Ба Макка гар равад сангӣ зиёрат,
Намегардад сафед ӯ баъди тоат.
* * *
Агар баҳри харе созӣ зин аз зар,
Ҳамон хар боз мемонад ҳамон хар.
* * *
Касе, ки доимо ҳарфаш дурӯғ аст,
Чароғи синаи ӯ бефурӯғ аст.
* * *
Агар поши ба саҳро донаи ҷав,
Аз он дона бирӯяд сабзаи ҷав.
* * *
Касе, ки дар дилаш ишқу вафо нест,
Ба чашму оразаш нуру сафо нест.
* * *
Ҷафо сози агар бар мустаманде,
Ҷафо бинӣ ту ҳам аз зӯрманде.
* * *
Зи кору фикри бад доим ҷудо бош,
Ба ҳар асно ту доим бо худо бош!
* * *
Сири касро ба гӯши кас магӯ ту,
Гуноҳи худ ба пеши кас машӯ ту.
* * *
Гули саҳро надорад бӯи сунбул,
На ҳар мурғе бихонад ҳамчу булбул.
* * *
На ҳар кас мӯнису ҳамроз бошад,
На ҳар нозукбадан ғаммоз бошад.
* * *
Сухан аз Эзиди якто ато аст,
Зи пушти кас сухан гуфтан хато аст.
* * *
Сухан сармояи инсони комил,
Ки аз ақли расо гардад ҳосил.
* * *
Сухан беҳуда гуфтан нораво аст,
Дутори тор канда бенаво аст.
* * *
На ҳар дил хонаи андӯҳу дард аст,
На ҳар як мардсимо ҳамчу мард аст.
* * *
На ҳар хушгӯиҳо оғози ишқ аст,
На ҳар як ҳарфи зебо рози ишқ аст.
* * *
Ба ҳар кас боварӣ кардан набояд!
Ба ҳар кас рози дил гуфтан нашояд!!!
Намегардад сафед ӯ баъди тоат.
* * *
Агар баҳри харе созӣ зин аз зар,
Ҳамон хар боз мемонад ҳамон хар.
* * *
Касе, ки доимо ҳарфаш дурӯғ аст,
Чароғи синаи ӯ бефурӯғ аст.
* * *
Агар поши ба саҳро донаи ҷав,
Аз он дона бирӯяд сабзаи ҷав.
* * *
Касе, ки дар дилаш ишқу вафо нест,
Ба чашму оразаш нуру сафо нест.
* * *
Ҷафо сози агар бар мустаманде,
Ҷафо бинӣ ту ҳам аз зӯрманде.
* * *
Зи кору фикри бад доим ҷудо бош,
Ба ҳар асно ту доим бо худо бош!
* * *
Сири касро ба гӯши кас магӯ ту,
Гуноҳи худ ба пеши кас машӯ ту.
* * *
Гули саҳро надорад бӯи сунбул,
На ҳар мурғе бихонад ҳамчу булбул.
* * *
На ҳар кас мӯнису ҳамроз бошад,
На ҳар нозукбадан ғаммоз бошад.
* * *
Сухан аз Эзиди якто ато аст,
Зи пушти кас сухан гуфтан хато аст.
* * *
Сухан сармояи инсони комил,
Ки аз ақли расо гардад ҳосил.
* * *
Сухан беҳуда гуфтан нораво аст,
Дутори тор канда бенаво аст.
* * *
На ҳар дил хонаи андӯҳу дард аст,
На ҳар як мардсимо ҳамчу мард аст.
* * *
На ҳар хушгӯиҳо оғози ишқ аст,
На ҳар як ҳарфи зебо рози ишқ аст.
* * *
Ба ҳар кас боварӣ кардан набояд!
Ба ҳар кас рози дил гуфтан нашояд!!!