Qalam.taj


Kanal geosi va tili: Tojikiston, Tojikcha
Toifa: Din


🔳 Qalam.taj - Саҳифаи таълимӣ
🔳 Савганд ба қалам ва он чӣ менависанд. [68:1]
✓ Омӯзиши забони арабӣ
✓ Ҳадисҳои набавӣ
✓ Саволу ҷавоб
✓ Ақволи уламо
✓ Китобҳои исломӣ
✓ Раддия бар шубҳаҳо
✓ Баёни ақидаи рофизиҳо
✓ Дарсҳои онлайнӣ

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Kanal geosi va tili
Tojikiston, Tojikcha
Toifa
Din
Statistika
Postlar filtri


Расули Аллоҳ ﷺ ҳангоме ки ифтор мекарданд, мегуфтанд:

ذهب الظَّمأُ وابتلت العروق وثَبَتَ الأجرُ إن شاءَ الله

Ташнаги бартараф шуд, рагҳо сероб гаштанд ва подоши савоб собит шуд, агар Аллоҳ бихоҳад.



صحیح ابی داود ٢٣٥٧ 📚


Расулуллоҳ  ﷺ фармуданд :

لَا يُرَدُّ دُعَاء الصَّائِمُ حَتَّى يُفْطِرَ

Дуои шахси рӯзадор рад намешавад то замоне ки ифтор кунад.

مسند احمد ۹۷۴۳




РӮЗА ПОККУНАНДАИ ГУНОҲҲО АСТ

Аз Ҳузайфа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Умар (разияллоҳу анҳу) гуфт: Ман шунидам, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегуфтанд:
فِتْنَةُ الرَّجُلِ في أهْلِهِ، ووَلَدِهِ، وجارِهِ، تُكَفِّرُها الصَّلاةُ، الصّيام، والصَّدَقَةُ
«Фитнаи мард (озмоиши ӯ) дар аҳлу оилааш, молаш ва ҳамсояаш бо намоз, рӯза ва садақа пок карда мешавад». [Ривояти Бухорӣ: 1796 ва Муслим: 144].

Аллоҳ Таъоло дар ҳадиси қудси фармудааст:
لِكُلِّ عَمَلٍ كَفَّارَةٌ، والصَّوْمُ لي وأَنَا أجْزِي به
«Барои ҳар амал кафорат (поккунанда) вуҷуд дорад ва рӯза барои Ман аст ва Ман подоши онро медиҳам». [Бухорӣ: 7100]

Дар ривояти Аҳмад омадааст:
كُل العَمَل كَفَّارَةٌ، والصَّوْمُ لي وأَنَا أجْزِي به
«Ҳар амал кафорат дорад, рӯза барои Ман аст ва Ман подоши онро медиҳам». [Имом Аҳмад: 2/457]

Дар ривояти дигар омадааст:
كُل العَمَل كَفَّارَةٌ إلا الصَّوْم لي وأَنَا أجْزِي به
«Ҳамаи амал кафорат дорад, ҷуз рӯза, ки танҳо барои Ман аст ва подоши онро Ман медиҳам». [Ибни Роҳавайҳ: 57]

Аз Абӯ Ҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мегуфтанд:
الصَّلَوَاتُ الخَمْسُ، وَالْجُمْعَةُ إلى الجُمْعَةِ، وَرَمَضَانُ إلى رَمَضَانَ، مُكَفِّرَاتٌ ما بيْنَهُنَّ إِذَا اجْتَنَبَ الكَبَائِرَ
«Намозҳои панҷгона, аз ҷумъа то ҷумъа ва аз Рамазон то Рамазон поккунандаи гуноҳҳо мебошанд, агар аз гуноҳҳои кабира парҳез карда шавад». [Муслим: 233]

Аз Абӯ Саид Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки гуфт: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мегуфтанд:
من صام رمضان، وعرف حدوده، وتحفظ مما كان ينبغي له أن يتحفظ فيه كفر ما قبله
«Ҳар касе, ки моҳи Рамазонро рӯза дорад, ҳудудҳои онро бидонад ва онро нигоҳ дорад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд». [Ривояти Аҳмад ва онро Ибни Ҳиббон саҳеҳ донистааст].




ҒУСЛ ВА ХУНУК КАРДАНИ РӮЗАДОР

Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт:
كان رسول الله ﷺ يصبح جنبًا، ثم يغتسل ثم يَنْطَلِق إلى المسجد فيُصَلِّي، ورأسه يَقْطُرُ، ثم يصوم ذلك اليوم
«Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) субҳро дар ҳолати ҷанобат дармеёфтанд, сипас ғусл мекарданд, ба масҷид мерафтанд ва намоз мехонданд, дар ҳоле ки сарашон тар буд, ва он рӯзро рӯза медоштанд» [Ривояти Аҳмад: 6/99 ва Баззор: 1552].

