Азия-Плюс TJ


Гео и язык канала: Таджикистан, Таджикский
Категория: Новости и СМИ


Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Гео и язык канала
Таджикистан, Таджикский
Категория
Новости и СМИ
Статистика
Фильтр публикаций


⚡️Бузургтарин боғи чормағз: даромад аз кӯҳу пушта

Ҳамагон дар Тоҷикистон чормағзро ҳамчун як чизи маъмулӣ ва худрӯй тасаввур мекунанд, ки қариб дар саросари кишвар мерӯяд.


Вале парвариши ин меваи серғизо алакай як самти алоҳидаи кишоварзӣ шудааст. Яке аз бузургтарин боғи чормағз дар шаҳри Турсунзода аст. Аввалин ниҳолҳоро инҷо 5 сол қабл шинониданд.

Ҳозир дар 30 гектар қариби 8 ҳазор дарахти чормағзи навъи амрикоии “Чандлер 8а” ҳосил медиҳад. Ва имсол аввалин ҳосили онро гирифта истодаанд. Дар бораи ин боғи нодир, парвариши чормағз дар ҳаҷмҳои бузург ва даромад аз он - дар гузориши вижаи мо!

Шарики расмии лоиҳа Гурӯҳи ширкатҳои "Нексигол" аст, ки зиёда аз 15 сол дар соҳаи кишоварзӣ хизмат мерасонад. Аз ҷумла, хизматрасонии машваратӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии кишоварзӣ ва фармоиши маводҳои кишоварзию иҷораи техника.

https://mushovir.org
https://hosil.tj

https://youtu.be/Pe7x8el2gPU

Бо ❤️ бошед: Telegram


⚡️ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 10-уми ноябр барои ширкат дар ниишастии изтирории арабию исломӣ ба Арабистони Саудӣ рафтааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷуҳури кишвар хабар медиҳад.


Ба гуфтаи расонаҳо, нишасти мазкур пагоҳ, 11-уми ноябр дар шаҳри Риёз баргузор мегардад.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди мавзӯъҳое, ки дар нишаст баррасӣ мешаванд, мушаххас чизе нагуфтааст.

Дар симмати изтирории арабию исломӣ, ки 11-уми ноябри соли гузашта дар Риёз гузашта буд, Эмомалӣ Раҳмон аз вуқуъи ҷанг дар Фаластин нигаронӣ карда, ба таври қотеъ эълон кард, ки аз таъсиси давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад.

Раисҷумҳури кишвар гуфта буд, Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии Фаластинро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта, аз он ҷумла, занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад.

“Ҳолати имрӯза бори дигар он ҳақиқатро собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад”, - таъкид карда буд Эмомалӣ Раҳмон.

Бо ❤️ бошед: Telegram


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
⚡️ “На дар ҳама ҷо”. То куҷо сокинони Душанбе худро амн ҳис мекунанд

Миёни сокинони Душанбе пурсише гузаронда, муайян кардем, ки то куҷо худро дар пойтахт амн ҳис мекунанд.


Аксари пурсидашудагон гуфтанд, ки дар маркази шаҳр ва маҳалҳои атрофи он худро бехатар эҳсос мекунанд, вале дуртар аз марказ барояшон хавфнок менамояд. Махсусан, шабона.

Аз амният бештар духтарон шикоят карданд. Ба қавли онҳо, дар дилхоҳ ҷою вақт нафаре метавонед ба духтарон чизе гӯяд, роҳашонро гирад ва ё дашном диҳад.

“Онҳоро аксаран ҳатто оиладориву ҳамроҳам будани  фарзандам боз намедорад” - гуфт яке аз сокинон.

Дар умум, аксарият қайд намуданд, ки вазъи бехатарӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар аст ва имрӯз метавон то нимашаб озод дар кӯчаҳои пойтахт сайругашт кард.

Бо ❤️ бошед: Telegram


Сел ба 28 хонавода дар Тоҷикобод зарар расондааст

💬 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, дар натиҷаи омадани сели рӯзи 6-уми ноябр дар ноҳияи Тоҷикобод 28 хонавода зарар дидаанд. Гуфта мешавад, ки талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар умум аз омадани сел 2 бинои истиқоматӣ, ду хона, 12 иншооти ёрирасон ва 12 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон хароб шудаанд.

