#Панднома_Дарс_барои_хоинон
Рӯзе подшоҳ Султон Салим дар бозор чарх мезад. Чашмаш ба кабкфурӯше мерасад. Наздаш меравад. Қимати кабкҳоро мебинад. Нархи кабкҳо 1 танга тилло, аммо боз дар қафаси алоҳида кабке ҳаст, ки қиматашро 100 танга тилло мегӯяд.
Султон Cалим мепурсад:
- Чаро дигар кабкҳо 1 танга тилло, аммо ин кабки дар қафас буда 100 танга тилло?
Кабкфурӯш мегӯяд:
- Ин кабке, ки 100 танга тилло арзиш дорад, чунон садое дорад, ки дигар кабкҳоро наздаш ҷамъ мекунад ва барои дастгир кардани дигар кабкҳо бароям кӯмаки зиёде мешавад.
Султон Салим 100 танга тилло дода кабкро мехарад. Султон Салим кабкро гирифта, сарашро аз тан ҷудо мекунаду мегӯяд:
- Оқибати қавмфурӯшӣ ҳамин аст!
*** Ягон баҳона хоиниро намебахшад. Хоин бояд ҷазо бубинад, то дарс ба дигарон шавад. Яке аз бузургонамон фармудааст: «Душмани худатро бубахш, аммо душмани ватану миллататро асло».
@pandhoi_buzurgon