ЗАНОНИ МУСАЛМОН🌷


Channel's geo and language: not specified, not specified
Category: not specified


Коноли бедори барои он заноне, ки то ҳол дар ғафлат умр ба сар мебаранд, ва дониста ё надониста дар бархе аз масоил муртакиби куфр мешаванд...
Ин ша Аллоҳ дар ин канал барои #занони мусалмон аҳкоми Аллоҳ ва расул Аллоҳ ﷺ ба нашр гузошта мешавад.

Related channels  |  Similar channels

Channel's geo and language
not specified, not specified
Category
not specified
Statistics
Posts filter




⛔️ #‌Духтарони_зинокорро бишносед.....

🔹Духтароне, ки аз хона фирор мекунан, бидонанд дар ғазаби Аллоҳ عزوجل гирифтор шуда, ва никоҳашон дуруст набуда, ва то рӯзи қиёмат аз зинокорон маҳсуб мешаванд.

🔹Хоҳарам марде, ки ҳозир аст бо ту ах хона фирор кунад, бидон дар он мард ҳиҷ хайре нест, агар имрӯз ҳозир аст бо ту фирор кунад пас юидон ки рӯзи дигар бо каси дигаре фирор мекунад, чун ҳаргоҳ никоҳ бо ризояти хонаводаҳо сурат нагирад, оқибат хубе надорад, ва завҷайн аз умри худ лаззат намебаранд ва ҳатто агар соҳиби фарзанд ҳам гарданд, назди онҳо хиҷолат мебошанд.

🔸Аз модарамон Оиша رضي عنها ривоят аст, ки паёмбар ﷺ фармуд
«أیما امرأة لم ینکحها الولی فنکاحها باطل، فنکاحها باطل، فنکاحها باطل»[إبن ماجه].
Яъне: «Ҳар зане, ки Вали (сарпараст) ӯро ба издивоҷ надиҳад издивоҷаш ботил аст, издивоҷаш ботил аст, издивоҷаш ботил аст».

🔸Ва низ Оиша رضی الله عنها ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ Фармуд:
«لانکاح إلا بولی و شاهدی عدل»[جامع الصغیر البانی 7557) )].

Яъне: «Издивоҷ бидуни вали ва ду шоҳид ъадли Саҳеҳ нест».

🔸Ва низ ривоят шудааст, ки:
«وعن ابن عباس أن النبي ﷺ قال : " البغايا اللاتي ينكحن أنفسهن بغير بينة "» (والأصح أنه موقوف على ابن عباس)[Ривояти Тирмизи].

Яъне: «Аз Ибни Аббос رضي الله عنهما ривоят аст, ки вай мегӯяд: ки Расули Аллоҳ ﷺ Фармуд: занони зинокор касонеанд, ки бидуни гувоҳон ва ба танҳои никоҳи худро ақд мекунанд»
(Саҳеҳ инест, ки ин ҳадис мавқуф аст).

🔸Ва низ ривоят шудааст, ки
«وعن جابر عن النبي ﷺ قال :« أيما عبد تزوج بغير إذن سيده فهو عاهر »
[رواه الترمذي وأبو داود والدرامي].

Яъне: «аз Ҷобир رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ Фармуд: ҳар шахсе ки бидуни иҷозаи сарпарасти худ бо касе никоҳ бибандад ва зинокор аст».

🔸Ва низ ривоят шудааст, ки:
«وعن أبي هريرة قال : قال رسول الله ﷺ : " لا تزوج المرأة المرأة ولا تزوج المرأة نفسها فإن الزانية هي التي تزوج نفسها "»
📚[Ривояти Ибни Моҷа].

Яъне: «Расули Аллоҳ ﷺ Фармуд: бояд занеро дар никоҳи касе дарнаёвард, зани касеро вали гардида наметавонад ва ҳиҷ зан худро дар никоҳи касе дар наёвард, зеро зани зинокор ҳамон зане аст, ки худро дар никоҳи касе дар овард».

