Азия-Плюс TJ


Channel's geo and language: Tajikistan, Tajik


Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj

Related channels  |  Similar channels

Channel's geo and language
Tajikistan, Tajik
Statistics
Posts filter


🔴 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰

💬 Дар маҷлиси ҳукумат пешниҳод шудааст, ки барои напардохтани пули барқ ҷазои ҷиноятӣ татбиқ шавад

💬 Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст

💬 Чаро Рамазон 29 рӯз муайян шуд?

💬 Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?

💬 Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст

💬 Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш

💬 Дар Душанбе аз волидайн хостанд, ки дар рӯзи Иди Рамазон аз беҳудагардии кӯдакон пешгирӣ кунанд

💬 Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

💬 Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекарданд

✅Бо 😍 бошед: Telegram


Дар моҳи Рамазон бо "Оби Зулол" меъёри обро дар ҷисм барқарор кунед ва ҳамеша саломат бошед.




Video is unavailable for watching
Show in Telegram
🌙Имсол моҳи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди Фитр дар Тоҷикистон 30-юми март таҷлил мешавад.

Аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим гуфтанд, ин қарор имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар гирифта шуд.

📆Шӯрои уламо қарор кардааст, ки намози иди Фитр рӯзи 30-юми март соати 6:45 дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон хонда мешавад.

Чаро имсол моҳи Рамазон 29 рӯз буд, дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

———-
Таблиғ: Бастаҳои алоқаи солона аз ZET-MOBILE - дастрас, муфид ва қулай. Ба яке аз 4 бастаи ZET-MOBILE - MINI, MAX, PRO ва ULTRA пайваст шав ва давоми сол аз алоқаи баландсифат ҳаловат бар.


⚡️Амрико додани Грин-корт барои баъзе нафаронро қатъ кард

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико фармонеро имзо кардааст, ки дар асоси он афроде, ки дар ИМА аллакай мақоми паноҳандагӣ гирифтаанд, дархосташон барои гирифтани Грин корт ё “корти сабз”-и ин кишвар баррасӣ намешавад.

Дар ин бора шабакаи NBC News хабар дода, навиштааст, ки мувофиқи дастури нави Идораи муҳоҷирати Амрико додани Грин-корт барои иқомат дар Амрико ба гурезаҳо манъ аст.

Департаменти амнияти миллии ИМА ҳам эълон кардааст, ки бо далелҳои амниятӣ баррасии баъзе дархостҳо барои гирифтани корти сабз тӯл мекашад.

Доналд Трамп дар гузашта ҳам барномаи Грин-кортро интиқод карда, масъалаи бекор кардани онро ҳам бардошта буд.

Доналд Трамп 20 январи соли ҷорӣ фармони “Ҳифзи ИМА аз террористони хориҷӣ ва дигар таҳдидҳо ба амнияти миллӣ ва ҷамъиятӣ”-ро имзо карда буд. Дар он аз ниҳодҳои дахлдор талаб мешавад, ки то ҳадди имкон санҷиши шаҳрвандони хориҷиро, ки мехоҳанд вориди ИМА шаванд ё аллакай дар ҳудуди он қарор доранд, пурзӯр намоянд.

Ҳамасола ҳазорҳо нафар аз гушаҳои гуногуни олам, аз ҷумла Тоҷикистон бо дарёфти Грин корт вориди Амрико мешаванд ва ҳаққи зиндагиро дар ин кишвар пайдо мекунанд.

Бо 😍 бошед: Telegram


🏟 Ҷадвали баргузории бозиҳои тими милли занонаи футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуд.

Бар асоси ин ҷадвале, ки Конфедератсияи футболи Осиё тасдиқ ва эълон кардааст, бозиҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон ба таври зайл хоҳад буд:

🇹🇯🇰🇵Рӯзи 29-уми июл: Тоҷикистон - Куриёи Шимолӣ;

🇹🇯🇵🇸Рӯзи 2-юми июл: Тоҷикистон - Фаластин;

🇹🇯🇲🇾Рӯзи 5-уми июл: Тоҷикистон - Малайзия.

Ҳамаи ин рақобатҳо ва бозиҳои гурӯҳи “Н”, ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, дар Душанбе сурат мегиранд.

Ғолиби гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 1-ум то 26-уми марти соли 2026 дар Австралия баргузор мешавад, роҳ меёбад.

Бо 😍 бошед: Telegram


❗️Дар Тоҷикистон хатари сел ва фаромадани тарма то 31-уми март боқӣ мемонад.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо истинод ба Оҷонсисии обуҳавошиносӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, то ин сана дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон, махсусан дар вилояти Суғду Хатлон ва шоҳроҳи Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад.

