TGStat
TGStat
Type to search
Advanced channel search
  • flag English
    Site language
    flag Russian flag English flag Uzbek
  • Sign In
  • Catalog
    Channels and groups catalog Search for channels
    Add a channel/group
  • Ratings
    Rating of channels Rating of groups Posts rating
    Ratings of brands and people
  • Analytics
  • Search by posts
  • Telegram monitoring
سفیر معرفت

19 Nov, 13:21

Open in Telegram Share Report

Бешак, чунин ҳамроҳӣ ва масъулиятшиносӣ шоистаи қадрдонии вижа аст.

Дар ин фурсат, ба раёсат ва дастандаркорони Маркази матбуот ва нашриёти илмии Scientific Publication, созмондиҳандагони озмуни байналмилалии «Фидоии илм» ва ҳамаи устодон, доварон ва ҳамроҳоне, ки дар шаклгирӣ ва қадрдонии ин рӯйдод нақш доштаанд, самимона сипосгузорӣ менамоям.

Ҳамчунин, аз ҷаноби Хайрулло Аршӣ, шоир ва ҳунарманди Ӯзбекистон, Шукронаҷон Шеръалӣ ва хоҳари гиромии устод Зарина Дурахшон барои ирсоли дигар туҳфаҳои арзишманду меҳрубононаашон ва аз ҷаноби муҳандис Ҳашматулло Ватанёр, ки заҳмати интиқоли ин маҷмӯаро аз Мазори Шариф ба Теҳрон ба уҳда гирифтанд, аз самими қалб қадрдонӣ менамоям.

Дар канори ин ифтихор, нашри мақолаи илмии инҷониб бо унвони «Наврӯз; рамзи дӯстӣ ва ҳамгароии фарҳангӣ» ба забони ӯзбекӣ дар шумораи аввал ва замимаи дуюми китоби «Фидоии илм ва фан»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2026 низ аз дигар дастовардҳои арзишманди ин рӯйдод ба шумор меравад. Ин мақола, ки баргирифта аз таҳқиқоти анҷомдодашуда дар бораи ҷойгоҳи Наврӯз дар пайванди миёни фарҳангу миллатҳост, бо ҳадафи шарҳу тавзеҳи зарфиятҳои ин ойини бостонӣ барои густариши дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгароии фарҳангӣ ба нашр расидааст.

Барои ман ин унвону нишон ва нашри мақолаи илмӣ беш аз он ки як ифтихори шахсӣ ё ёдгории рамзӣ бошад, нишонаи арзиш ва зарфияти таҳқиқ дар арсаи фарҳангу тамаддун ва ангезаи тозае барои идомаи роҳи донишандӯзӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва тақвияти ҳамгароӣ миёни миллатҳо мебошад. Таҳқиқоти «Наврӯз; рамзи ҳамгароии фарҳангии фаромарзӣ» низ бо ҳамин нигоҳ ба нақши ин ойини бостонӣ дар пайванди миллатҳо, барҷаста сохтани арзишҳои муштараки инсонӣ ва густариши гуфтугӯи миёни фарҳангҳо мепардозад.

Бовар дорам, ки арзиши воқеии чунин ифтихорот замоне ошкор мегардад, ки ба ангезае барои талоши бештар, тавлиди дониш ва хидмат ба фарҳангу ҷомеа табдил шаванд. Умедворам, ки дониш, таҳқиқ ва фарҳанг ҳамчунон забони муштараки дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгароии миллатҳо боқӣ бимонанд.

Бо меҳру сипос,
Бисмиллоҳ Шарифӣ

20 0 0
Catalog
Channels and groups catalog Channels compilations Search for channels Add a channel/group
Ratings
Rating of Telegram channels Rating of Telegram groups Posts rating Ratings of brands and people
API
API statistics Search API of posts API Callback
Our channels
@TGStat @TGStat_Chat @telepulse @TGStatAPI
Read
Академия TGStat Telegram Research 2019 Telegram Research 2021 Telegram Research 2023
Contacts
Справочный центр Support Email Jobs
Miscellaneous
Terms and conditions Privacy policy Public offer
Our bots
@TGStat_Bot @SearcheeBot @TGAlertsBot @tg_analytics_bot @TGStatChatBot