"Инчунин, 750 метр хатти интиқоли об, 6 пули байни деҳаҳо, 214 сар чорвои хурд ва 22 сар чорвои калон осеб диданд", - афзудааст манбаъ.


КҲФ гуфтааст, ки комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Тоҷикобод ҳаҷми хисороти расидаро муайян карда истодааст.

Ёдрас мешавем, ки КҲФ қаблан хабар дода буд, ки дар натиҷаи боронҳои сахти рӯзҳои 6-ум ва 7-уми ноябр дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд сел омада, роҳҳо ва хонаҳои чандин нафарро вайрон кардааст.

Бо ❤️ бошед: Telegram


❗️Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои русӣ хост, ба мусофирон хӯроки гарм диҳанд

🛫 Рӯзи 8-уми ноябр Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон дар сомонааш навишт, ки аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ дархост кардааст, дар вақти парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс ба мусофирон хӯроки гарм диҳанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, бо дархости онҳо аз рӯзи 1-уми ноябр ширкатҳои ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”, “Сибирь”, “Северный Ветер”, “ЮТэйр” ва “Ямал” изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар вақти парвоз аз Тоҷикистон ба Руся ва баръакс дар дохили ҳавопаймо ба мусофирон хӯроки гарм медиҳанд.

"Аз оғози мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 (аз 1 ноябри соли 2024) ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ мусофирони нақлиёти ҳавоиро, ки давомнокии парвозашон зиёда аз 3,5 соат мебошад, бо хӯроки гарм таъмин намуда истодаанд", - омадааст дар хабари Оҷонсии ҳавонавардӣ.


То ҳол мушаххас нест, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ба вижа ширкатҳои русӣ ин дархости Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистонро иҷро кардаанд, ё не. Аммо ин ниҳод мегӯяд, ба фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон дастур додааст, ки иҷрои ин масъаларо таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Бо ❤️ бошед: Telegram


❗️Тоҷикистон ҳамлаи интиҳорӣ дар Покистонро маҳкум кард

📨 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи интиҳорӣ ба шаҳри Кветтаи Покистон ва куштаву захмӣ шудани шаҳрвандони ин кишвар дар натиҷаи он, ба Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳур ва Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон барқияи таслият ирсол кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома ҳамлаи интиҳорӣ ба шаҳри Кветтаро "ваҳшиёна" хонда, онро қотеона маҳкум кардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон муборизаи сарҷамъонаи беамон алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароро зарур шуморидааст.

Ӯ ба раисҷумҳур, сарвазир ва наздикону пайвандони қурбониёни ин ҳамала ҳамдардӣ ва арзи таслият карда, барои осебдидагон шифои комил хостааст.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар Покистон субҳи 9 ноябр дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кветта рух дод. Дар натиҷаи он 27 нафар, аз ҷумла, занону кӯдакон кушта ва зиёда аз 50 нафари дигар захмӣ шуданд.

Бо ❤️ бошед: Telegram


📢 Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ дар Душанбе

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузории Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ дар Душанберо
эълон мекунад.

👨🏻‍🎓 Давоми як ҳафта сафорат имкониятҳои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои ИМА ва кишварҳои дигарро рӯнамоӣ карда, дар бораи тарзи интихоби ихтисосу донишгоҳ, ҳуҷҷатсупорӣ ва ба даст овардани стипендияву грантҳо нақл мекунад.

📆Маърака аз 18 то 22 ноябр давом мекунад. Барои иштирок тариқи QR-код ва ё пайванди зер номнавис кунед:

https://forms.gle/WFv8LpLrYygV3FrGA

Бо ❤️ бошед: Telegram


Репост из: Радио Азия-Плюс
Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
🔥 Хабарҳои ҷаддиди олами санъату овозхонӣ, тафсилоти бештар дар бораи овоздиҳӣ тариқи телеграм-саҳифаи радиои «Азия-Плюс» ва як дунё хабару иттилои дигар дар доираи «Рӯзномаи Тарона».

❤️‍🔥Ба ҷонибдории таронаи писандидаатон овоз бидиҳед ва таронаҳои беҳтаринро аз радиои «Азия-Плюс» бишунавед.

