То ҷавон ҳастӣ, ҷавониро намедонӣ, ки чист,
Хуш равон ҳастӣ, равониро намедонӣ, ки чист.
Шоми ғам ҳаргиз набинад рӯзгори хуррамат,
Шод монӣ, шодмониро намедонӣ, ки чист.
Хуш замоне, бар замин по монданат безаҳмат аст,
Ранҷҳои осмониро намедонӣ, ки чист.
Мисли он кӯдак, ки аз дунёи модар ғофил аст,
Дар амон астӣ, амониро намедонӣ, ки чист.
Нозҳои инзамониро ба ҷон парвардаӣ,
Розҳои инзамониро намедонӣ, ки чист.
Чашми бад дур аз муҳаббатҳои ёри ҳамдилат,
Лаззати ин ҳамзабониро намедонӣ, ки чист.
Озарахшо, қадри давлат баъди давлат гуфтаанд,
Зинда бошӣ, зиндагониро намедонӣ, ки чист.
#ОЗАРАХШ