Азия-Плюс TJ


Channel's geo and language: Tajikistan, Tajik


Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj

Related channels  |  Similar channels

Channel's geo and language
Tajikistan, Tajik
Statistics
Posts filter




📚🎧 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”

📌Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АудиокитобАП

Бо ❤️ бошед: Telegram




Имрӯз ва пагоҳ дар минтақаҳои кӯҳии кишвар боридани борону барф пешгӯӣ мешавад.

❗️Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дода, навиштааст, ки "дар ин рӯзҳо дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хатари омадани сел, резиши сангу лағзиши замин (ярч) зиёд мешавад".

⚡️ Гуфта мешавад, бар асари боришоти шадид эҳтимол болоравии сатҳи об дар дарёҳои кӯҳӣ рух диҳад.

🗣 Да робита ба ин КҲФ аз сокинон хостааст, ки қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва аз рафтан ба минтақаҳои хавфнок дар ин рӯзҳо худдорӣ варзанд.

☎️ Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ҳоли пеш омадани ҳодисаҳои нохуш сокинон метавонанд бо телфонҳои 112; (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг зананд.

Бо ❤️ бошед: Telegram


💃 Дирӯз, 12 ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии "Рақс моро муттаҳид мекунад" оғоз гардид.

Дар он ансамблҳои панҷ кишвар, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Молдава ҳунарнамоӣ карданд.

Аз Тоҷикистон дастаҳои рақсии шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рақсҳои миллии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Имрӯз, 13 ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастии фестивал доир мегардад.

Бо ❤️ бошед: Telegram


📰 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”

💬 Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?

💬 Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд

💬 Як мардро дар Душанбе барои дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза боздошт кардаанд.

💬 Тоҷикистон бори дигар аз таъсиси давлати Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ кард

💬 Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд

💬 Дар фасли баҳор Қазоқистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 11 млрд метри мукааб об мегирад

💬 “Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст

💬 Марги 4 узви як хонадони тоҷик дар пайи сухтор дар Русия

💬 Баъди 11 сол. Боз марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба хотир оварданд
---
#ИҚТИБОС: “Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Мусоҳиба бо Сайфулло Сафаров, собиқ мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон

Бо ❤️ бошед: Telegram


⚡️Марги 4 узви як хонадони тоҷик дар пайи сухтор дар Русия

Чор узви як оила аз ҷамоати деҳоти Дӯстии деҳаи Ашти ноҳияи Ашт дар муҳоҷирати корӣ дар пайи сухтор ба ҳалокат  расидаанд.

Сардори оила Бойназар Хушназарови 54-сола, келинаш Сарвиноз Бойназароваи 27-сола ва ду наберааш рӯзи 3-юми ноябр дар бӯстонсарои канори шаҳри Сургути Русия, ки дар он сӯхтор рух дод, ҷон бохтанд.

Дар ин бора рӯзи 11-уми ноябр бародари Сарвиноз Бойназарова, Шаҳриёр Бекмирзоев ба “Азия-плюс” иттилоъ дод.

Расонаҳои Русия низ қабалн дар ин бора хабар дода буданд.

Бекмирзоев гуфт, кӯдакони хоҳараш Раҳимов Ёсин 1,6-сола ва  Илҳомзода Фараҳнози 4-сола буданд.

Умарҷон Маҳмудҷонов, имомхатиби масҷиди ҷамоати деҳоти Ашти ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳамаи фавтидагон рӯзи ҷуъаи 8-уми ноябр ба хок супорида шуданд.

Гуфта мешавад, ки се сол пеш ҳамсари Бойназар аз бемории вазнин фавтида буд. Баъди марги ҳамсар падари хонадон бо фарзанду арӯс ва набераҳояш барои пеш бурдани зиндагии худ ба Русия рафта буданд.

Бо ❤️ бошед: Telegram


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
#Якхабар
Интиқоли мол аз Чин қатъ шуд❓


🇨🇳Аксари ширкатҳои интиқолдиҳандаи мол эълон карданд, ки аз имрӯз, 12 ноябр, муваққатан барои овардани мол аз Чин фармоиш қабул намекунанд. Онҳо сабаби қатъи қабули фармоишро ба тамбашавии нақлиёт дар сарҳад рабт доданд.

