Ҳумоюн бод ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли меҳан!
Санаи 9-уми сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихӣ дар сарнавишти миллати тамаддунофари тоҷик – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад, ки барои ҳар яки мову шумо иди муқаддас ва азизтарину муҳимтарин маҳсуб меёбад.
Чи гунае, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад».
Кормандони Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» бошукӯҳтарин ҷашни миллӣ, 30-юмин солгарди Истиқлолро ба Шумо ҳамватанони азиз табрик намуда, бароятон тансиҳатию сарфарозӣ,рӯзгори осуда, комёбиҳои беназир ва бахту иқболу саодатро ҳамеша орзу менамоянд.
Хуҷаста бод шарафмандтарин ҷашни миллати куҳанбунёди тоҷик !