АДАБИЁТИ ТОҶИКИ ӮЗБЕКИСТОН


Channel's geo and language: not specified, not specified
Category: not specified



Channel's geo and language
not specified, not specified
Category
not specified
Statistics
Posts filter


ЗОДРӮЗ МУБОРАК БОД!

Имрӯз узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, адабиётшиноси пуркор ва тарҷумони соҳибистеъдод, доктори фалсафа оид ба илмҳои филология Олимҷон Давлатов зодрӯз доранд. Мавсуфро ба ин муносибат самимона шодбош гуфта, барояшон комёбиҳои фаровонро таманно дорем. Воқеан, таълифоти арзишманди муҳаққиқ О.Давлатов имрӯз дар байни ховаршиносон ва адабиётшиносони ватаниву хориҷӣ мавриди пазироии гарм қарор гирифтаанд ва бозгӯйи дониши амиқу ҷаҳонбинии васеи муаллиф мебошанд.
Солу молу фолу ҳолу аслу наслу тахту бахт
Бодат андар шаҳриёрӣ барқарору бардавом.
Сол хуррам, мол вофир, фол некӯ, ҳол хуш,
Асл собит, насл боқӣ, тахт олӣ, бахт ром.


https://t.me/adabiyotitojik_uz


Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон,
сармуҳаррири маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ"

САМАРҚАНДНОМА

(Дубайтиҳо дар васфи Самарқанд)

Туро умре будам ҷӯё, Самарқанд,
Ба васфат ман шудам гӯё, Самарқанд.
Зи Оби Раҳматат нӯшидаам ман,
Ту бешак сайқали дунё, Самарқанд.
*
Шуда Боғишамолат манзили ман,
Бибурда маҳвашонат ин дили ман,
Самарқандо, шудам шайдо ба ҳуснат,
Арӯси Шарқи ту, шав моили ман.
*

Самарқанд шаҳри мардони баор аст,
Барои ховариён ифтихор аст.
Қадам оҳиста мон, эй марди ғофил,
Ки ҳар як зарраи хокаш мазор аст.
*
Самарқандо, кунун дар мотамам ман,
Чу рӯди Дарғами ту дар ғамам ман.
Ниҳоли меҳри ёрон решакан шуд
Ва ё к-аз ҳаҷр чашми пурнамам ман.
*

Зи Шоҳизиндабобо зинданомам,
Зи илму маърифат пурнур шомам.
Самарқанди ба ҷону дил баробар,
Зи қанди номи ту пуршаҳд комам.


https://t.me/adabiyotitojik_uz


Дилшодаи ФАРҲОДЗОД,
шоир ва номзади илмҳои филология

ДУБАЙТИҲО


Шаби ялдо сапед ояд, азизам,
Шаби ишқу умед ояд, азизам.
Рубоб андар бару рабъу рубоӣ,
Шаби шӯри набид ояд, азизам.

Яди ялдоии шабҳо гирифтам,
Ба дасти кӯтаҳам табҳо гирифтам.
Зи торикии матлабҳо гирифтам,
Зи қилу қоли мактабҳо гирифтам.

Шаби ялдоӣ дилҳомон гирифтаст,
Ба оби дида гилҳомон гирифтаст.
Гирифтанҳои моро баргир, эй ишқ,
Даруни дидаҳомон даргир, эй ишқ.

Шаби ҳиҷрони ту ялдоӣ бошад,
Шаби як ошиқи савдоӣ бошад.
Нигоҳат мегурезад аз нигоҳам,
Мисоли баччаи ҳарҷоӣ бошад.

https://t.me/adabiyotitojik_uz


Муҳаммад ШОДӢ,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон

МОДАРҲО БАҲОРАНД

Натанҳо аввалин омӯзгоранд,
Як умр устоди мо дар рӯзгоранд.

Чу гулҳои ҳаёт астанд тифлон,
Биҳиштоғӯш модарҳо баҳоранд.

Писар бар ҳифзи меҳан то фиристанд,
На зан, марданд. Марди сарсупоранд.

Ҳазорон бор ранҷонем, бахшанд,
Пайи омурзишанд, омурзгоранд.

Чу ҷону дил гуселонданд ҳар сӯ,
Кунун дар роҳи онҳо чашмчоранд.

Дилу ҷонанд морову дилу ҷон,
Зи таҳти ҷону дил моро шуморанд.

Даме дасти дуоро мекушоянд,
Гумоне ҳамдами Парвардгоранд.

ДАР ТАҚВИЯТИ ЭРАҶ МИРЗО

Ба шому бар шаби фарзанд хуршеди саҳар модар,
Мунаввар хонадонҳо аз чароғи шуълавар – модар.

Чу меҳри модарӣ чун нури хуршед аст оламгир,
Бидонад, айни дам, фарзанди худ нури басар модар.

Табассум мекунад дунёи вай, чун тифл мамнун аст,
Чу фарзанд аст дилхун, мехӯрад хуни ҷигар модар.

Дар он дам ҳам, ки мегиряд дили ӯ, мезанад лабханд,
Насозад дард рӯ, пинҳон намояд чашми тар модар.

Ба сӯйи қиблаи уммед чун муслим рӯй орем,
Намоем, эй бародарҳои ҷон, таъзим бар модар.

Баробар гарчи модар ҳам падарро дӯст медорем,
Назар бар қиблагаҳ гӯё бидорад дӯсттар модар –

Падар ҳам гарчи фарзанд аз дилу ҷон дӯст медорад,
Бидорад дӯст моро бо дилу ҷони дигар модар!

https://t.me/adabiyotitojik_uz


Масъуди МИРЗО,
шоир ва пажӯҳишгар

ВАТАН
Қатраам, қатраи дарёи Ватан,
Зарраам, зарраи дунёи Ватан.
Лаҳзаам, лаҳзаи ҳамсанги абад
Дар дили динаву фардои Ватан.

Бо Ватан дурри Адан дар садафам,
Бе Ватан санги раҳам, боди кафам.
Бо Ватан аз насаби халқи шариф,
Бе Ватан бе насабам, бе шарафам.

Ин Ватан нест фақат кӯҳи қадим,
Ё ки ин хонаву дар, шаҳри азим.
Ин Ватан ҳуввияту ориятам,
Ин Ватан неъмати Аллоҳи наъим!

https://t.me/adabiyotitojik_uz


Абдулло СУБҲОН,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон

ЗАБОНИ МАН

Ту бояд қад кашӣ чун сарви озод,
Ту бояд пар занӣ мисли кабӯтар.
Туро бояд, ки бошад реша дар об,
Фазои беғубори нилӣ бар сар.

Намедонам дигарҳо бе ту чунанд,
Надорад чархи ман бе ту ситора.
Намедонам дигарҳо бе ту чунанд.
Надорад синаам бе ту шарора.

Ту дар ман омадӣ бо шири модар,
Равӣ бо ҷонам, ай дар хун нишаста.
Чу мо ҳастем бо ҳам решапайванд,
Куҷо пайванди мо гардад гусаста.

Рақибонат набошад кам дар олам,
Шумори дӯстонат ҳам зиёданд.
Туро бо чашми кам ёрон надиданд,
Рақибон лек рӯзи хуш надоданд.

Даровезам ба рағми душманонат,
Дар ин раҳ бими ҷону бими сар нест.
Дар ин раҳ сарбадори охиринам,
Агарчи Суғдро хавфи дигар нест.

Бародарвор гирам андар оғӯш,
Валекин дӯстонатро, забонам.
Бинӯшам шарбати ҳарфу ҳиҷошон,
Наботу қанди ту андар даҳонам.

Ту бояд қад кашӣ чун нахли озод,
Пар афшонӣ ба монанди кабӯтар.
Туро бояд, ки бошад реша дар об,
Фазои беғубори нилӣ бар сар.

https://t.me/adabiyotitojik_uz


ПАЙМОН,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон

ЎЗБЕКИСТОН, ЎЗБЕКИСТОН

Ҳеҷ шак бар ин сухан нест,
Тифли инсон беватан нест.
Баҳри ҳамчун ман ҳабибат,
Ҳубби ту панд аст, фан нест.

Ўзбекистон, Ўзбекистон,
Ҳафт пуштамро Ватан!
Сарзамини саргузаштам,
Сарнавиштамро Ватан!

Пойдорам дар мадорат,
Беканорам дар канорат,
Ай маро эҳдои такдир,
Устуворам чун ҳисорат.

Ўзбекистон, Ўзбекистон,
Ҳафт пуштамро Ватан!
Сарзамини саргузаштам,
Сарнавиштамро Ватан!

Силкиву марҷони тустам,
Дидаӣ, мижгони тустам.
То ҷаҳон боқист ин сон
Ҷони ҷони ҷони тустам.

Ўзбекистон, Ўзбекистон,
Ҳафт пуштамро Ватан!
Сарзамини саргузаштам,
Сарнавиштамро Ватан!

Қисматам бо туст пайванд,
Дар ту бо сад решаам банд.
Муттакои муддаоям,
Кай тавонам аз ту дил канд?!


Ўзбекистон, Ўзбекистон,
Ҳафт пуштамро Ватан!
Сарзамини саргузаштам,
Сарнавиштамро Ватан!

Эзадӣ обу гиламро,
Маснадӣ ҷону диламро.
Ғайр аз меҳри ту набвад,
Мушкилифшо мушкиламро

Ўзбекистон, Ўзбекистон,
Ҳафт пуштамро Ватан!
Сарзамини саргузаштам,
Сарнавиштамро Ватан!

Дуррӣ ту, дурдонаи ту,
Ҷонӣ ту, ҷононаи ту,
Зодагонатро чу Паймон,
Унси ҷовидонаи ту.

Ўзбекистон, Ўзбекистон,
Ҳафт пуштамро Ватан!
Сарзамини саргузаштам,
Сарнавиштамро Ватан!

https://t.me/adabiyotitojik_uz


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
Шеър ва қироати шоир Абдуллоҳи РАҲМОН

https://t.me/adabiyotitojik_uz


АЗ "ШОҲНОМА"

Биноҳои обод гардад хароб
Зи борону аз тобиши офтоб,
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон неёбад газанд,
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.


Абулқосими ФИРДАВСӢ

https://t.me/adabiyotitojik_uz


Эй номи ту беҳтарин сароғоз,
Бе номи ту нома кай шавад боз?

Адабиёт воситае аст, ки инсонҳоро муттаҳид месозад, дилҳоро ба ҳам наздик мекунад. Маҳз, бо назардошти тарғиби адабиёти бадеӣ ва таҳким бахшидани ҳамдиливу ҳамфикрӣ шабакаи "Адабиёти тоҷики Ӯзбекистон" таъсис дода мешавад. Адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол сол ба сол рушд мекунад ва барои ташаккули шуури милливу умумибашарии халқи мо дар хидмат мебошад. Минбаъд дар шабака намунаи осори адибони маҳалливу хориҷӣ гузоштаву тарғиб карда мешавад, то ки муштоқони каломи бадеӣ онҳоро мутолиа кардаву мазоқи ҷонашонро хуш созанд.

https://t.me/adabiyotitojik_uz

10 last posts shown.

67

subscribers
Channel statistics