🤝Ташкилотчиёни маросими бошукуҳи сол - @radioasiaplus ва @icb.tajikistan

🎧 Моро тариқи online гӯш кунед

📢Обуна шавед /Telegram /Instagram


⚡️ Ихроҷи 20 ҳазор муҳоҷир аз Русия дар доираи як амалиёт

🚨 Мақомоти Русия дар натиҷаи амалияёти "Нелегал-2024" 20 ҳазор муҳоҷирро аз ин кишвар ихроҷ мекунанд.

💬 Дар ин бора Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилаи Русия дар ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод хабар дода, гуфтааст, ки дар ин амалиёт беш аз 106 ҳазор қонунвайронкунӣ аз сӯйи муҳоҷирон ошкор шудааст.

Мақомоти Русия мушаххас нагуфтаанд, ки ин муҳоҷирон шаҳрвандони кадом кишварҳо ҳастанд. Аммо ба Русия бештар муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон ба муҳоҷират мераванд.

Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Русия гуфтааст, дар рафти амалиёти "Нелегал-2024" ё худ ҳамон амалиёт алайҳи муҳоҷирон ё шаҳрвандои хориҷӣ, ки ҳузурашон ғайриқонунӣ аст, мақомоти Русия барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ бар зидди беш аз 4 ҳазор муҳоҷир парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, алайҳи 684 нафари дигар барои убури ғайриқонунии сарҳади Русия, муомилоти ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир ва моддаҳои мадҳушкунанда парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Бояд гуфт, мақомоти Русия қаблан гуфта буданд, ки дуюмин марҳилаи амалиёти “Нелегал-2024”, аз 30-юми сентябр то 6-уми октябр гузаронида мешавад. Марҳилаи аввали амалиёти мазкурро мақомоти ин кишвар таҳти сарпарастии Созмони Аҳдномаи амниятидастаҷамъӣ (СААД) моҳи июни соли 2024 гузаронда буданд.

Ёдрас мешавем, ки пас аз ҳамла ба "Крокус" дар Маскав озору азият ва фишору ихроҷи муҳоҷирон дар Русия якбора афзуд.

Бо ❤️ бошед: Telegram


❗️Хонандагони азиз!

Мо
сомонаи нави худро озмоиш мекунем. Ҳоло дар он танҳо маводҳое, ки имрӯз нашр шудааанд, дастрас аст. Маводҳои пешина (бойгонӣ)-ро тавассути сомонаи амалкунанда дар ин пайванд хонед.

Бо ❤️ бошед: Telegram


⚡️Давоми як шабонарӯзи гузашта бар асари ҳодисаҳои нохуш дар кишвар ду нафар ба ҳалокат расид, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Ба гуфтаи манбаъ, як сокини ноҳияи Айнӣ рӯзи 8-уми ноябр ба чоҳи "Комбинати металлургии кӯҳии Тоҷикистон", ки 70 метр чуқурӣ дорад, афтода ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Ҳодисаи дигаре, ки боис ба марги як нафар шудааст, субҳи рӯзи 8-уми ноябр дар ноҳияи Лахш рух додааст.

Тибқи иттилоъи манбаъ, сокини 28-солаи деҳаи Сафеҷари ҷамоати Нурафшони ин ниҳоя ҳангоми шикори бузҳои кӯҳӣ аз баландии тақрибан 400-500 метр афтода, ҷон бохтааст.

КҲФ мегӯяд, ӯ ҳамроҳи дӯсташ барои шикори бузҳои кӯҳӣ ба кӯҳистон рафта, ҳангоми гузаштан аз кӯҳ бар асари намии хок лағжида ба поён меафтад.

Ин ниҳод аз мардум хостааст, ки барои пешгирӣ аз рух додани ҳодисаҳои нохуш қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Бо ❤️ бошед: Telegram


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#Чӣбоядкард

Чӣ бояд кард, агар низоми гармдиҳӣ кор намекунад


📣 Агар дар кори низоми гармдиҳии манзили шумо мушкиле ҳаст ва ё он корношоям шудааст, метавонед ба ситодҳои фаврии доимоамалкунанда дар ҳукумати шаҳр ва мақомоти ҳокимияти давлатии ҳамаи ноҳияҳои пойтахт муроҷиат намоед.

Ҳамаи арзу шикояти марбут ба ҳолати шабакаҳои гармидиҳӣ то нуқтаи интиқол (элеватор)-и хонаи мушаххас тариқи ☎️ хадамоти диспетчерӣ 231-75-01 ва 231-32-79, инчунин шабонарӯзӣ бо телефонҳои 932016127 ва 933001524 қабул карда мешаванд.

