми дурандешу бохиради мо дар ибтидо инро мушоҳида кардаанду пирӯзии қувваҳои некӣ бар бадиро ҷашн оростаанд.
Наврӯзамон фирӯз бод!

Бо мо бошед, мо бо Шумоем!

✍️ АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА,
сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “ДУРДОНАИ ШАРҚ”

https://t.me/DURDONAI_SHARQ


Репост из: ДУРДОНАИ ШАРҚ
Мундариҷаи шумораи 1-уми имсолаи маҷаллаи адабиву илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ”

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик


Репост из: ДУРДОНАИ ШАРҚ
"ДУРДОНАИ ШАРҚ" - РОҲ БА СӮЙИ КАМОЛОТ

Хонандагони синфи 2- юми "А"-и мактаби рақами 12 -уми ноҳияи Сариосиё бо роҳбарии омӯзгори боистеъдоду пуртаҷриба Латофат Исматова аз хурдӣ ба мутолиа ҳаваси зиёд доранд.
Онҳо аз наврасӣ шеърҳои зиёдеро аз ёд медонанд.
Шогирдони муаллима Латофат Исматова ҳар як шумораи маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ"-ро бо падару модарашон якҷоя мутолиа мекунанд.
Агар омӯзгор ташаббускор бошад, имкон меёбад ва ба падару модарони онҳо ҳам таъсир мерасонад, яъне хонадони онҳоро ҳам китобхон менамояд.

Офарин, ба муаллимаи бомаҳорат ва синфи фаъолу наврасони китобхону маҷаллахон!

https://t.me/DURDONAI_SHARQ


Тест_аз_фанни_забони_тоҷикӣ_барои_синфи_7_дар_чоряки_III.pdf
498.0Кб
ТЕСТ АЗ ФАННИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БАРОИ СИНФИ 7 ДАР ЧОРЯКИ III

Тартибдиҳанда: Фароғат Исматова, муаллимаи тоифаи олии фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби таълими умумии рақами 9-и ноҳияи Сариосиё

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g


Тест_аз_фанни_адабиёт_барои_синфи_7_дар_чоряки_III.pdf
503.5Кб
ТЕСТ АЗ ФАННИ АДАБИЁТИ ТОҶИК БАРОИ СИНФИ 7 ДАР ЧОРЯКИ III

Тартибдиҳанда: Фароғат Исматова, муаллимаи тоифаи олии фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби таълими умумии рақами 9-и ноҳияи Сариосиё

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g


Тест_аз_фанни_забони_тоҷикӣ_барои_синфи_6_дар_чоряки_III.pdf
498.0Кб
ТЕСТ АЗ ФАННИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БАРОИ СИНФИ 6 ДАР ЧОРЯКИ III

Тартибдиҳанда: Фароғат Исматова, муаллимаи тоифаи олии фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби таълими умумии рақами 9-и ноҳияи Сариосиё

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g


Тест_аз_фанни_адабиёт_барои_синфи_6_дар_чоряки_III.pdf
310.4Кб
ТЕСТ АЗ ФАННИ АДАБИЁТИ ТОҶИК БАРОИ СИНФИ 6 ДАР ЧОРЯКИ III

Тартибдиҳанда: Фароғат Исматова, муаллимаи тоифаи олии фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби таълими умумии рақами 9-и ноҳияи Сариосиё

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g


Репост из: ДУРДОНАИ ШАРҚ
🎉 ЗОДРӮЗ МУБОРАК БОШАД!

Дар ин рӯзҳои баҳорӣ мухбири маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ". дар вилояти Фарғона САНҶАР ИСМОИЛЗОДА зодрӯз доранд. Ин ҷавонмарди маърифатпарварро бо солгарди умр муборакбод намуда барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

Сарбаланду некном баҳри пойдории фарҳанг устувор бимонед!

Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"

https://t.me/DURDONAI_SHARQ


Репост из: ДУРДОНАИ ШАРҚ
#ТАБРИК

Дар ин рӯзҳое, ки табиат  пироҳани зебоӣ ба бар мекунад мо зеботарин ва меҳрубонтарин мавҷудоти олам - модарону хоҳаронро муборакбод мегӯем. Зеро Парвардигор бо лутфи худ ба зан-модар қудрати  офариданро ато кард.
Шумо модарони меҳрпарвар хоҳарони дилошноро бо ҷашни бошукӯҳатон муборакбод мегӯям.
Он қадар нури чеҳраатон зиёда шавад, ки дар дунё ба зулмат ҷой намонад. Он қадар Худованд меҳратонро афзун намояд, ки сардию бемеҳриҳо дар рӯйи замин макон наёбад.
Доимо сарбаланду некном бошед, бонувони меҳрофару ҳаётбахш!

Бо дуо ва ниятҳои нек
АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА


https://t.me/DURDONAI_SHARQ


Репост из: ДУРДОНАИ ШАРҚ
Ассалому алайкум дӯстдорони адабиёту фарҳанг!