📚аз китоби: «ончи ки ҳама занони мусалмон бояд бидонанд»
•┈┈┈•✿🌸✿•┈┈┈•

Ба саҳифаи мо «Он чи ки ҳама занони мусалмон бояд бидонанд‌» дохил шавед ва аз аҳкомоти дини Аллоҳ عزوجل огоҳи ҳосил кунед.👇
📮https://t.me/zanoni_musalmon


Хоҳарони гироми, ин мавзӯъро дар сафаҳоти иҷтимоӣ нашр кунед.

⬇️⬇️⬇️




‼️ #Гуноҳонам_зиёд_шуде, наметавонам тавба кунам, чун Ин андоза гуноҳонро Аллоҳ намебахшад!...:

🔹Бархе аз хоҳаронро бипурси ки чаро бештар аз ҳама гуноҳ анҷом медиҳи?
Мегӯяд: чун гуноҳонам зиёд шуде,наметавонам ба даргоҳи Аллоҳ рӯй оварам....

🔹Ин ҳарфро шайтон ба гунаҳкорон ваҳи мекунад, чун исрор баргуноҳ аз ҷурмҳои азим шумурда шуда аст.

🔸Хоҳарам мисли (одам алайҳи салам) бош, гуноҳ кард, ва баъд аз гуноҳ рӯй ба Аллоҳ намуд, сипас Аллоҳ ӯро бахшид, ва дар гуноҳ монанди (иблис) набош, чун гуноҳ кард ва рӯйи ба Аллоҳ наёвард, пас Аллоҳ ӯро дар дунё ва охират ронд....

🔹хоҳарам, аз раҳмати Аллоҳ ноумед нашав! Нагу ки гуноҳонам бисёр шуде ва тавба мумкин нест....

عنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِیَ الله عَنهُ، قَالَ: النبی ﷺ: وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ لَوْ لَمْ تُذْنِبُوا لَذَهَبَ اللهُ بِكُمْ، وَلَجَاءَ بِقَوْمٍ يُذْنِبُونَ، فَيَسْتَغْفِرُونَ اللهَ فَيَغْفِرُ لَهُمْ»[صحيح مسلم، ۲۷۴۹].
Яъне "Аз Абуҳурайра рази Аллоҳу анҳу ривоят" аст, ки паёмбар ﷺ фармуд: «Қасам ба он касе ки ҷонам дар дасти ӯст! Агар шумо гуноҳ намекардед, қатъан Аллоҳ шуморо аз байн мебурд ва ба ҷои шумо қавме меовард ки гуноҳ мекарданд ва аз Аллоҳ бахшиш металабиданд ва онгоҳ Аллоҳ онҳоро мебахшид».

🔹Ва низ паёмбар ﷺ мефармояд:
«لَوْ أَنَّ الْعِبَادَ لَمْ یُذْنِبُوا لَخَلَقَ اللهُ خَلْقًا یُذْنِبُونَ ثم یَغْفِرُ لَهُمْ، وَهُوَ الْغَفُورُ الرَّحِیمُ»[‌ترمذی].
Яъне :«агар бандагон гуноҳ намекарданд, Аллоҳ халқе меофарид, ки гуноҳ кунанд то биёмурзадашон ки ӯ омурзгор ва меҳрубон аст».

🔹Шайх ислом ибни таймия رحمه الله мефармояд:
«‌لایحل لاحد أن یقنت من رحمة الله ولو عظمت ذنوبه»(‌مجموع الفتاوی).
Яъне : »муносиб ва ҳалол нест барои ҳиҷ шахс ки аз раҳмати Аллоҳ ноумед шавад. Агарчи гуноҳонаш бузург бошад».