❗️Дар ҳамин ҳол, бояд донист, ки бартараф намудани нуқсу носозиҳо дар низоми гармидиҳии бино ва таҷҳизоти гармидиҳии дохили хона аз ҳисоби соҳибони манзил иҷро карда мешавад.

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед!


🥊 Пагоҳ дар дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмиллалии муштзанӣ байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми раисҷумҳури Тоҷикистон оғоз мегардад.

💬 Дар ин бора ҳукумати вилояти Суғд хабар дода, навиштааст, ки дар он беш аз 100 варзишагар аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ширкат меварзанд.

Ба гуфтаи манбаъ, мусобиқа давоми чор рӯз, аз 10-ум то 13-уми ноябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад.


Бо ❤️ бошед: Telegram




Дар Душанбе имрӯз, 8-уми ноябр ҳамоиши “Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038” баргузор шуд.

Ин ҳамоиш аз ҷониби ташкилоти “Хома” созмондеҳӣ шуда, дар он намояндагони ҳукумат, парлумон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон ширкат ва доир ба мавзӯи ҳуқуқи инсон гуфтугӯ карданд.

Ба гуфтаи масъулин, ҳамоиш бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон, эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва чорабиниҳои Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038” омода шудааст.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ рӯзноманигорон масъалаҳои фаъолияти расонаҳо дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, жанру қолабҳои “журналистикаи нав”  барои инъикоси масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, сиёсати редаксионии хабаргузориҳо дар инъкоси масоили ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи инсон аз нигоҳи эҷодиро ба баррасӣ гирифтанд.

Дар идома замимаи мобилии “Маърифати ҳуқуқӣ” (https://marifatihuquqi.tj), ки аз ҷониби “Хома” таҳия шудааст, муаррифӣ гардид. Созандагони ин замима мегӯянд, он барои боло бурдани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби арзишҳои демократӣ дар ҷомеа пешбинӣ шудааст.

Бо ❤️ бошед: Telegram


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
🇹🇯🇰🇬🇺🇿🇰🇿 🇹🇲 Абдураҳмон Фозилов, блогери ӯзбекистонӣ парчами панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар Антарктида насб кард.

🌏 Ин кори ӯ ба таври рамзӣ минтақаро дар яке аз дурдасттарин ва сардтарин қитъаҳои сайёра муттаҳид мекунад.

❗️Бояд гуфт, аввалин маротиба парчами Тоҷикистонро дар Антарктида 14 сол пеш, 6 январи соли 2009 олими тоҷик Абдулҳамид Қаюмов барафрохта буд.

Бо ❤️ бошед: Telegram


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#пурсидедҷавобмедиҳем

Чӣ бояд карда агар номи шумо дар рӯйхати «Шахсони таҳти назорати» ВКД-и Русия бошад


❗️Тибқи дастурамали Вазорати муҳоҷират, шаҳрвандони мазкур бояд то 5 феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати Русия муроҷиат намоянд то худро қонунӣ сабт кунанд ва ё қаламрави ин кишварро тарк намоянд. Дар акси ҳол, онҳо ихроҷ карда мешаванд.

Агар номи шумо дар рӯйхат бошад, аммо шумо аллакай ихтиёран қаламрави Русияро тарк карда бошед ва мехоҳед номи худро аз рӯйхат хориҷ кунед, метавонед ба мақомоти муҳоҷират дар ҷойи истиқомат муроҷиат кунед.

Агар шумо душаҳрвандӣ доред ё дар қаламрави Русия қонунан кор кунед, вале номи шумо дар рӯйхат ҳаст, ҳатман ба намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат намоед.

Будан ё набудани номатонро шумо метавонед дар Telegram-боти «Азия-Плюс» ➡️apnamecheck_bot санҷед.
_

Таблиғ: Ширкати «Оби Зулол» маҳсулоти нав – нӯшокии энергетикии RC Energy Drink бо таъми афлесун ва маракуяро тақдим мекунад. Ин нӯшоки ба шумо нерӯ мебахшад, хастагиро коҳиш медиҳад ва майнаи шуморо барои фаъолияти босуръат ҳавасманд месозад.



Показано 18 последних публикаций.