Баҳори файзбор фаро расид. Ҳарчанд ҳаво хунук бошад ҳам муждаи нашр шудани шумораи нахустини баҳории имсолаи маҷаллаи "ДУРДОНАИ ШАРҚ" ба дилҳо гармӣ бахшид. Муборакамон бошад!

Рӯзҳои наздик маҷалла ба дасти обуначиёну дӯстдоронамон мерасад.

Бо мо бошед мо бо Шумоем!

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷик

https://t.me/DURDONAI_SHARQ


Репост из: ДУРДОНАИ ШАРҚ
21-УМИ ФЕВРАЛ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Рӯзи 17-уми ноябри соли 1999 ташкилоти ЮНЕСКО рӯзи 21-уми февралро "Рӯзи байналмилалии забони модарӣ" эълон кард. Он дар дунё аз соли 2000-ум сар карда васеъ қайд карда мешавад.

Бино ба маълумотҳо, дар таърихи инсоният шумораи забонҳое, ки одамон гуфтугӯ мекунанд, беш аз 8000 буда, имрӯзҳо қариб 6000-и он боқӣ мондааст. Дар солҳои наздик хавфи гумшавии нимаи забонҳо мавҷуд мебошад.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳар ду ҳафта як забон ба забони "мурда" табдил меёбад.

МЕРОС

Намебахшад Худо он бандаашро,
Ки рӯ тобад зи лафзи модари худ.
Барои мансабеву шӯҳрату шаън
Кунад пинҳон зи мардум гавҳари худ.

Чи хуб донанд мардум миллати ӯ,
Валекин ӯ худ аз он мекунад ор.
Мабодо аслу наслашро бипурсӣ
Ба рӯят бингарад чун бар гунаҳкор.

Забондонӣ чи хуб аст, эй бародар,
Агар сад лафзро донӣ чи беҳтар.
Вале бо лафзи модар тифли инсон,
Забонеро насозад беҳ, баробар.

Барояш гар бувад модар муқаддас,
Насозад аз забонаш нанг ҳаргиз.
Зи модар як забон мерос монад,
Дигар моли падар бошад ҳама чиз.

Касе, к-аз лафзи модар рӯй тобад,
Дигар аз ӯ чӣ мехоҳӣ ту виҷдон?
Надорад ҳар ки лафзи модараш дӯст,
Чи сон онро ту мегӯӣ баимон?

Шавад ҳар ки забонгумкарда, аммо,
Худоё, кошки шоир набошад.
Суханро ҳам кунад чун модараш хор,
Худашро беғалат одам тарошад.

Фақат манқурт аз модар кашад даст,
Фақат девона нашносад падарро.
Фақат оқи падар – модар шуморад,
Аз эшон бартар ашхоси дигарро.

Бишӯрад беш фарзанди ҳаромӣ,
Аз ӯ гар аслу наслашро бипурсанд.
Вале фарзанди одам гар ҳалол аст,
Падар бошад гадо ҳам ҳаст хурсанд.

✍️ АБДУЛЛО РАҲМОН

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷик

https://t.me/DURDONAI_SHARQ


Репост из: ДУРДОНАИ ШАРҚ
Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#ГУЗОРИШ | ЛАВҲА АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ТАДБИРИ ШӮЪБАИ ТОҶИКИИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР САМАРҚАНД

🎥 https://t.me/oriyonsamarqand

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷик

https://t.me/DURDONAI_SHARQ


Репост из: АДАБИЁТИ ТОҶИКИ ӮЗБЕКИСТОН
Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ШӮРОИ АДАБИЁТИ ТОҶИКИ НАЗДИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ӮЗБЕКИСТОН
Барнома: Рангинкамон
Муҳаррир: Шарофат Эрматова

https://t.me/adabiyotitojik_uz


Репост из: ДУРДОНАИ ШАРҚ
#ЭЪЛОН

БА ДИҚҚАТИ АҲЛИ ЭҶОД ВА ФАРҲАНГ

Рӯзи 16-уми феврал, соати 10:00 дар Китобхонаи марказии ба номи Пушкин бо ташаббуси Шӯъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагон дар вилояти Самарқанд тадбири адабиву фарҳангӣ бахшида ба ҷамъбасти соли 2023 баргузор мешавад.

ТАРТИБИ РӮЗ:

1. Комёбиҳои аҳли эҷоди Самарқанд дар соли 2023. (Ҳисоботи роҳбари шӯъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагон дар вилояти Самарқанд, сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” Асадуллоҳ Исмоилзода).

2. Шеър ҳамрози ман аст, шеър эҷози ман аст... (Назаре ба эҷоди узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон шоир Нормурод Каримзода, тақриз, таҳлил, савту наво, мушоира).

3. Мулоҳиза, пешниҳод ва нақшаҳои минбаъда.

Иштироки Шумо сарбаландии мо хоҳад буд!

Кумитаи ташкилӣ

https://t.me/DURDONAI_SHARQ


Репост из: ОРИЁН
Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#гузориш

Лавҳа аз ҷараёни баргузории чорабинӣ бахшида ба 583-солагии Алишер Навоӣ, дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 73-и шаҳри Самарқанд .

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/oriyonsamarqand

Показано 20 последних публикаций.