СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او


Channel's geo and language: World, English
Category: Other


🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿
аз Тоҷикони Ӯзбекистон
ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ,
ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ!
Шабакаи мо: @tojik
Барои пешниҳод : 👇✍️👇
@Anis_sc

Related channels  |  Similar channels

Channel's geo and language
World, English
Category
Other
Statistics
Posts filter




Video is unavailable for watching
Show in Telegram
Дастаи "Gelon".
Навозандагон Муҳаммадӣ, Абдукарим ва Шаҳзод.
Оҳанги Муҳаммадато Таваллоев (бо андаке тағйирот)

СУБҲАТОН БАХАЙРУ НУРОНӢ ВА МОЛОМОЛИ АТРҲОИ ХУДОВАНДӢ, ҲАМДИЛОНУ ҲАМЗАБОНОН ВА ҲАММИҲАНОН!


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
گویند که هر تیره‌شبی را سحری هست
گویا سحری نیست شب تیرۀ ما را

طبیب اصفهان
ی — Табиби Исфаҳонӣ
Гӯянд, ки ҳар тирашаберо саҳаре ҳаст,
Гӯё саҳаре нест шаби тираи моро.

ШАБАТОН БАХАЙРУ НУРОНӢ, АЗИЗОН!


Forward from: Файзи Ғелон
ҶУМУЪАИ ШАРИФ МУБОРАК!

Ривоят кунад Фақеҳ ба асноди худ аз Анас бинни Молик, разийАллоҳу ъанҳу, ки гуфт расул, ъалайҳиссалом: Рӯзи ҷумъа салавоти бисёр фиристед, ки кирдори шумо бар ман арза мекунанд. Ва гуфт расул, саллАллоҳу ъалайҳи васаллам: Ҳар ки рӯзи Ҷумъа бар ман ҳаштод бор салавот фиристад, Худойи таъоло гуноҳони ҳаштодсолаи ӯро биёмурзад. Ва гуфт расул, саллАллоҳу ъалайҳи васаллам: Ҳар ки дар рӯзи Ҷумъа ғусл кунад ва ба масҷиди ҷомеъ шавад ва ба наздики минбар бинишинад ва ба тасбеҳу истиғфор машғул шавад, то он вақт ки намози Ҷумъа бигузорад, ба ҳар қадам, ки бармегардаду мениҳад, Худойи таъоло савоби яксола тоат дар девони аъмоли ӯ сабт кунад, ки рӯзҳо буда бошаду шабҳо ба намоз


Фото от Илхом Назаров


Forward from: Shavkat Mirziyoyev_press-service
Расмий ташриф билан Бирлашган Араб Амирликларида бўлиб турган Ўзбекистон Республикаси Президенти Шавкат Мирзиёев "Абу-Даби барқарор ривожланиш ҳафталиги" халқаро саммитининг очилиши ва барқарор ривожланиш соҳасида Шайх Зоид номидаги мукофотни топшириш маросимида иштирок этди.

Маросимда мукофотнинг "Глобал ўрта мактаблар" номинациясида ғалаба қозонган Тошкент шаҳридаги Президент мактаби тақдирланди.

Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев, пребывающий с официальным визитом в Объединенных Арабских Эмиратах, принял участие в церемониях открытия международного саммита "Неделя устойчивого развития Абу-Даби" и вручения премии имени Шейха Заида в области устойчивого развития.

На церемонии состоялось награждение Президентской школы в городе Ташкенте, победившей в номинации "Глобальные средние школы".

#Mirziyoyev #sammit #AbuDabi #barqarorrivojlanish

Prezident.uz|Facebook|Instagram|YouTube|X


Forward from: СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
Қасидаи илм.doc
73.0Kb
Қасидаи илм

Зиҳӣ, шамсуззуҳо, бадруддуҷо илм,
Чароғи базмгоҳи ду саро илм.

Кунад хуршед охир зарраеро,
Расонад хокро то бар само илм.

Агарчи аҳли дониш мушти хоканд,
Барад шонро ба авҷи кибриё илм.

Зи хас гул бишкуфонад, метарошад
Зи хоро гавҳари қиматбаҳо илм.

Барад дар садри маҷлис, дар маҷолис
Кунад касро ба мардум пешво илм.

Сафолеро ба чинигӣ расонад,
Кунад кўҳлулҷавоҳир хокро илм.

Кунад ҳар ношиносоро шиносо,
Кунад бегонагонро ошно илм.

Агар шаклат қабеҳу нохуш афтод,
Намояд дар назарҳо дилрабо илм.

Гадоеро зи рўи рутба созад
Ба олам хисраву кишваркушо илм.

Зи иллатҳои рўҳонӣ раҳонад,
Зиҳӣ, фарҳатфизо, ҳуббушшифо илм.
Хилватӣ
@tojik


Ассалому алейкум , дӯстон ва бародарони азиз !
Ман ҳамаи шумоёнро бо
🌺14 январ рӯзи Муҳофизони Ватан 🌺 аз сидқи дилам муборакбод менамоям .
Ба шумо тани сиҳат , кайфиати хуб , ба коратон комёбиҳо орзумандам !
Ба ҳар як мардуми кишвари азизамон , хонаободӣ , саодатмандӣ , хушиву хурсандиро хоҳонам !
Аз лабонатон табассум аз чеҳраатон хурсанди дур нашавад .
Дар кишварамон Ӯзбекистон ,сулҳу ваҳдат , ободиву осудагӣ , садои карнаву сурнай ,пойдевор бошад .
Осмонамон мусаффо ва кабӯтарҳо дар парвоз бошанд .Муҳофизгарони ватан ҳамеша сарсабзу сарбаланд бошанд !
Иди Муҳофизони Ватан бар кулли ҳамзабону ҳамдиёрон муборак бошад !
Бо эҳтиром : Асрор Хӯҷамуродов .
🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹




https://t.me/jahonitojikon


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
#Оҳангҳои_мумтоз

🎤 Кароматулло Қурбонов

🎼 "Эй боди сабо, бигзар"

🪕 🪕 🪕

https://t.me/jahonitojikon_group


Ҳикоят

Саққое¹ буд андар шаҳри Бухоро, ки ӯ сӣ сол андар хонаи заргаре об меовард ва он заргар зане дошт бағоят некӯ ва порсо ва бокамолу ҷамол ва оқилу мастур.

Рӯзе саққо об бирехт ва зан дар миёни сарой истода буд. Саққо дасти зан бигирифту печиду бирафт. Чун шавҳар даромад, зан гуфт: рост бигӯ, ки имрӯз чӣ кардаӣ, ки худойро дар он ризо набуда аст? Мард гуфт: ҳеҷ накардаам. Зан гуфт: агар рост нагӯӣ, ман баъд аз ин дар хонаи ту набошам ва рӯи ман набинӣ. Мард гуфт: эй зан, бидон, ки имрӯз зане ба дукони ман омад ва аз баҳри ӯ дастпонаи биринҷин кардам ва даст берун овард, дар даст кард, сахт некӯ буд. Маро ин ду байт ёд омад, бигуфтам. Ш е ъ р:

Он ёраи заррини ту дар соидаи даст
Чун оташу об аст ба ҳам дарпайваст.
Дар хотири ҳеҷ зирак ин нодира нест,
К-аз оташ бар об камар шояд баст.

Ва дасти ӯ бирифтам ва печидам. Зан гуфт: Оллоҳу Акбар, ту ин накардӣ, то лоҷарам², ин саққо, ки сӣ сол аст, то дар ин сарой меомад ва ҳаргиз хиёнат накарда буд, имрӯз чоштгоҳ дасти ман бигирифту печид. Мард гуфт: зинҳор эй зан, тавба кардам, маро биҳил кун³. Зан гуфт: худой Таъоло оқибати кори ту ба хайр анҷомад.

Дигар рӯз саққо биомад ва пеши зан дар хок биғалтид ва гуфт: эй кадбону, маро биҳил кун, ки дӣ⁴ иблис маро аз роҳ бибурд. Зан гуфт: бирав, ки он хато на ту кардӣ, шавҳари ман кард ва он қасоси он буд дар дори дунё.

Аммо зан чунон бояд, ки бо шавҳар дар зоҳиру ботин яке бувад ва ба андаку бисёр қаноат кунад ва иқтидо⁵ ба Фотимаи Заҳро ва ва Оишаи сиддиқа (разияллоҳу анҳумо) кунад, то кадбонуи биҳишт гардад.

Имом Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. «Насиҳат-ул-мулук».

1. Саққо - машкоб, обкашон
2. Лоҷарам - бешубҳа, яқинан
3. Биҳил кун - бубахш, афв кун
4. Дй - дирўз, рўзи гузашта
6. Иқтидо - пайравӣ


Ин ҷо филмҳои ба тоҷикӣ тарҷумашуда.


Forward from: Китобхоон
|Фасл дигар мешавад, ва бо он тағйиротҳое меояд, ки мо ҳеҷ гоҳ онҳоро пешбинӣ намекунем. Шохаҳои дарахте, ки як замон сояи худро ба мо инъом мекард, акнун хушк мешавад, ва мо ногаҳон мефаҳмем, ки он ҳамеша ҳамроҳи мо нахоҳад буд. Сабр, ки онро беинтиҳо мепиндоштем, рӯзе нопадид мешавад, ва ишқе, ки онро самимӣ медонистем, моро тарк мекунад ва дар паси худ танҳо саргардониро мегузорад.

Дӯст, ки ба он дилгармӣ мекардем, ба душман мубаддал мешавад, ва душман, ки аз он метарсидем, ногаҳон ба дӯст табдил меёбад. Ин ҷаҳони аҷибест, ки дар он ҳама чиз метавонад як лаҳзаи чашм пӯшидан иваз шавад. Ҳар он чизе, ки мо ғайриимкон мешуморидем, ногаҳон амалӣ мешавад, гӯё ки қонунҳои воқеият тағйир ёфтаанд.

Шумо мегӯед «Намеафтам», ва ногаҳон меафтед. Мегӯед «Ман хато намекунам», ва бо хатои худ рӯ ба рӯ мешавед. Ва аҷибтарин чиз ин аст, ки вақте мегӯед «Ин охир аст», шумо дарк мекунед, ки зиндагӣ ҳанӯз идома дорад ва сафар ҳанӯз нотамом аст.

Ҳамаи ин тағйиротҳо моро ёдрас мекунанд, ки мо дар ин дунё танҳо мусофироне ҳастем, ва ҳама чиз муваққатӣ аст. Танҳо роҳи мо ба сӯи Ӯ, ки тавассути озмоишҳо ва таҷрибаҳое, ки ҳаёт номида мешавад, мегузарад, воқеан муҳим аст. Дарки ин ҳақиқат моро водор мекунад, ки ҳар лаҳзаи ҳаётро қадр кунем ва аз он омӯзем, зеро ки ҳар чизе, ки имрӯз дорем, фардо метавонад дигаргун шавад
.


Forward from: Китобхоон
Аллоҳ дар касбу корҳои ҳар яки мо баракат ато намояд, гуноҳони аввалин ва охиронамонро бахшад,
Ба муҷаррадҳои мо ҳамсарони боимону боҳаё насиб гардонад, онҳое, ки оиладоранд, Бигзор ҳамеша байнашон Меҳру муҳаббат бошад. Фарзандони Солеҳу солиму солеҳа ба ҳар яки мо Аллоҳ насиб гардонад.
Аллоҳ нигаҳбонатон бод




