Телеграмм - канали Қорӣ Исмат ( https://t.me/KoriIsmat1917 )
бо андӯҳи гарон хабар медеҳад:Нависанда, рӯзноманигор ва блогнавис Ҳабиб Саид, ки солҳо боз дар Интернет ба таблиғу муаррифии таърих, адабиёт, мусиқӣ ва чеҳраҳои намоёни Тоҷикистон машғул буд, дар 71-солагӣ дар Оренбург даргузашт. Ӯ дар солҳои 90-ум, дар айёми ҷанги дохилии Тоҷикистон, ба Русия рафта, то охири умр дар онҷо монд.
Ҳабиб Саид дар солҳои охир силсилаи блогу саҳифаҳоро дар бахши адабиёт, сиёсат, фарҳанг ва ходимони маъруфи Тоҷикистон дар Интернет гардонандагӣ мекард. Дар саҳифаи ӯ дар Ютуб мусиқӣ ва гуфтору наворҳои нодире аз даврони Шӯравии собиқ ҷой ёфтаанд. “Душмани №1-и тоҷик – вируси М”, яке аз сохтаҳои ӯ дар бораи дарди маҳалгароӣ дар Тоҷикистон аст.
Ӯ низ дар телеграмм - канали
https://t.me/hsl53 охирин маводи худро рӯзи 30.12.2024 гузошта буд.
Ба
https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед