АВВАЛИН БАРФИ ТИРАМОҲӢ ДАР КӮҲҲОИ БОЙСУН
Кӯҳҳои Бойсун, бо боридани барф зебогиро ба худ муҷассам намуд. Тамоми кӯҳсорро барфи сафед фаро гирифт. Барфи аввалине, ки дар рӯзҳои охири тирамоҳ ба қуллаҳои куҳсор борида буд, атрофро ҳусни форам бахшид. Марғзорҳо ва сангҳои барфпӯш ба зебоии беҳамтои ин мавзеъ ҳусн бахшид.
Ин манзараи аҷоиб барои сайёҳоне, ки мехоҳанд зебогии табиатро эҳсос кунанд ва дар кӯҳистон дар байни теппаҳои барфӣ чойи гарм нӯшанд, лаззати хоса дорад. Кӯҳҳои Бойсун табиатан дар ҳама фаслҳо беназиранд, аммо манзара дар ин марҳила, ки ба фасли зимистон наздик мешавад, сулҳу оромии бемислро пешкаш мекунад.
КӮҲИ КАТМАНЧОПТӢ
Дар "Таърихи Ҳумоюн" овардааст, "... кӯҳи он кӯҳи
Катманчоптӣ аст. Барфи он айёми гармо ва тобистон низ
мавҷуд аст. Роқими савод дар санаи 1325 он ҷо гузорам афтод
ва ҳамон рӯз чаҳордаҳуми моҳи ҷавзо буд, ки нузули барф дар
он кӯҳ шуда буд. Ва дар фавқи он кӯҳ, ки баромадан мутааззир(мушкил, душвор. Б.Б.Б.)аст, аз ҷиҳати изҳори заъф, дар он ҷо тулан се газ
ва арзан ду газ тахминан ҷойро кофта ба даруни он ба
муҳозии вилоят тасвире нақш намудаанд, аз камоли рифъати
баландӣ шабеҳи он андак маръӣ мегардад. Ба эътиқоди
ахолии ин вилоят онро Фарҳоди ошиқи Ширин канда бошад
ин аз ақл дур аст, чаро ки ба кутуби таворихи салаф мазкур
аст, ки Фарҳоди кӯҳкан ва Ширину Хусрави Парвиз дар ин
диёр набудаанд, Магар он тасвир аз осори айёми чоҳилия
бокӣ монда бошад. « Иннаҳу бикулли шайъин алим»(...таъбир аз Қуръон аст, ки дар чандин оят
ворид мебошад: «Ба дурустӣ, ки Ӯ ба ҳама чиз Доно аст.)
Палвон Шоимов дар китоби «Ҷойи кӯҳнаи Дарбанд» чунин сатрҳоро овардааст:
"Дар қуллаи кӯҳи Тӯда кӯҳе ҳаст, ки Катманчовдӣ ном дорад. Аз рӯи ривоятҳо Фарҳод хостааст аз ин кӯҳ барои Ширин об биёрад. Вобаста ба ин ривоят номи кӯҳ Катмандчовдӣ номида шудааст. Ин вожа маънои хароба, вайоонаро дорад. Дар замонҳои қадим Кандман номи Қӯрғонеки дар болои кӯҳ сохта шудааст».
Кандманд (کندمند) - маънои
вайрон, хароб; фурӯрехтаро мемонад
Човдӣ- дар забони қадимаи форс тоҷикӣ қӯрғони вайрон шударо ифода мекунад.
Мардуми таҳҷоии Кӯчкак номи ин кӯҳро Дарвоза меноманд, гӯё Барзу аз ҳамин ҷо Дарвоза кушодани шудааст.
Тавассути ин галерея аз манзараҳои ҷолиби кӯҳҳои барфпӯш лаззат баред!
Суратҳо аз тарафи хадамоти иттилоъи Ҳокимияти Бойсун бар гирифта шуда, асосан дар акс кӯҳи Катманчоптӣ, Қурғондара ва Санҷартоғ акс ёфтааст.
БАҲОДУР БАРОТИ БОЙСУНӢ