Аз Абу Бакр ибни Абдураҳмон аз баъзе аз саҳобагон ривоят шудааст, ки гуфт:
لقد رأيتُ رسول الله ﷺ بالعرج يصب الماء على رأسه وهو صائم من العطش أو من الحر
«Ман Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, ки ҳангоми рӯза буданашон барои хунук шудан ё шикастани ташнагӣ сарашонро бо об тар мекарданд» [Ривояти Абӯ Довуд: 2365 ва Ҳоким: 598].

Имоми Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст:
بلَّ ابن عمر رضي الله عنه ثوبًا فألقاه عليه وهو صائم، ودخل الشعبي الحمام وهو صائم
Ибни Умар (разияллоҳу анҳу) либосеро тар кард ва онро пӯшид, дар ҳоле ки рӯза буд. Шаъбӣ ба ҳаммом даромад, дар ҳоле ки рӯза буд. Ҳасан (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст:
لا بأس بالمضمضة والتبرّد للصائم
"Ҳеҷ мушкиле нест, ки рӯзадор обро ба даҳон гирад (мазмаза кунад) ва худро салқин кунад". Анас (разияллоҳу анҳу) гуфтааст:
إن لي إبْزَنًا أتقحّم فيه وأنا صائم
"Ман як ҳавзи об дорам, ки ҳангоми рӯза буданам ба он ғӯта мезанам". [Саҳеҳ Бухорӣ: 2/153].




5. Дар ривояти Ибни Хузайма омадааст, ки Ҳазрати Умар гуфт:
واللَّهِ إنِّي أظنُّ لَو جمعنا هؤلاءِ علَى قارئٍ واحدٍ لَكانَ أمثلَ ، ثمَّ عزمَ عمرُ علَى ذلِكَ ، وأمرَ أُبيَّ بنَ كعبٍ أن يقومَ لَهُم في رَمضانَ . فخرجَ عمرُ علَيهم والنَّاسُ يصلُّونَ بصلاةِ قارئِهِم ، فقالَ عمر : نِعمَ البدعةُ هيَ ، والَّتي تَنامونَ عنها أفضلُ منَ الَّتي تَقومونَ - يريدُ آخرَ اللَّيلِ - فَكانَ النَّاسُ يقومونَ أوَّلَهُ ، وَكانوا يَلعنونَ الكفرةَ في النِّصفِ : اللَّهمَّ قاتِلِ الكفَرةَ الَّذينَ يصدُّونَ عن سبيلِكَ ، ويُكَذِّبونَ رسُلَكَ ، ولا يؤمِنونَ بوعدِكَ ، وخالِف بينَ كلمتِهِم ، وألقِ في قلوبِهِمُ الرُّعبَ ، وألقِ عليهم رِجزَكَ وعذابَكَ ، إلَهَ الحقِّ ، ثمَّ يصلِّي علَى النَّبيِّ صلَّى اللَّهُ علَيهِ وسلَّمَ ويَدعو للمسلمينَ بما استطاعَ من خَيرٍ ثمَّ يستغفرُ للمؤمنينَ ، قال : وَكانَ يقولُ إذا فرغَ من لَعنةِ الكفرةِ وصلاتِهِ علَى النَّبيِّ ، واستغفارِهِ للمؤمنينَ والمُؤْمِناتِ ومسألتِهِ : اللَّهمَّ إيَّاكَ نعبُدُ ، ولَكَ نصلِّي ونسجُدُ وإليكَ نسعى ونحفِدُ ، ونرجو رحمتَكَ ربَّنا ، ونخافُ عذابَكَ الجِدَّ ، إنَّ عذابَكَ لمن عاديتَ مُلحِقٌ ، ثمَّ يُكَبِّرُ ويَهْوي ساجدًا
«"Ба назари ман, агар ҳамаи инҳоро бар як имом ҷамъ кунам, беҳтар аст". Пас, онҳоро бар Убай ибни Каъб гирд овард. Шабе баромад ва мардумро дида, ки намоз мехонанд, Ҳазрати Умар гуфт: "Ин бидъати нек аст, ва онҳое, ки дар охири шаб намоз мехонанд, беҳтар аз ибтидои шаб ҳастанд". Мардум ибтидои шаб намоз мехонданд. Пас, Умар дуо кард: "Худоё! Кофиронеро, ки мардумро аз роҳи Ту бозмедоранд, пайғамбарони Туро такзиб мекунанд ва ба ваъдаи Ту имон намеоваранд, ҳалок гардон! Ихтилофро дар миёни онҳо афкан ва дар дилҳояшон тарс андоз! Азоби худро балои онҳо фуруд ор, эй Худои ҳақ!
Пас, он гоҳ бар пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуруд мефиристод ва барои мусалмонон, то қадри имкон, аз некӣ дуо мекард. Баъд барои мӯъминон омурзиш металабид.
Вақте ки аз лаънати кофирон ва дуои хайр барои мӯъминон ва мӯъминаҳо фориғ мешуд, мегуфт: "Парвардигоро, танҳо Туро мепарастем, барои Ту намоз мегузорем ва саҷда мекунем. Ба сӯи Ту саъй мекунем ва мешитобем. Аз азоби Ту метарсем ва раҳмати Туро умедворем. Ҳақиқатан, азоби Ту ба кофирон хоҳад расид".
Сипас, такбир мегуфт ва саҷда мекард». [Ривояти ибни Хузайма: 11000 ва шайх Албонӣ ин хадисро саҳеҳ гуфтааст].