Аммо як масъули Вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сабаби қатъи интиқоли моли фармоишӣ аз Чин анҷоми мӯҳлати 📄рухсатнома байни мақомоти дахлдори ду кишвар аст. Ӯ гуфт, ду моҳ пеш ба ҳамтоёни чинии худ барои дастрас кардани рухсатнома дархост ирсол карда, интизори посуханд.

Аммо ҳоло баъзе аз ширкатҳои интиқолдиҳандаи бор аз Чин бо эълони пешакии таъхир дар интиқоли бор, фармоиш қабул мекунанд.

———————-
Таблиғ:
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст ? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад.
Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!




Forward from: Радио Азия-Плюс
Video is unavailable for watching
Show in Telegram
🎙“То Тарона” - раддабандии таронаҳои тоҷикӣ аз руйи завқу интихоби шумо!

❗️Дар овоздиҳӣ барои лоиҳаи бузургтарини Радиои Азия-Плюс «Tarona Music Award» дар телеграм-шабакаи мо фаъол бошед.

❤️‍🔥“То тарона” – пайроҳаи шуҳрат аз инҷо то саҳнаҳои бузург!

Муассисони чорабинӣ - @radioasiaplus ва @icb.tajikistan

🎧 Слушай нас online

📢Подпишись /Telegram /Instagram




📚 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои хона-музейи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд китобҳои бадеӣ ва адабиётшиносӣ ҷамъ меорад.

🗯 Дар ин бора Ато Мирхоҷа, муовини раиси ин ниҳод хабар дода, навиштааст, ки "хоҳишмандон чунин китобҳоро ба бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 8-и шаҳри Душанбе расонанд".

Ба гуфтаи манбаъ, муҳлати ҷамъоварии китобҳо то 20-уми ноябр давом мекунад.


Бо ❤️ бошед: Telegram




Video is unavailable for watching
Show in Telegram
Шумо ҷарима барои таваққуфи нодуруст ё вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ доред❓

Шитоб накунед, ки онро дар шӯъбаҳои БДА пардохт кунед. Пардохти нақдӣ дар он ҷо ғайриимкон аст. Вақти худро сарфа кунед ва ҷаримаро зуд дар сомонаи “neru.tj” дар “Утоқи шахсӣ” пардохт кунед.

❗️Агар ба ҳар сурат ба БДА омадед, аз терминали махсус истифода баред. Дар ин ҷо шумо метавонед, ҷаримаро бо истифода аз “Корти миллӣ”-и ҳама бонкҳо тариқи ғайринақдӣ пардохт кунед.

Агар аз шумо талаб кунанд, ки ҷаримаро бо пули нақд пардохт кунед ё маблағи ҷаримаро аз будаш зиёд талаб кунанд, метавонед ☎️бо рақами 7788 ё 2341064 шикоят кунед.

Тавсия медиҳем, ки ҷаримаҳоро тариқи онлайн дар сомонаи neru.tj дар “Утоқи шахсӣ” пардохт кунед ва аз хидматрасонии миёнравҳо худдорӣ намоед.


🎧 📚 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”

📌 Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон” манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.

#АУДИОКИТОБАП

Бо ❤️ бошед: Telegram








Forward from: Радио Азия-Плюс
Video is unavailable for watching
Show in Telegram
🥹Бо наздикшавии аввалин маросими ҷоизасупории мусиқавӣ “Tarona music award-2024” мо ин бор тасмим гирифтем ба соли 2006 равем!

☝🏻Дар он соли пурбаракат аввалин бор маросим ва ҷоизаи мо “Суруди сол” бо унвони нав - “Навои дил” баргузор шуда буд. Аввалин бор чандин сарояндаҳое, ки то ҳол машҳуранд,
соҳиби ҷоизаҳо шуданд. Миёни онҳо -
Шабнами Сурайе.

🎬Биёед бо ҳам бубинем, ки ин чӣ гуна буд?!

Шакли пурраи маросими ҷоизасупории “Навои дил”-ро худи ҳозир дар YouTube-канали мо тамошо кунед.

⚡️Муассисони маросими имсола “Tarona music award-2024” - @radioasiaplus ва @icb.tajikistan

🎧 Моро тариқи online гӯш кунед

📢Обуна шавед /Telegram /Instagram



20 last posts shown.