Атри сухан


Channel's geo and language: World, English


📲Telegram.me/@Атрисухан
🌺 Баҳор зебост, бо мо бошед!!!
🌸 Баҳор гӯзалдир, биз билан бӯлинг!!!
Ба канал гузошта мешавад:
📜 Шеър
📃 Статусҳо
🎧 Аудио
🎥 Видео
📝 Фолнома
✏️ Ҳикоя
📝 Панди руз
Фаолияти канал:
Уз. Тҷ.

Related channels  |  Similar channels

Channel's geo and language
World, English
Statistics
Posts filter


Forward from: Zendagi Zebost
Video is unavailable for watching
Show in Telegram
Гиле хушбӯй дар ҳаммом рӯзе
Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.

Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,
Ки аз бӯйи диловези ту мастам?!

Бигуфто, ман гиле ночиз будам,
Валекин муддате бо гул нишастам.

Камоли ҳамнишини бар ман асар кард,
Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.

Шайх Саъди

@Zendagi_Zebost 💖


Ассалому алейкум дустони хубам оғози субҳи нав аз ҳамаи шумо ба хайру шоди бошад!!
Биёен ҳамакаса дар ин субҳи босафо ба Пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в) салавот фиристоданро фаромӯш насозем.


Эй садру бадри олам, ё Мустафо Муҳаммад,
Эй нури ҳарду олам, ё Мустафо Муҳаммад.

Ман, ки туро надидам, номи хушат шунидам,
Дини ту баргузидам, ё Мустафо Муҳаммад.

Дар осмон фаришта, меҳрат ба ҷон сиришта,
Бар тоқи Арш навишта, ё Мустафо Муҳаммад.

Фардо ба рӯзи маҳшар, мони кулоҳ бар сар,
Сардори ҳавзи Кавсар, ё Мустафо Муҳаммад.

Мурғони марғзорӣ, кабкони кӯҳсорӣ,
Васфат кунанд баҳорӣ, ё Мустафо Муҳаммад.


Вақти рафтан,ҷои зистан, ёди рӯят мекунам.
Баҳри дидан, бори охир орзуят мекунам.
Гар расад рӯзи қиёмат, сар бурун орам зи хок.
Бар умеди гуфтугӯят, ҷустуҷӯят мекунам.




🎤 Шухрат Мирзо 🎙️
✍ Мавлоно Руми ✍


То ҷавон ҳастӣ, ҷавониро намедонӣ, ки чист,
Хуш равон ҳастӣ, равониро намедонӣ, ки чист.

Шоми ғам ҳаргиз набинад рӯзгори хуррамат,
Шод монӣ, шодмониро намедонӣ, ки чист.

Хуш замоне, бар замин по монданат безаҳмат аст,
Ранҷҳои осмониро намедонӣ, ки чист.

Мисли он кӯдак, ки аз дунёи модар ғофил аст,
Дар амон астӣ, амониро намедонӣ, ки чист.

Нозҳои инзамониро ба ҷон парвардаӣ,
Розҳои инзамониро намедонӣ, ки чист.

Чашми бад дур аз муҳаббатҳои ёри ҳамдилат,
Лаззати ин ҳамзабониро намедонӣ, ки чист.

Озарахшо, қадри давлат баъди давлат гуфтаанд,
Зинда бошӣ, зиндагониро намедонӣ, ки чист.

#ОЗАРАХШ


🎤💥Шухрат Мирзо🎓
✍ Шамси Табрезӣ ✍

🌿🎄🌿Тоат кун 🌿🎄🌿


Эй Қодири Қудратнамо, ҷонам фидои номи Ту ,
В-эй Роҳими мушкилкушо, вирди забонам номи Ту.

Номи Ту ҳар шому саҳар бар синаам дорад шарар,
Ширинтар аз шаҳду шаккар андар даҳонам номи Ту,

Ҳоҷатбарори кори ман, осонгари душвори ман.
Ҳам ёри ман, ғамхори ман дар ду ҷаҳонам номи Ту ,

Ё Раб ба сӯят гаштаам, дар
ҷустучӯят гаштаам.
Бо гуфтугӯят гаштаам, оҳу фиғонам номи Ту,

Булбулсифат дорам фиғон, гум карда роҳи ошиён.
Ҳам Кавсару боғи ҷинон, ҳам гулситонам номи Ту.


ХУДОЁ
Гузаштагонӣ моро раҳмат, бозмондагонӣ моро мағфират, муъминонро истиқомат, беморонро тани сиҳат, хонаводаҳоро меҳру муҳаббат, аҳли ҳақро сабру нусрат, аҳли ботилро шикасту зиллат, зиндониёнро халосиву офият, муҳоҷиронро саломату амният, қарздоронро халлоси аз миннат, ҷавононро тақвову маърифат, мардонро ғайрату ҳиммат ва занонро покдоманиву иффат ато бикун!!
ОМИН🤲🤲
СУБҲИ САИДИ ҶУМЪА МУБОРАК ДУСТОН.


Ба ин дунёи баргардон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Ҳавасмандону дилбандон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Яке обод мехонад, яке вайрона медонад,
Ба ин вайронаободон, чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Ба меҳмонии серӯза, ба дӯшат заллаву кӯза,
Қатори ошу обу дон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Сафо ҳам доштӣ боре, вафо ҳам коштӣ боре?
Ба фарзандону пайвандон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Касе аз ҳикмати одам, гираҳ накшод дар олам,
Ту эй донотарин нодон, чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Ҳар он чӣ додаӣ, ояд, ҳам он чӣ бурдаӣ, бояд,
Ба даҳчандону садчандон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Расидӣ аз дурахши худ мисоли Озарахши худ,
Гаҳе гирён, гаҳе хандон, чӣ овардӣ, ки хоҳи бурд?
#ОЗАРАХШ


خبرت هست که بی روی تو آرامم نیست؟
طاقت بار فراق این همه ایامم نیست؟

#سعدی

Хабарат ҳаст, ки бе рӯи ту оромам нест?

Тоқати бори фироқ ин ҳама айёмам нест?
#Саъдӣ


🎤💥 Shuxrat Mirzo 🎓
✍ Носири Хусрав ✍


Эй дида, ба субҳ нури тобон бошӣ,
Эй чеҳра, ба ҳусни субҳ хандон бошӣ.
Эй сина, ки ин дам нафаси тозаи туст,
Бархез, дило, бар тапиш ҷон бошӣ.

#Хуршед_Қамар


با قیامِ سبزه ها از خا
با طلوعِ چشمه ها از سنگ
با سلامِ دلپذیرِ صبح
با گریزِ ابرِ خشم آهنگ
سینه ام را باز خواهم کرد!!
همرهِ بالِ پرستوها
عطرِ پنهان مانده ی
اندیشه هایم را
باز در پرواز خواهم کرد.

Бо қиёми сабзаҳо аз хок,
Бо тулӯъи чашмаҳо аз санг,
Бо саломи дилпазири субҳ,
Бо гурези абри хашмоҳанг
Синаамро боз хоҳам кард
Ҳамраҳи боли парастуҳо!
Атри пинҳонмондаи андешаҳоямро
Боз дар парвоз хоҳам кард...


🎤 Шухрат Мирзо 🎧
✍ Абдулқодири Ҷелонӣ


Video is unavailable for watching
Show in Telegram

تمامِ این پاییز را                
صرف گردآوری کلمه خواهم کرد،
که وقتی زمستان رسید،
طولانی‌ترین قصیدهٔ عاشـقانه را
برایت بنویسم!
                         

▪️شیرکو بیکس

Тамоми ин пойизро
Сарфи гирдоварии калима хоҳам кард,
Ки вақте зимистон расид,
Тӯлонитарин қасидаи ошиқонаро бароят бинависам..


АССАЛОМУ АЛАЙКУМ!
Хайрли тонг! 
        Тонгги зикр

أَصْبَحْنَا وَأَصْبَحَ الْمُلْكُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِيْنَ اللَّهُمَّ أَسْأَلُكَ خَيْرَ هَذَا الْيَوْمَ فَتْحَهُ وَنَصْرَهُ وَنُورَهُ وَبَرَكَتَهُ وَهُدَاهُ وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ مَا فِيْهِ وَشَرِّ مَا بَعْدَهُ.

Ўқилиши: “Асбаҳнаа ва асбаҳал-мулку  лиллаҳи Роббил-ъааламиин. Аллоҳумма ас‘алука хойро ҳаазаал-йавма фатҳаҳу ва насроҳу ва нууроҳу ва барокатаҳу ва ҳудааҳу ва аъуузу бика мин шарри маа фийҳи ва шарри маа баъдаҳу”.

Маъноси: “Биз ҳам, мулк ҳам оламлар Парвардигори Аллоҳники бўлган ҳолда тонг оттирдик. Ё Аллоҳ! Сендан бу куннинг фатҳини, ғалабасини, нурини ва баракасини ҳамда ҳидоятини сўрайман. Ё Аллоҳим! Сендан бу куннинг ва кейинги кунларнинг ёмонликларидан паноҳ тилайман”.


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
▪️Rashid Kakavand
▪️شرح پریشانی

ترکیب‌بندی از « وحشی بافقی » با خوانش

« رشید کاکاوند »

دوستان! شرحِ پریشانی من گوش کنید!
داستان غم پنهانی من گوش کنید!
 
▪️وحشی بافقی

Дӯстон, шарҳи парешонии ман гӯш кунед,
Достони ғами пинҳонии ман гӯш кунед.
https://t.me/barotovbahodur


Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ман, бе ман марав,
Эй ҳаёти дўстон, дар бўстон бе ман марав.
Эй фалак бе ман магарду эй камар бе ман матоб,
Эй замин бе ман мабошу эй замон бе ман марав.
Ин ҷаҳон бо ту хуш асту он ҷаҳон бо ту хуш аст,
Ин ҷаҳон бе ман мабошу он ҷаҳон бе ман марав.
Эй инон, бе ман марону эй забон бе ман махон,
Эй назар, бе ман мабину эй равон бе ман марав.
Шаб зи рўят моҳ рўйи хештан бинад сафед,
Ман шабам, ту моҳи ман, бар осмон бе ман марав.
Хорро бин руст зоташ дар паноҳи лутфи гул,
Ту гулӣ, ман хори ту, дар гулситон бе ман марав
Дар хами чавгонт мебозад, чу чашмат бо ман аст,
Ҳамчунин дар ман нигар, бе ман марон, бе ман марав.
Чун ҳарифи шоҳ бошӣ, эй тараб, бе ман мабош,
Чун ба поси шаҳ равӣ, эй посбон, бе ман марав.
Войи он кас, кў дар ин раҳ бе нишони ту равад,
Чун нишони ту манам, эй бенишон, бе ман марав.
Вой онро, кандар ин раҳ меравад бедонише,
Оташи роҳам туӣ, эй роҳдон, бе ман марав.
Дигаронат ишқ мехонанду ман султони худ,
Эй ту волотар зи ваҳми ину он бе ман марав.
#МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ


Video is unavailable for watching
Show in Telegram

20 last posts shown.