КҲФ аз ронандагон хостааст, ки то рӯзи 31-уми март аз ҳолати роҳҳо пешакӣ огоҳ шуда, нақлиёти худро бо таҷҳизоти лозимӣ муҷаҳҳаз кунанд ва дар қитъаҳои хатарнок фосилаи ҳаракатро риоя намоянд.

Ин ниҳод ба сокинони минтақаҳои кӯҳӣ тавсия додааст, ки аз сайругашт дар кӯҳҳо, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ карда, ҷӯйбор ва заҳбурҳоро аз партов тоза намоянд.

📱КҲФ гуфтааст, шаҳрвандон дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо ҳодисаҳои нохуш ба рақамҳои 112 ё 93 880 28 19 муроҷиат кунанд.

Бо 😍 бошед: Telegram


🚫Мақомот дар Душанбе аз волидайн хостанд, ки дар рӯзи Иди Рамазон аз беҳудагардӣ ва шабгардию оворагардии кӯдакон пешгирӣ кунанд.

Дар муроҷиатномае, ки Раёсети ВКД дар пойтахт дар ин маврид нашр кардааст, омадааст, ки “ҳамасола дар рӯзҳои иду ҷашнҳо, махсусан Иди Рамазон ва Иди Қурбон, аз сабаби беназоратӣ ва камасъулиятии баъзе аз волидайн, содиршавии садамаҳои нақлиётӣ, бедаракшавии кӯдакон ва дигар қонуншиканиҳо бо иштироки наврасон ба қайд гирифта мешаванд”.


Ин ниҳод вобаста ба ин аз волидайн хостааст, ки дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон кӯдаконро дуру дароз беназорат нагузоранд.

“Дар ҳолати ба ҳуқуқвайронкунӣ даст задани ноболиғон, барои бемасъулиятӣ нисбати волидайн чораҳои дахлдори қонунӣ андешида хоҳад шуд”, - омадааст дар муроҷиатномаи мақомот.


Қаблан Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе низ аз волидайн хоста буд, ки дар Иди Рамазон ва Иди Қурбон кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон идгардаки кӯдакон расман манъ аст.

Бо 😍 бошед: Telegram




🇹🇯 Дар Тоҷикистон 31-уми март рӯзи истироҳатӣ аст.

Бо назардошти он ки иди Рамазон дар Тоҷикистон 30-юми март (якшанбе) таҷлил мешавад, 31-юми март рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.


💼 Мувофиқи қисми 5-и моддаи 89-и Кодекси меҳнати кишвар, агар рӯзҳои истироҳатӣ бо рӯзҳои ҷашнӣ, ки рӯзи корӣ нест, мувофиқат кунад, пас рӯзи истироҳатӣ ба аввалин рӯзи кории пас аз истироҳат интиқол дода мешавад.

📚 Ҳамчунин, 31-уми март барои хонандагону донишҷӯён рӯзи истироҳатӣ аст ва онҳо аз рӯзи 1-уми апрел ба мактаб мераванд.

Бо 😍 бошед: Telegram




🚫Расман: Иди Рамазон дар Тоҷикистон 30-юми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди Фитр дар Тоҷикистон 30-юми март таҷлил мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба "Азия-Плюс" хабар доданд.


Ин тасмим дар пайи нишасти Шӯрои уламои кишвар, ки имрӯз, 27-уми март баргузор шуд, гирифта шудааст.

Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози иди Рамазон рӯзи 30-юми март соати 6:45 дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон хонда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар нишаст гуфта шуд, ки имомхатибон вазифадоранд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намоянд.

Тибқи қарори Шӯрои уламо имсол фитри рӯза 8 сомонӣ, нисоби закот аз 36 ҳазор сомонӣ 900 сомонӣ ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ - 480 сомонӣ барои 30 рӯз (барои як рӯз 16 сомонӣ) муайян гардидааст.

Бо 😍 бошед: Telegram


⚡️ Мақомот 4 “корманди ҳифзи ҳуқуқ”-ро барои гирифтани пул аз сокинон боздошт кардаанд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, онҳо худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, шаҳрвандонро дастгир ва барои паҳн накардани маълумоти беобрукунанда аз онҳо пул гирифтаанд.

“Айни замон 3 далели тамаъҷӯии номбурдагон ошкор карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, - гуфта мешавад дар хабари РВКД.

Ин ниҳод аз онҳо С.С., Р.С., С.У. ва Ю.А. ном бурда, гуфтааст, ки сокинони пойтахтанд. Назари худи боздоштшудаҳо маълум нест.

