ҲАМВАТАН ВА ҲАМЗАБОНОНИ АРҶМАНД!Мо ҳайати эҷодии рӯзнома ба муносибати 100-умин солгарди таъсиси нашрияи сарнавиштсози тоҷикон – “Овози тоҷик”, ки як аср боз кошонаи ҳар як соҳибзабонро мунаввар месозад ва барои дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия кардани насли ҳамзабонони мо саҳм мегузорад, дар телеграм фаъолияти канали “
ОВОЗИ ТОҶИК”-ро ба роҳ мондем.
Хуб медонем, ки нахустин шумораи рӯзнома соли 1924 маҳз дар Самарқанд чоп гардид.
Инак, имрӯз Рӯзи шаҳри Самарқанд аст ва мо хостем дар ин рӯзи накӯ фаъолияти каналро ҳамоҳанг бо талаби замон роҳандозӣ кунем!
БО МО БОШЕД ВА МО БАРОИ ШУМО: – беҳтарин мақолаҳоро дар мавзӯи муҳими рӯз;
– тозатарин ахбор аз ҳаёти Ӯзбекистон;
– муҳимтарин рӯйдодҳои минтақа ва ҷаҳон;
– матолиби ҷолиб аз бойгонии садсолаи рӯзнома ва
наворҳои ибратбахшро пешкаш мекунем!Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".
Telegram |
Facebook |
Site