СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او


Channel's geo and language: World, English
Category: Other


🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿
аз Тоҷикони Ӯзбекистон
ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ,
ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ!
Шабакаи мо: @tojik
Барои пешниҳод : 👇✍️👇
@Anis_sc

Related channels  |  Similar channels

Channel's geo and language
World, English
Category
Other
Statistics
Posts filter


ЯК ҲИКОЯТ АЗ "АХЛОҚИ МӮҲСИНӢ"

Гӯянд, вазири Атобак аз моли подшоҳ хайри бисёр кардӣ. Атобак муставфиро фармуд, ки дигар чизе ба касе надиҳӣ, ки дастат бибурам. Рӯзи дигар дарвеше аз вазир чизе бихост. Муставфиро гуфт: Фалон чизро ба ӯ бидеҳ. Муставфӣ тааммул фармуд. Вазир гуфт: Чӣ тааммул мекунӣ? Аз он метарсӣ, ки дастат бибурад? Аз ин наметарсӣ, ки ман туро баровезам? Хабар ба Атобак расид, вазирро талабиду гуфт: Муставфиро чаро бармеовехтӣ? Гуфт: Ман мехостам, ки таноби саропардаи далати туро ба мехи давом истеҳком диҳаму ӯ намегузошт, на ки сазовор бар овехтан бошад. Атобак бигирист ва мартабаи ӯро баландтар гардониду хилъат дод.
Ва дар таворих мазкур аст, ки султон Маликшоҳро гуфтанд, ки: Низомулмулк ҳар сол аз хазина ҳазор динори халифатӣ ба уламову сулаҳо ва фақарову зовиядорон ва гӯшанишинон медиҳаду шуморо аз он ҳеч нафъе нест ва бад-он маблағ лашкари ҷаррор дарҳам метавон баст. Султон ин суханро ба хоҷа бозгуфт. Хоҷа фармуд, ки бад-он миқдор лашкари рӯз тартиб метавон кард, ки эшон душманонро ба шамшере, ки тӯли ӯ як заръ ва тире, ки рафтани ӯ сесад газ бошад, аз ту дафъ кунанд, ман барои ту ба ҳамон зар лашкари шаб тартиб мекунам, ки аз аввали шаб то саҳаргоҳ бар дарборгоҳи ҳазрати Илоҳ ба қадами сидқ истодаанду барои ту забони муддаову дасти баҳоҷат кушодаву шамшери ҳиммат ба абр мерасонанд ва тири оҳ аз сари ҳафт осмон мегузаронанд ва лашкари туву мо ҳама дар паноҳи эшонем. Байт:

Дигар магӯй, ки дарвеш дар паноҳи касест,
Ки шаҳриёри ҷаҳон дар паноҳи дарвеш аст.

Маликшоҳ бигиристу гуфт: Шод бошу барои ман беҳтар аз ин лашкар тартиб фармой.


9 - МУШҲО ВА РОСУҲО.doc
31.0Kb
9 - МУШҲО ВА РОСУҲО.pdf
51.7Kb
БАРОИ ФАРЗАНДОНУ НАБЕРАГОН БИХОНЕД!

Аммо саргурӯҳҳои бечора ба хотири шохҳои бузурге, ки ба сарашон баста буданд, наметавонистанд тӯи лонаҳояшон баргарданд. Ҳамаи саргурӯҳҳо беруни сӯрох гир афтода буданд. Росуҳои бадҷинс ба онҳо ҳамла карданд. Тамоми саргурӯҳҳо тӯи ин ҷанг аз байн рафтанд.
Баъд аз ин иттифоқ дигар ҳеҷ муше ҳозир нашуд саргурӯҳ бошад!




حقِّ نمک و خدمتِ مردُم بِشناس
تا روز و شبان تو را نمایند سپاس
بگریز از آن جای که باشد هم سنگ
خرمُهرا به لؤلؤ و حَجَر با الماس
Ҳаққи намаку хидмати мардум бишинос,
То рӯзу шабон туро намоянд сипос.
Бигрез аз он ҷой, ки бошад ҳамсанг
Хармӯҳра ба лӯълуву ҳаҷар бо алмос!

فرزند ز مخدوم که کارش ز اساس
محکم نبود ز درگهِ او بَهراس
رو نِه به فرار زانکه باشد هم وزن
سنجاب و خز و حریر با کُهنه پلاس
Фарзанд зи махдум , ки кораш зи асос
Маҳкам набувад зи даргаҳи Ӯ ба ҳарос,
Рӯ неҳ ба фирор з-он, ки бошад ҳамвазн
Синҷобу хазу ҳарир бо кӯҳнапалос.

زان قوم که حق شناس نبود بَهراس
دیوانِ دغایند که پوشیده لباس
ظلم است که هم دوش بُود در آن باغ
خرزهره بَشاخِ نسترن یا گلِ یلس
З-он қавм, ки ҳақшинос набвад ба ҳарос,
Девони дағоянд , ки пӯшида либос.
Зулм аст, ки ҳамдӯш бувад дар он боғ
Харзаҳра ба шохи настаран ё гули ёс.

گر خصم تورا نرمی و پوزش آرد
روزِ دگرت جنگ و نکوهِش آرد
در پوزشِ او نیز تو افزون تر کوش
مگذار که در کینه پزوهش آرد
Гар хасм туро нармиву пӯзиш орад,
Рӯзи дигарат ҷангу накӯҳиш орад.
Дар пӯзиши ӯ низ ту афзунтар кӯш,
Магзор, ки дар кина пазӯҳиш орад!