Бо 😍 бошед: Telegram


⚡️Нахуствазири Русия: Барои муҳоҷирон профили рақамӣ ҷорӣ мешавад

Интизор меравад, ки ин профил "патент"-и коғазиро иваз кунад.

Аз 30-юми июни соли ҷорӣ дар Русия барои муҳоҷирон профилҳои рақамӣ ҷорӣ мешавад. Ин хабарро Михаил Мишустин, нахуствазири Русия дар суханронии худ дар Думаи давлатии ин кишвар эълом кардааст.

Ӯ дар бораи афзоиши самаранокии абзорҳои рақамӣ сухан ронда, ёдовар шудааст, ки аз 1-уми декабри соли 2024 дар Русия таҷрибаи омӯзиши тақвияти назорати вуруд ва хуруҷи муҳоҷирон оғоз гардидааст.

"Аз 30-юми июн ташкили профили рақамӣ бо мушаххасоти ягона пешбинӣ шудааст, ки дар оянда иҷозатномаи кории коғазӣ ("патент")-ро иваз хоҳад кард. Барои иваз кардани иҷозатномаи кории коғазӣ, ҳамчунин бояд омодагии зарурӣ бинем", - гуфтааст ӯ.

Тибқи он, шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми убури марз дар фурудгоҳҳои Маскав бояд маълумоти биометрии худро пешниҳод кунанд.

Ба гуфтаи мақомоти рус, ин имкон медиҳад, ки дар ҳолати ҷо доштани маҳдудият барои вуруд шаҳрвандони хориҷӣ аз худи фурудгоҳ ба кишвар роҳ дода нашаванд.

Бо 😍 бошед: Telegram


🚫Дар маҷлиси ҳукумат пешниҳод шудааст, ки барои напардохтани пули барқ ҷазои ҷиноятӣ татбиқ шавад

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар баргузор шудаасӣ, таъкид шудааст, ки барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва насупоридани маблағи истифодаи он ҷазои ҷиноятӣ татбиқ карда шавад.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Маълум нест, ки ин пешниҳодро кӣ манзур кардааст.

Вале манбаъ менависад, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа, ки имрӯз, 27-уми март баргузор шуд, “аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд”.

Дар Тоҷикистон ҳамасоладар мавсими тирамоҳу зимистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Аммо мақомот аз напардохтани пули барқ аз тарафи аҳолӣ ва корхонаҳо нигаронӣ мекунанд.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки аз 1-уми апрели соли 2025 таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истеъмолгарони он боло меравад.

Ҳоло дар бошад дар кишвар расман “лимит”-и барқ ҷорӣ аст, ки аз 22-юми сентябр соли гузашта оғоз шуда буд. Мақомот мегӯянд, то ҳол маълум нест, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар саросари кишвар кай барҳам дода мешавад.

Бо 😍 бошед: Telegram




Рақибони тими миллии занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд.

⚡️ Тибқи иттилоъи Федератсиияи футболи кишвар, дар натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби футболи бонувони кишвар дар гурӯҳи “Н” як ҷо бо тимҳои миллии занонаи Фаластин, Куриёи Шимолӣ ва Малайзия қарор гирифтааст.

📆 Ба гуфтаи манбаъ, бозиҳои интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 29-уми июн то 5-уми июл дар Душанбе баргузор мешаванд.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё ҳашт гурӯҳ ташкил гардидааст ва танҳо ғолибони ин гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Австралия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Бо 😍 бошед: Telegram






🚫Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар пайи шикояти як шаҳрванд директори як корхонаи давлатиро барои гирифтани пора боздошт кардааст.

Ин Оҷонсӣ рӯзи 27-уми март бо нашри як иттилоия дар сомонааш гуфт, моҳи январи соли 2025 як шаҳрванд ба онҳо муроҷиат кардааст, ки Мутавалиев М.Д., директори Корхонаи фаръии воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” барои омода кардани шаҳодатномаи бақайдгирии замин аз ӯ 29 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ҳамчунин, ин шаҳрванд гуфтааст, ки Мутавалиев бар замми ин аз ӯ 21 ҳазор сомонии иловагӣ талаб кардааст.

Мақомот мегӯянд, Мутавалиевро ҳангоми гирифтани 21 ҳазор сомонӣ аз ин шаҳрванд дар утоқи корияш боздошт кардаанд.

Назари худи боздоштшуда дар робита ба ин қазия маълум нест.

Оҷонсии зиддифасод дар сомонааш навиштааст, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ” (моддаи 247 қисми 3 банди “б” КҶ ) парванда боз гардида, баъди анҷоми тафтишоти пшакӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

✅Бо 😍 бошед: Telegram

20 last posts shown.