МАШРӮЪ БУДАНИ НАМОЗИ ТАРОВЕҲ

1. Аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт:
أنَّ رَسولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ خَرَجَ لَيْلَةً مِن جَوْفِ اللَّيْلِ، فَصَلَّى في المَسْجِدِ، وصَلَّى رِجَالٌ بصَلَاتِهِ، فأصْبَحَ النَّاسُ فَتَحَدَّثُوا، فَاجْتَمع أكْثَرُ منهمْ فَصَلَّى فَصَلَّوْا معهُ، فأصْبَحَ النَّاسُ فَتَحَدَّثُوا، فَكَثُرَ أهْلُ المَسْجِدِ مِنَ اللَّيْلَةِ الثَّالِثَةِ، فَخَرَجَ رَسولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ فَصَلَّى فَصَلَّوْا بصَلَاتِهِ، فَلَمَّا كَانَتِ اللَّيْلَةُ الرَّابِعَةُ عَجَزَ المَسْجِدُ عن أهْلِهِ، حتَّى خَرَجَ لِصَلَاةِ الصُّبْحِ، فَلَمَّا قَضَى الفَجْرَ أقْبَلَ علَى النَّاسِ، فَتَشَهَّدَ، ثُمَّ قَالَ
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) як шаб аз нимаи шаб берун баромад ва дар масҷид намоз хонд. Баъзе мардон низ бо намози ӯ намоз хонданд. Чун субҳ шуд, мардум дар бораи ин воқеа ҳарф заданд. Баъди ин, шумораи бештари мардум ҷамъ омаданд ва ӯ намоз хонд ва онҳо низ бо ӯ намоз хонданд. Чун субҳ шуд, боз мардум дар ин бора ҳарф заданд. Дар шаби сеюм аҳли масҷид зиёд шуд. Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баромада намоз хонд ва мардум низ бо ӯ намоз хонданд. Дар шаби чорум, масҷид дигар аз ҷамъияти зиёди мардум танг шуд, то он ки Паёмбар (ﷺ) танҳо барои намози субҳ берун омад. Пас аз адои намози бомдод, рӯ ба мардум оварда, шаҳодат ба ягонагии Аллоҳ дод ва гуфт:
أمَّا بَعْدُ، فإنَّه لَمْ يَخْفَ عَلَيَّ مَكَانُكُمْ، ولَكِنِّي خَشِيتُ أنْ تُفْتَرَضَ علَيْكُم، فَتَعْجِزُوا عَنْهَا
«Аммо баъд, ҷойи шумо бар ман пӯшида набуд, вале ман тарсидам, ки ин намоз бар шумо воҷиб гардонида шавад ва шумо натавонед онро иҷро кунед». [Бухорӣ: 2/11 ва Муслим: 761]

2. Аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:
من قام رمضان إيمانًا واحتسابًا غفر له ما تقدم من ذنبه
«Ҳар касе, ки шабҳои моҳи Рамазонро бо имон ва ихлос (бо тоату ибодат) гузаронад, гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешаванд». [Бухорӣ: 2009 ва Муслим: 759]

3. Аз Абдураҳмон ибни Абдулқори (раҳимаҳуллоҳ) ривоят шудааст, ки гуфт:
وَكانَ في عَهْدِ عمرَ بنِ الخطَّابِ معَ عبدِ اللَّهِ بنِ الأرقمَ علَى بيتِ المالِ - أنَّ عمرَ خرجَ ليلةً في رمضانَ فخرجَ معَهُ عبدُ الرَّحمنِ بنُ عبدٍ القاريُّ فطافَ بالمسجِدِ وأَهْلُ المسجدِ أوزاعٌ متفرِّقونَ ، يصلِّي الرَّجلُ لنفسِهِ ، ويصلِّي الرَّجلُ ، فيصلِّي بصلاتِهِ الرَّهطُ ، فقالَ عُمَرُ : واللَّهِ إنِّي أظنُّ لَو جمعنا هؤلاءِ علَى قارئٍ واحدٍ لَكانَ أمثلَ ، ثمَّ عزمَ عمرُ علَى ذلِكَ ، وأمرَ أُبيَّ بنَ كعبٍ أن يقومَ لَهُم في رَمضانَ . فخرجَ عمرُ علَيهم والنَّاسُ يصلُّونَ بصلاةِ قارئِهِم ، فقالَ عمر : نِعمَ البدعةُ هيَ ، والَّتي تَنامونَ عنها أفضلُ منَ الَّتي تَقومونَ - يريدُ آخرَ اللَّيلِ - فَكانَ النَّاسُ يقومونَ أوَّلَهُ...
«Шабе бо ҳазрати Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) дар моҳи Рамазон ба масҷид баромадам. Мардумро дидам, ки пароканда намоз мехонданд: як мард танҳо намоз мехонд, гурӯҳе бо намози марде пайравӣ мекарданд. Ҳазрати Умар гуфт: "Ба назари ман, агар ҳамаи инҳоро бо як имом ҷамъ кунам, беҳтар аст." Пас, онҳоро бар Убай ибни Каъб гирд овард. Боз шаби дигар бо ӯ баромадам ва мардумро дидам, ки дар паси як қорӣ ҷамъ шудаанд. Ҳазрати Умар гуфт: "Чӣ бидъати хубе аст! Аммо он чизе, ки шумо онро хоб мерафтед, аз он чизе, ки мехезед, беҳтар аст" – яъне намози охири шабро дар назар дошт. Пас, мардум аввали шаб намоз мехонданд». [Ривояти имом Бухорӣ: 1906 ва имом Молик: 1/114]

4. Дар ривояти Имом Молик омадааст:
أَمَرَ عمرُ بنُ الخطابِ أُبَيَّ بنَ كعبٍ وتميمًا الدَّارِيَّ أن يَقوما للناسِ إحدَى عشرةَ ركعةً قال وقد كان القارئُ يقرأُ بالمئيْنِ حتى كنَّا نعتمدُ على العَصِيِّ من طُولِ القيامِ وما كنَّا ننصرفُ إلا في فُروعِ الفجرِ
«Умар ибни Хаттоб ба Убайи ибни Каъб ва Тамими Дорӣ амр кард, ки барои мардум ёздаҳ ракъат намоз гузоранд. Ровӣ мегӯяд: Қорӣ садҳо оят мехонд, то ҷое ки мо аз дарозии қиём ба асо такя мекардем ва танҳо дар вақти наздик ба субҳ намозро тамом мекардем». [Имом Молик: 1/115 бо исноди саҳеҳ ривоят кардааст].




ДУОИ РӮЗАДОР ДАР ВАҚТИ ИФТОР

Дар шариъат дуо кардан баъди ибодатҳо асли бузурге дорад. Ба мисли дуои баъди намозҳо ва баъди азон ва дуо дар маносики ҳаҷ ва инчунин дар вақти ифтор. Аллоҳ таъоло дар Қуръони карим бисёр дуоро зикр кардааст. Аз он дуоҳо дар ояти рӯза чунин фармудааст:
وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ فَلْيَسْتَجِيبُواْ لِي وَلْيُؤْمِنُواْ بِي لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُون سورة البقرةَ
“Ва чун бадагони ман дар бораи ман туро бипурсанд, пас ҳамоно ман наздикам, дуои дуокунандаро чун дуо кунад, қабул мекунам, пас бояд, ки онҳо барои ман фармонбардорӣ кунанд ва бояд, ки ба ман бигараванд, то бошад, ки роҳ ёбанд”. [Бақара: 186]

Ин далолат бар он мекунад, ки дуо дар моҳи мубораки Рамазон аҳмияти бузурге дорад. Ва дуо кардани шахси рӯзадор дар вақти ифтор суннат аст, ки чунин дуо мекунад:
ذَهَبَ الظَّمأُ وابتلَّتِ العُروقُ وثبَتَ الأجرُ إن شاءَ اللَّهُ
“Заҳабаз замъу вабталлатил уруқу ва сабатал аҷру иншоаллоҳ”.
“Ташнагӣ ва хастагӣ бартараф шуд ва рагҳо беҳбудӣ ёфт ва ба хости Аллоҳ аҷру савоб ҳосил гардид”. [Ҳадиси саҳеҳ, Абӯ Довуд: 11 ривоят кардааст].

Ва аммо дуои машҳуре, ки дар байни мардум паҳн гаштааст:
اللهم لك صمت وعلى رزقك أفطرت وبك آمنت وعليك توكلت
“Аллоҳумма лака сумту ва ало ризқика афтарту ва бика оманту ва алайка таваккалту”. [Ривояти Абудовуд. Ин ҳадис мурсал аст, яъне заъиф мебошад].


РӮЗА ВА ИФТОР БО ҶАМЪИЯТ

Аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (ﷺ) фармуданд:
الصَّوْمُ يَوْمَ تَصُومُونَ، وَالْفِطْرُ يَوْمَ تُفْطِرُونَ، وَالْأَضْحَى يَوْمَ تُضَحُّونَ
«Рӯза гирифтани шумо рӯзе аст, ки ҷамъият рӯза мегирад ва ифтор (Иди Фитр) рӯзе аст, ки ҷамъият ифтор мекунад, ва Қурбон (Иди Азҳо) рӯзе аст, ки ҷамъият қурбонӣ мекунад». [Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст ва онро ҳадиси ҳасани ғариб номидааст].

Дар ривояти Абӯ Довуд чунин омадааст:
وَفِطْرُكُمْ يَوْمَ تُفْطِرُونَ، وَأَضْحَاكُمْ يَوْمَ تُضَحُّونَ
«Ифтори шумо рӯзе аст, ки шумо ифтор мекунед, ва қурбонии шумо рӯзе аст, ки шумо қурбонӣ мекунед». [Ривояти Абӯ Довуд: 2324, Тирмизӣ: 697, ибни Моҷа: 1660 ва Абдураззоқ: 7304].

Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) низ ривоят шудааст, ки Паёмбар (ﷺ) фармуданд:
الْفِطْرُ يَوْمَ يُفْطِرُ النَّاسُ، وَالْأَضْحَى يَوْمَ يُضَحِّي النَّاسُ
«Иди Фитр рӯзе аст, ки мардум ифтор мекунанд, ва Иди Азҳо рӯзе аст, ки мардум қурбонӣ мекунанд». [Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст ва онро саҳеҳ донистааст].




ОДОБИ РӮЗА

Аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки Расули Аллоҳ (ﷺ) фармуданд:
الصيامُ جُنَّةٌ ، فإذا كان أحدُكم صائمًا فلا يَرفُثْ ولا يَجهلْ ، فإنِ امْرُؤٌ شاتَمَه أو قاتَلَهُ فَليَقُلْ إنِّي صائمٌ
«Рӯза сипар аст, пас, агар яке аз шумо рӯза бошад, набояд суханони зишт гӯяд ва ба ҷаҳл рафтор кунад. Агар касе ӯро дашном диҳад ё бо ӯ ҷанҷол кунад, бигӯяд: Ман рӯза ҳастам». [Имом Бухорӣ: 1795 ва Имом Муслим: 1151].

Дар ривояти дигар чунин омадааст:
وإذَا كانَ يَوْمُ صَوْمِ أحَدِكُمْ فلا يَرْفُثْ ولَا يَصْخَبْ، فإنْ سَابَّهُ أحَدٌ أوْ قَاتَلَهُ، فَلْيَقُلْ: إنِّي امْرُؤٌ صَائِمٌ
«Ҳангоме ки яке аз шумо рӯза дорад, набояд сухани фаҳш ва сухани беҳуда гӯяд. Агар касе ӯро дашном диҳад ё бо ӯ ҷанҷол кунад, бигӯяд: Ман рӯза ҳастам». [Бухорӣ: 1805 ва Муслим: 1151]

Дар ривояти дигар омадааст:
لا تُسابَّ وأنتَ صائمٌ، فإنْ سَبَّكَ إنسانٌ؛ فقلْ: إنِّي صائمٌ
«Дашном накун, вақте ки рӯзаӣ. Агар касе туро дашном диҳад, бигӯ: "Ман рӯза ҳастам"». [Насоӣ: 3259, ибни Хузайма: 1994 ва ибни Ҳиббон: 3483]

Аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки Расули Аллоҳ (ﷺ) фармуданд:
من لم يدَعْ قولَ الزُّورِ والعملَ بِهِ ، فليسَ للَّهِ حاجةٌ بأن يدَعَ طعامَهُ وشرابَهُ
«Ҳар касе, ки гуфтори ботил ва амалҳои зиштро тарк накунад, Худованд ба тарки хӯрдан ва нӯшидани ӯ эҳтиёҷе надорад». [Ривояти Бухорӣ: 5710].

Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят шудааст, ки Паёмбари Аллоҳ (ﷺ) фармуданд:
الصيامُ جنةٌ منَ النارِ، فمنْ أصبحَ صائمًا فلا يجهلْ يومئذٍ، و إنْ امرؤٌ جَهِلَ عليهِ فلا يشتُمْهُ، و لا يسبَّهُ، وليقلْ إني صائمٌ، و الذي نفسُ محمدٍ بيدهِ لَخَلُوفُ فمُ الصائمِ أطيبُ عندَ اللهِ منْ ريحِ المسكِ
«Рӯза сипаре аз оташ аст. Пас ҳар касе рӯза дошта бошад, набояд дар он рӯз ҷоҳилона рафтор кунад. Агар касе бо ӯ рафтори ҷоҳилона кард, набояд ӯро дашном диҳад ва ё носазо гӯяд, балки бигӯяд: «Ман рӯза ҳастам». Қасам ба Зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, бӯйи даҳони рӯза‌дор назди Аллоҳ хушбӯйтар аз бӯйи мушк аст». [Ривояти Насоӣ: 4/167 ва Табаронӣ дар Авсат: 4179].

Аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки гуфт:
أنه كان وأصحابه إذا صاموا قعدوا في المسجد وقالوا: نطهر صيامنا
«Паёмбар (ﷺ) ва асҳобашон ҳангоме ки рӯза медоштанд, дар масҷид нишаста мегуфтанд: "Рӯзаи худро пок нигоҳ медорем"». [Аҳмад дар Зуҳд: 178 ва Абӯ Нуъайм дар Ҳиля: 1/382]


НИЯТ ДАР РӮЗАИ ФАРЗӢ

Аз Ҳафса, духтари Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят шудааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
مَنْ لَمْ يُجْمِعِ الصِّيَامَ قَبْلَ الفَجْرِ فَلَا صِيَامَ لَهُ
«Ҳар кӣ пеш аз субҳ нияти рӯза накунад, пас рӯзааш қабул нест». [Ин ҳадисро Абӯ Довуд: 2454 ва Тирмизӣ: 730 ривоят кардаанд ва саҳеҳ он аст, ки ин ҳадис мавқуф аст].

Дар ривояти Насоӣ чунин омадааст:
مَنْ لَمْ يُبَيّت الصِّيَامَ قَبْلَ الفَجْرِ فَلَا صِيَامَ لَهُ
«Ҳар кӣ пеш аз субҳ нияти рӯза накунад, пас рӯзааш қабул нест». [Насоӣ: 4/196, Аҳмад: 6/287 ва ибни Хузайма ин хадисро саҳеҳ гуфтааст. Аммо дурусташ ин аст, ки ин ҳадис мавқуф аст].

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) низ ривоят шудааст, ки ӯ мегуфт:
لَا يَصُومُ إِلَّا مَنْ أَجْمَعَ الصِّيَامَ قَبْلَ الفَجْرِ
«Рӯза намедорад ҷуз он ки пеш аз субҳ нияти рӯза кунад». [Мувато: 1/288 аз Имом Молик]

Имом Тирмизӣ (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: Маънои ин ҳадис дар назди аҳли илм чунин аст, ки агар касе пеш аз субҳ нияти рӯза накунад, пас рӯзаи ӯ дуруст намешавад.
Ин қоида ба рӯзаи моҳи Рамазон, рӯзаи қазо ва рӯзаи назр дахл дорад.
Аммо дар мавриди рӯзаи нафл, агар шахс баъд аз субҳ низ ният кунад, рӯзаи ӯ дуруст мешавад. Ин қавли Имоми Шофеӣ, Аҳмад ва Исҳоқ низ мебошад. [Ҷомеъ Ат-Тирмизӣ: 3/108]

ФАВОИД ВА АҲКОМ:
1. Рӯза бояд бо нияти ибодат ба Аллоҳ бошад. Агар шахс танҳо аз хӯрдану нӯшидан даст кашад бо ҳадафи парҳезкорӣ ё бидуни нияти ибодат, рӯзаи ӯ аз нигоҳи шариат қабул намешавад ва савоб намегирад.

2. Маҳалли ният қалб аст. Ҳар касе, ки дар дилаш гузаронад, ки фардо рӯза мегирад, пас ӯ ният кардааст.

3. Дар рӯзаҳои воҷиб, мисли қазо, назр ва кафора, ният бояд тамоми рӯзро дар бар гирад, яъне аз тулӯи субҳ то ғуруби офтоб. Нияти рӯза пас аз тулӯи субҳ дуруст нест. Аз ин рӯ, дар рӯзаи воҷиб шарт аст, ки ният пеш аз субҳ карда шавад.

4. Ҷоиз аст, ки нияти рӯза, хоҳ воҷиб бошад, хоҳ нафл, дар ҳар лаҳзаи шаб сурат гирад. Агар шахс баъд аз ният ифтор кунад, нияти ӯ ботил намешавад ва ӯро лозим нест, ки онро аз нав таҷдид намояд.


Ривоят мекунанд, ки Маъмун ба дарбони худ гуфт: "Дар даромадгоҳ кӣ ҳузур дорад?".
Дарбон посух дод: "Абӯ Ҳузайли Муътазилӣ, Абдуллоҳ ибни Абози Хориҷӣ ва Ҳишом ибни Калбий Рофизӣ".
Маъмун гуфт: "Аз сарони дӯзах дигар касе намондааст, ҳама ҳозир шудаанд".

📚КИТОБИ "ТОРИХИ ИСЛОМ: 16/474" АЗ ИМОМ ЗАҲАБӢ


АЗ ФАЗИЛАТҲОИ МОҲИ РАМАЗОН

Аз Абӯҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (ﷺ) фармуданд:
إذا دخل شهر رمضان فتحت أبواب السماء، وغلقت أبواب جهنم، وسلسلت الشياطين
«Вақте ки моҳи Рамазон фаро мерасад, дарҳои осмон кушода мешаванд, дарҳои ҷаҳаннам баста мешаванд ва шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд».[Бухорӣ: 1800 ва Муслим: 1079]

Дар ривояти дигар омадааст:
إذا كان أول ليلة من شهر رمضان صفدت الشياطين ومردة الجن، وغلقت أبواب النار فلم يفتح منها باب، وفتحت أبواب الجنة فلم يغلق منها باب، وينادي مناد: يا باغي الخير أقبل، ويا باغي الشر أقصر، ولله عتقاء من النار، وذلك كل ليلة
«Ҳангоме ки шаби аввали моҳи Рамазон фаро мерасад, шайтонҳо ва ҷинҳои саркаш баста мешаванд, дарҳои ҷаҳаннам баста мешаванд ва ҳеҷ даре аз он кушода намешавад, дарҳои биҳишт кушода мешаванд ва ҳеҷ даре аз он баста намешавад. Ва нидокунандае нидо мекунад: “Эй ҷӯяндаи хайр, пеш биё! Ва эй ҷӯяндаи шар, бозист! Аллоҳ ҳар шаб бандагонеро аз оташи дӯзах озод мекунад».[Ривояти Тирмизӣ: 682, ибни Моҷа: 1642, ибни Хузайма: 1883 ва ибни Ҳиббон: 3435]

✓Гуфтаи Ӯ: «Эй ҷӯяндаи хайр, пеш биё!» маънояш ин аст: Эй касе, ки некӣ мехоҳӣ, ба анҷоми корҳои нек шитоб кун, зеро ин фасл ва фурсати ту аст, ки бо амали кам подоши зиёд ба даст меорӣ.
«Эй ҷӯяндаи шар, бозист!» яъне, касе ки ба сӯи бадӣ меравад, бозист ва тавба кун!

Пайғамбари Аллоҳ (ﷺ) саҳобаҳояшонро башорат дода, дар ривояти дигар фармудаанд:
أتاكم رمضان شهر مبارك، فرض الله عز وجل صيامه، تفتح فيه أبواب السماء، وتغلق فيه أبواب الجحيم، وتغل فيه مردة الشياطين، لله فيه ليلة خير من ألف شهر، من حرم خيرها فقد حرم
«Рамазон ба сӯи шумо омад, моҳи муборакест, ки Аллоҳи Азза ва Ҷалла рӯзаи онро фарз гардонидааст. Дар он дарҳои осмон кушода мешаванд, дарҳои дӯзах баста мешаванд ва шайтонҳои саркаш ба занҷир кашида мешаванд. Дар он шабе ҳаст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Ҳар касе аз хайри он маҳрум шавад, воқеан маҳрум гаштааст».[Ривояти Насоӣ: 4/129, Аҳмад: 2/230 ва Абд ибни Ҳумайд: 1429]

Аз Абӯҳурайра ё Абӯсаъиди Худрӣ (Аллоҳ аз ҳардуи он розӣ бод) ривоят шудааст, ки Расули Аллоҳ (ﷺ) фармуданд:
إن لله عتقاء في كل يوم وليلة، لكل عبد منهم دعوة مستجابة
«Ҳар рӯз ва ҳар шаб Аллоҳ бандагоне дорад, ки онҳоро аз оташи дӯзах озод мекунад, ва барои ҳар яке аз онҳо дуое мавҷуд аст, ки мустаҷоб мешавад». [Ривояти Аҳмад: 2/254 ва Табаронӣ дар Авсат: 6/257]

Аз Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (ﷺ) фармуданд:
إن لله عند كل فطر عتقاء، وذلك كل ليلة
«Ҳамоно Аллоҳ ҳангоми ифтор озодшудагони дӯзах дорад, ва ин ҳар шаб рух медиҳад». [Ривояти ибни Моҷа: 1643]


Аллоҳ Таъоло фармудааст: "Моҳи рамазон [моҳе] аст, ки Қуръон дар он нозил шудааст; [китобе,] ки роҳнамои мардум аст ва далоили ошкоре аз ҳидоят [бо худ дорад] ва ҷудокунанда [-и ҳақ аз ботил] аст. Пас, ҳар яке аз шумо [ки муқиму солим аст] ин моҳро дарёбад, бояд онро рӯза бидорад ва ҳар ки бемор ё дар сафар бошад, [бояд ба теъдоди рӯзҳое, ки рӯза нагирифтааст] рӯзҳои дигаре [-ро рӯза бигирад]. Аллоҳ таоло [бо баёни ин аҳком] бароятон осонӣ мехоҳад ва душворӣ намехоҳад, то [битавонед рӯзадорӣ дар моҳи рамазон]-ро комил кунед ва Аллоҳро барои он ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед; бошад, ки шукр гузоред". [Бақара: 185]


РӮЗА ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ ИСЛОМ АСТ

Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
بُنِيَ الإسلامُ على خَمسٍ: شهادةِ أن لا إلهَ إلا الله وأنَّ محمداً رسولُ الله، وإقامِ الصلاة، وإيتاءِ الزكاةِ، والحجِّ، وصومِ رمضانَ
«Ислом бар панҷ чиз бино ёфтааст: шаҳодат ба он ки ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пайғамбари Ӯст, барпо доштани намоз, адои закот, ҳаҷ ва рӯзаи моҳи Рамазон». [Бухорӣ: 8 ва Муслим: 16]

Аз Абӯ Ҷамра Наср ибни Имрон (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки гуфт: «Ман байни Ибни Аббос ва мардум тарҷума мекардам. Ибни Аббос гуфт: Вафди (гурӯҳи намояндагони) қабилаи Абдулқайс назди Паёмбар ﷺ омаданд. Паёмбар ﷺ пурсид:
مَنِ القَومُ، أو منَ الوفدُ؟
Шумо кистед ё вафди кадом қабила ҳастед?
Гуфтанд: Мо аз қабилаи Рабиъа ҳастем.
Паёмбар ﷺ гуфт:
مرحَباً بالقَومِ أو بالوفدِ غيرَ خَزايا ولا ندامى
Марҳабо ба ин қавм ё ин вафд! Қавме ҳастед, ки на хиҷолатзадаед ва на пушаймон.
Онҳо гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ! Мо аз масофаи дур назди шумо омадем. Байни мо ва шумо қабилае аз кофирони Музар вуҷуд дорад, ки намегузоранд мо ба осонӣ назди шумо биёем, магар дар моҳи ҳаром. Пас, ба мо фармоне бидеҳ, ки онро аз шумо бигирем, ба қавмамон расонем ва бо он ба биҳишт дохил шавем.
Паёмбар ﷺ онҳоро ба чор чиз амр кард:
Онҳоро ба имон ба Аллоҳи ягона фармуд ва гуфт:
هل تَدرُونَ ما الإيمانُ باللهِ وَحدَهُ؟
Оё медонед, имон ба Аллоҳи ягона чист?
Гуфтанд: Аллоҳ ва Расулаш беҳтар медонанд.
Паёмбар ﷺ гуфт:
شهادةُ أن لا إلهَ إلا اللهُ وأنَّ محمداً رسولُ الله، وإقامُ الصلاةِ، وإيتاءُ الزكاةِ، وصَومُ رمضانَ، وتُعطُوا الخُمُسَ مِنَ المَغنَمِ
Шаҳодат додан ба он ки ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, барпо доштани намоз, адои закот, рӯзаи моҳи Рамазон ва додани хумс (панҷяк) аз ғанимат.
Сипас фармуд:
احفَظُوهُ وأخبِروا به مَن وَراءَكُم
Ин фармонҳоро ёд гиред ва ба қавматон расонед!». [Бухорӣ: 87 ва Муслим: 17]


Шайх Аллома ибни Усаймин (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: "Бубин, шахси оддӣ (авом) дар ақида ва ихлосаш беҳтар аз бисёре аз толибилмҳо мебошанд, ки коре ҷуз қабул ва рад кардан, сухан гуфтани зиёд ва баҳс кардан надоранд. Мегӯянд: "Фалонӣ чӣ мегӯи?" ё "Дар бораи китоб чӣ мегӯи?" ва "Фалонӣ дар китобаш чӣ навиштааст?". Ин чизест, ки бандаро (инсонро) гумроҳ мекунад ва қалбашро аз Аллоҳ дур месозад, ӯро саргарми суханҳои гуногун ва баҳсҳо менамояд.
Пас, маслиҳати ман барои ҳар инсон ин аст, ки рӯйи худ ба сӯи Аллоҳ оварад, бо Ӯ иртибот дошта бошад ва мардумро ба сӯи Аллоҳ ва ихлос даъват кунад. Ин беҳтарин чиз аст".

20 ta oxirgi post ko‘rsatilgan.