🔹хоҳарам, Аллоҳ ҳозир аст тавбаи туро бипазирад, оё ту ҳозир ҳасти тавба куни?
Ҳамин ҳоло тасмим бигир то иваз шави!
🔸ҳамсари фиръавн тасмим гирифт то иваз шавад ва шуд як аз занони волои биҳишти....
Писари Нӯҳ тасмим гирифт барои ивазшудан надошт... ғарқ шуд ва шуд дарси ибрате барои ояндагон....
Аввали ҳамсари як тугёнгар буд ва дувуми писари як паёмбар...!!!

Барои иваз шудан ҳиҷ баҳонае қобили қабул нест... Ин худат ҳасти ки тасмим мегири то иваз шави...

🔹Ибни Қайюм رحمه الله мегуяд: «Аллоҳ гуноҳони моро мепӯшонад, сипас моро садо мезанад, сипас гуноҳони моро ъавф мекунад, сипас дасти моро медорад, ва баъд аз он гуноҳони моро табдил ба ҳасанот мекунад».
╭┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈╮
​​​​◌ ​ོ| @zanoni_musalmon 🍃
╰┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈╯


⬇️⬇️⬇️




Дар канали телеграм ‌«ончи ки ҳама занони мусалмон бояд бидонанд!‌» аъзо шуда,ва аз аҳкомоти дини Аллоҳ عزوجل огоҳи ҳосил кунед👇

📮 @zanoni_musalmon




⁉️ #Чигуна_як_духтар_ва_зани #афиф_покдоман бошем?

🔹хели аз хоҳарони мо идаои афиф буданро мекунанд, аммо воқеан як духтар афиф кист?

🔸Иффат аз муҳимтарин сифати як зани муъмина ва солеҳа аст. Як бону афиф ҳам нафаси худро маъсум нигоҳ медорад ва ҳам дигаронро аз афтодан ба фитна ҳифз мекунад. Ӯ фарзандонашро ба беҳтарин шакл тарбият мекунад ва худаш барои онҳо улгуи як шахси солеҳ мешавад.

🔹Аллоҳ عزوجل "Иффати" Марям Бинти Имронро сутуда ва фармудааст:
{وَمَرْيَمَ ابْنَتَ عِمْرَانَ الَّتِي أَحْصَنَتْ فَرْجَهَا فَنَفَخْنَا فِيهِ مِن رُّوحِنَا وَصَدَّقَتْ بِكَلِمَاتِ رَبِّهَا وَكُتُبِهِ وَكَانَتْ مِنَ الْقَانِتِين}
(Таҳрим :12).

Тарҷума:«Ҳамчунин Аллоҳ (аз миёни мӯъминон, дувумин улгӯй) Марям духтари Имронро мисол задааст ки доман ба гуноҳ наёлуда ва худро пок нигоҳ дошт, ва мо аз руҳ мутаълиқ ба худ дар ӯ дамидам, ва ӯ суханони парвардигораш ва китобҳояшро тасдиқ кард, ва аз зумраи мутиъон ва фармондорони Аллоҳ буд.
Барои касби ин сифат наметавонем танҳо бар одатҳои фитри ё омузишҳо ва тарбияти даврони кудаки иктифо кунем балки дар ин роҳ бояд ба ҷиҳод бо нафс ва тазкияи руҳ бипардозем ва аз корҳои бад даст бикашем. Хушо ба ҳоли касе ки ба ин ахлоқи бузург ва сифати шариф даст ёфта аст.

♦️Асбобе ки дар роҳи касби иффат моро ёри медиҳад иборатанд аз:
🔹️Тарбияти духтарбачаҳо бар асоси ҳаё ва пушидаги ва ахлоқи ҳамида.

🔹Тазкияи ҳамешагии нафс ва рӯй овардан ба тоат.
🔹Ҳамнишини бо солеҳон.
🔹Дури аз ҳар чизе ки қалбро аз тоъати Аллоҳ عزوجل мунҳариф мекунад.

