⁉️ #Чигуна_як_духтар_ва_зани #афиф_покдоман бошем?
🔹хели аз хоҳарони мо идаои афиф буданро мекунанд, аммо воқеан як духтар афиф кист?
🔸Иффат аз муҳимтарин сифати як зани муъмина ва солеҳа аст. Як бону афиф ҳам нафаси худро маъсум нигоҳ медорад ва ҳам дигаронро аз афтодан ба фитна ҳифз мекунад. Ӯ фарзандонашро ба беҳтарин шакл тарбият мекунад ва худаш барои онҳо улгуи як шахси солеҳ мешавад.
🔹Аллоҳ عزوجل "Иффати" Марям Бинти Имронро сутуда ва фармудааст:
{وَمَرْيَمَ ابْنَتَ عِمْرَانَ الَّتِي أَحْصَنَتْ فَرْجَهَا فَنَفَخْنَا فِيهِ مِن رُّوحِنَا وَصَدَّقَتْ بِكَلِمَاتِ رَبِّهَا وَكُتُبِهِ وَكَانَتْ مِنَ الْقَانِتِين}
(Таҳрим :12).
Тарҷума:«Ҳамчунин Аллоҳ (аз миёни мӯъминон, дувумин улгӯй) Марям духтари Имронро мисол задааст ки доман ба гуноҳ наёлуда ва худро пок нигоҳ дошт, ва мо аз руҳ мутаълиқ ба худ дар ӯ дамидам, ва ӯ суханони парвардигораш ва китобҳояшро тасдиқ кард, ва аз зумраи мутиъон ва фармондорони Аллоҳ буд.
Барои касби ин сифат наметавонем танҳо бар одатҳои фитри ё омузишҳо ва тарбияти даврони кудаки иктифо кунем балки дар ин роҳ бояд ба ҷиҳод бо нафс ва тазкияи руҳ бипардозем ва аз корҳои бад даст бикашем. Хушо ба ҳоли касе ки ба ин ахлоқи бузург ва сифати шариф даст ёфта аст.
♦️Асбобе ки дар роҳи касби иффат моро ёри медиҳад иборатанд аз:
🔹️Тарбияти духтарбачаҳо бар асоси ҳаё ва пушидаги ва ахлоқи ҳамида.
🔹Тазкияи ҳамешагии нафс ва рӯй овардан ба тоат.
🔹Ҳамнишини бо солеҳон.
🔹Дури аз ҳар чизе ки қалбро аз тоъати Аллоҳ عزوجل мунҳариф мекунад.
🔹худдори аз тамошои аксҳои ғайри ахлоқи ва шунидани таронаҳои фосид.
🔹Иктифо ба сухани маъруф ва мутаъриф байни мард ва зан ва аз ҳад нагузаронидани суҳбат ба шакле ки маҳбуб дустиҳои ҳаром шавад.
🔹Пайрави накардан аз гомҳои шайтон.
🔹Пойбанд ба иффат ба хотири даст овардани ба ризоияти Аллоҳ бошем на фақат барои раҳои аз сухани мардум ва ҳифзи обуруйй ва некноми.
🔹Ёри хостан аз Аллоҳ барои субот ва. Пойдори бар имон ва зиёд дуо кардан барои касби он.
🔹ҳифзи неъмати иффат бо ба ҷо овардани шукри он.
🔹Таваҷҷӯҳ ба ин ки афиф будан тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва шоиста нест ки зане онро ба қудрати азим ва иродаи худ нисбат диҳад ва фазли Аллоҳро дар ин неъмат фаромӯш кунад.
🔹Аз занони солеҳ ва покдоман пайравӣ кунед, ки ҳамсарони Паёмбар ва духтарони ӯ ва ононеро, ки Аллоҳ таъоло дар китоби худ васф кардааст.
🔹Сабр бар фитнаҳо ва пойбанд ба таҳорат ва покдомани дар замоне, ки доъиёни шаҳват мешуморанд ва дастёби ба шаҳватҳо бисёр осон аст. Сабр дар чунин замон кори бузургест ки савоби фаровоне назди Аллоҳи мутаъол дорад.
🔹Пойбанди иффат ва ҳаё дар зоҳир ва ботин. Шоиста нест зане бо зоҳири афиф ва бо ҳашамат мудом ба чап ва рост чашм бигардонад, аммо дар ҷалби назар мардум бошад ё назди номаҳрамон сухани нарм ва нозук бигӯяд ва ё бо ҳаракоти худ дигарон ба фитна биандозад ва ба наҳве ки бар ӯ ҳаром аст сабаби таҳрики қалбҳо шавад.
🔹Зани муъмина ва афифа ганҷигарнбаҳо аст, гавҳари сарбаста аст, ва рукни муҳиме барои саодати ҷомеаи исломи аст. Ӯ барои ҳамсараш асбоби осон ва оромиш ва барои фарзандонаш тарбияи саҳеҳ ва барои волидайнаш хушноми ва сарбаландиро фароҳам мекунад.
📚баргирифта шуд аз китоби« ончи ки ҳама занони мусалмон бояд бидонанд!».
•┈┈┈•✿🌸✿•┈┈┈•
Дар канали телеграм «ончи ки ҳама занони мусалмон бояд бидонанд!» аъзо шуда,ва аз аҳкомоти дини Аллоҳ عزوجل огоҳи ҳосил кунед👇
📮
https://t.me/zanoni_musalmon