Биниш Ҳақҷӯ – بینِش حقجو

Ҳамсанг – ҳамвазн, ҳамнишин
Хармӯҳра – мӯҳраи калони камарзиш, ки ба гардани кӯдакону чорпоён банданд
Лӯълу – марворид, гавҳар, дур(р)
Ҳаҷар – санг
Махдум – он кас, ки ходимон дорад, сарвар
Синҷоб – санҷоб; пӯсти санҷоб, либоси нарму латифи хокистарии мӯйин
Хаз – самур; ин ҷо ба маънии ҷомаи абрешимин
Ҳарир – парниён, абрешими тоза ва нафис, дебое, ки ҳеҷ як аз тору пудаш хом набошад
Дағо – норост, пастниҳод, ҳаромзода
Харзаҳра – дарахти баргзаҳр бо гулҳои сурху сафед, ки баргаш монанди барги бед аст; гули гӯсолакуш
Пӯзиш – узрхоҳӣ, афв, маъзарат
Накӯҳиш – сарзаниш, айбгӯӣ


Ассалому алайкум ҳамдиёрони арҷманд!
Ман боварӣ дорам, барои соли 2025 ба маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" худатон ва дӯстонатонро обуна карда, барои пешрафти адабиётамон кӯмак мекунед.
Нархи обуна барои як сол 200 000 сӯм.
Аз ҳамаи Шумо сипосгузорем, ки бо ёрии Шумо се соли расо маҷаллаи мо бо сифати хуб руйи чопро мебинад.

Карта барои обуна.

Алоқабанк.
Ҳумокарта

9860190109124999
Шукуров Асадулло

Баъди гузаронидани маблағ варақаи ҳисобӣ ( чек)- ро бо суроғаатон ба мо фиристед ба Шумо варақаи тасдиқ ( квитанция) медиҳем.
Барои ба Шумо саривақт расонидани маҷалла кафолат медиҳем.

Бо арзи эҳтиром ва хоҳиш ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ".

https://t.me/durdonai_sharq


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
#Табрик

ИНСОНИ БАРОЯМ ХЕЛЕ АЗИЗ!

Соле гузашт аз мо соли дигар муборак,
Соли вафою аҳду соли зафар муборак!

Мо сарҳисоб кардем умри гузаштаи худ,
Умри азизи моро ин дам самар муборак!

Соли нави фарорасида барои ҳамаамон муборак бошад!

АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА,
сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"


https://t.me/DURDONAI_SHARQ


Forward from: АДАБИЁТИ ТОҶИКИ ӮЗБЕКИСТОН
СОЛИ НАВ МУБОРАКАМОН БОД!

Фарорасии Соли нави 2025-ро ба ҳамаи ҳамдиёрону ҳамзабонон, минҷумла, адибону равшанфикрони тоҷики Ӯзбекистон самимона шодбош мегӯям. Сол нав мешавад, умед аст, ки фикру андешаҳои мо низ таҷдид гардида, барои пешрафти маънавият хидмат мекунанд. Соли нав дар хонаводаи ҳар якеи мову шумо бахту саодат, шодмониву комёбӣ, саломативу сарбаландӣ, самимияту меҳрубониро ҳамроҳ биёрад. Барои якояки шумо барори кору эҷод масъалат дорам.

Боз як сол ба ҳукми таърих меравад ва дар тақвими зиндагӣ сафҳаи нав оғоз мешавад. Ин сафҳаро ҳамеша бо беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёт музайян кардан барои ҳамаамон насиб кунад. Ҳамеша  сарҷамъу комёб бимонед.

Соли нав омад, умеди тоза хоҳам баҳри ту,
Шодии бемислу беандоза хоҳам баҳри ту.

Бо иродат Хусрав Саъдуллоҳ


https://t.me/adabiyotitojik_uz


ШЕЪРИ "СОЛИ НАВ"-И ШУКРУЛЛОҲ СИРОҶ ДАР ИҶРОИ САЛИМШОҲИ РАҲМАТУЛЛО
https://youtube.com/watch?v=b0jmQxmzN_0&si=eSNGrZPue74SbBZE


Video is unavailable for watching
Show in Telegram


Дӯстони азиз!
Ҳар яки Шуморо аз номи  МАРКАЗИ МИЛЛИ ВА ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОНИ ДЕҲНАВ (раиси марказ Шерзод Саидов) бо фаро расидани соли нави мелодии 2025 самимона табрику муборакбод мегӯем.

Соли нави 2025–ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем. Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони Шумо соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!

Бигзор Соли нав ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва нусратҳои нав оварад.

Соли нави мелодӣ муборак, дӯстони азиз!

Боз омад ба дари мо соли нав,
Боз омад бахти нав, иқболи нав.
Боз омад соли неку фоли нав,
Боз омад шӯри нав бо боли нав.

Бар дар омад “Барфак”-и ҷомасапед,
Ҳамраҳи “Бобои барфӣ” бо умед.
Сайругашти пасту болову шикеб,
Ваҳ, чӣ ҳусни дилрабову дилфиреб..


https://t.me/Mesnihoe


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
СОЛИ НАВИ ИСАВӢ МУБОРАКУ ХУҶИСТА БОД, АЗИЗОНИ ДИЛАМ!


Forward from: Файзи Ғелон


Forward from: Файзи Ғелон





15 last posts shown.