🔹худдори аз тамошои аксҳои ғайри ахлоқи ва шунидани таронаҳои фосид.
🔹Иктифо ба сухани маъруф ва мутаъриф байни мард ва зан ва аз ҳад нагузаронидани суҳбат ба шакле ки маҳбуб дустиҳои ҳаром шавад.

🔹Пайрави накардан аз гомҳои шайтон.

🔹Пойбанд ба иффат ба хотири даст овардани ба ризоияти Аллоҳ бошем на фақат барои раҳои аз сухани мардум ва ҳифзи обуруйй ва некноми.

🔹Ёри хостан аз Аллоҳ барои субот ва. Пойдори бар имон ва зиёд дуо кардан барои касби он.

🔹ҳифзи неъмати иффат бо ба ҷо овардани шукри он.

🔹Таваҷҷӯҳ ба ин ки афиф будан тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва шоиста нест ки зане онро ба қудрати азим ва иродаи худ нисбат диҳад ва фазли Аллоҳро дар ин неъмат фаромӯш кунад.

🔹Аз занони солеҳ ва покдоман пайравӣ кунед, ки ҳамсарони Паёмбар ва духтарони ӯ ва ононеро, ки Аллоҳ таъоло дар китоби худ васф кардааст.

🔹Сабр бар фитнаҳо ва пойбанд ба таҳорат ва покдомани дар замоне, ки доъиёни шаҳват мешуморанд ва дастёби ба шаҳватҳо бисёр осон аст. Сабр дар чунин замон кори бузургест ки савоби фаровоне назди Аллоҳи мутаъол дорад.

🔹Пойбанди иффат ва ҳаё дар зоҳир ва ботин. Шоиста нест зане бо зоҳири афиф ва бо ҳашамат мудом ба чап ва рост чашм бигардонад, аммо дар ҷалби назар мардум бошад ё назди номаҳрамон сухани нарм ва нозук бигӯяд ва ё бо ҳаракоти худ дигарон ба фитна биандозад ва ба наҳве ки бар ӯ ҳаром аст сабаби таҳрики қалбҳо шавад.

🔹Зани муъмина ва афифа ганҷигарнбаҳо аст, гавҳари сарбаста аст, ва рукни муҳиме барои саодати ҷомеаи исломи аст. Ӯ барои ҳамсараш асбоби осон ва оромиш ва барои фарзандонаш тарбияи саҳеҳ ва барои волидайнаш хушноми ва сарбаландиро фароҳам мекунад.

📚баргирифта шуд аз китоби«‌ ончи ки ҳама занони мусалмон бояд бидонанд!».
•┈┈┈•✿🌸✿•┈┈┈•

Дар канали телеграм ‌«ончи ки ҳама занони мусалмон бояд бидонанд!‌» аъзо шуда,ва аз аҳкомоти дини Аллоҳ عزوجل огоҳи ҳосил кунед👇

📮 https://t.me/zanoni_musalmon


Ба иштирок бигзоред.

⬇️⬇️




🔹Мутаасифона бархе аз хоҳарони мусалмон аз аксарият аҳкомоти Иллоҳи огоҳи надоранд, ва гоҳе нохоста бархе аз аъмолеро анҷом медиҳанд ки ҳатто сабаби куфрашон мегардад.

🔸аз ҳамин лиҳоз хостем дарсеро аз қуръон ва ҳадис ба шакли матн, ки ҳам мутолиа битавонанд ва ҳам барои дигарон бирасонанд дар канали телеграм:«‌Он чи ки ҳама занони мусалмон бидонанд !», оғоз кунем ин шаа Аллоҳ.

🌺Пас вориди канали телеграм «‌Он чи ки ҳама занони мусалмон бидонанд !» шуда ва занони мусалмоне ки дар ҷустуҷӯи ҳақиқатанд, иттилоъ диҳед.

Адреси канал👇
@zanoni_musalmon


بسم الله الرحمن الرحيم🌸

14 last posts shown.

63

subscribers
Channel statistics