Video is unavailable for watching
Show in Telegram
Дар гӯши ман садост падар занги мактаб аст,
Имрӯз духти нози ту дилтанги мактаб аст,
Ин занги мактаб аст ва ё гӯшвораам,
Ё тикаҳои ин ҷигари пора-пораам,
Посух бидеҳ падар, ки чаро духтарон ҳама,
Сифри калон гирифта дар ин имтиҳон ҳама,
"Иқра" магар ба хотами пайғамбарон набуд
Ё буду баъди реҳлати ӯ, бар занон набуд.
Як буғзи бепадар бахудо бастанои ман,
Бандаст роҳи ҳиқ-ҳиқу банду садои ман,
Ин тик-токи сонияҳо беҷавоб нест,
Аммо ҷавоби талхи замон дар китоб нест,


🍀🍀🍀🍀💐🍀🍀🍀🍀🍀


Суруд милли Покистон*

Пок сарзамин шод бод!
Кишвари ҳасин шод бод!
Ту нишони азми олишон,
Арзи Покистон!
Маркази яқин шод бод!
Қуввати ухуввати авом,
Қавм, мулк, салтанат
Поянда тобанда бод!
Шод бод манзили мурод!
Парчами ситораю ҳилол,
Раҳбари тараққию камол,
Тарҷумони мозӣ, шони ҳол,
Ҷони истиқбол!
Сояи Худои зулҷалол!

* Суруди миллии Покистон ба забони форсӣ аст! Бо вуҷуди ин ки забони расмии Покистон урду ва англисӣ аст, суруди миллии ин кишвар комилан ба форсӣ навишта шуда, далелаш дар гузашта забони фарҳангу адаби Ҳинд будани забони форсист. Ба ин далел метавон гуфт, нуфузи ин забони оламгир ҳанӯз дар минтақа поён наёфтааст.
Ин суруд дар сол 1952 навишта шуда, ба қалами шоир Ҳафиз Ҷоландаҳрӣ мансуб аст.
Таҳияи Марямбонуи Фарғонӣ

سرود ملی پاکستان *

پاک سرزمین شاد باد!
کشورِ حصین شاد باد!
تُو نشانِ عزمِ عالی‌شان،
ارضِ پاکستان!
مرکزِ یقین شاد باد!
قوّتِ اُخوّتِ عوام,
قوم، ملک، سلطنت
پاینده تابنده باد!
شاد باد منزلِ مراد
پرچمِ ستاره و هلال
رہبرِ ترقّی و کمال
ترجمانِ ماضی، شانِ حال
جانِ استقبال!
سایه‌ی خدائے ذوالجلال!

* سرود ملّی پاکستان به زبان فارسی است!
با وجود این که زبان رسمی پاکستان اردو و انگلیسی است، سرود ملّی این کشور کاملاً به فارسی نوشته شده، دلیلش در گذشته زبان فرهنگ و ادب هند بودن زبان فارسیست. به این دلیل می‌توان گفت، نفوذ این زبان عالم‌گیر هنوز در منطقه پایان نیافته است.
این سرود در سال ۱۹۵۲ نوشته شده، به قلم شاعر حفیظ جالندهری منسوب است.


Сарбаландӣ гар бихоҳӣ, бо ҳама якранг бош,
Қолин аз садрангии хеш зери по уфтодааст.
Такмили N.S


Video is unavailable for watching
Show in Telegram


Forward from: ТАФАККУР
Video is unavailable for watching
Show in Telegram
То тавони дар ҷаҳон якранг бош.
Қолин аз сад ранг будан зери по уфтодааст.

© Соиби Табрезӣ

#шоҳ_байт
Ба шабака ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
@tafakkur_tjk


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
ХУДОЁ аз зулмати ҳамешагии шаб, аз дурӯғи дӯстони садруй, аз ғамгин мондани чашмҳо, аз тӯҳмати ногаҳонии ноҷавонмардон, аз хомушии чароғҳои осмони шаби замона, аз ошуфтагии оғозҳо ва ранҷи ниҳоятҳо ба  Ту паноҳ мебарам...

20 last posts shown.