۞ Марги худро ёд ору гиряи бисёр кун,
❁ Меравӣ рӯзе ба хоку тушае тайёр кун.
۞ Ногоҳ бувад аз ин ҷаҳонат бибаранд,
❁ Аз ҳалқаи ҷамъи дӯстонат бибаранд.
۞ Ғофил манишин замон замонат бибаранд,
❁ Гар ту нахоҳӣ, давон давонат бибаранд.
۞ Бибанданд дасту поятро,
❁ Пӯшонанд чашмҳоятро.
۞ Ин мазраъи умр аз нишот омада пок,
❁ Деҳқони аҷал накишт ҷуз тухми ҳалок.
۞ Чун донаи гандум ҳама бо сад дили чок.
❁ Аз хок баромаданду рафтанд ба хок.
۞ Куҷо шуд сарвати авлоди Одам?
❁ Куҷо шуд аҳмади маҳбуби Хотам?
۞ Куҷо шуд оммаи меҳроҷи афлок?
❁ Ба Ясриб рафт зери пардаи хок.
۞ Агар дунё ба кас поянда мебуд,
❁ Муҳаммад то ба ин дам зинда мебуд.
۞ Агар дунё ба кас мекард вафоӣ,
❁ Намекард аз он ҳазрат ҷудоӣ.
۞ Занам фарёду гӯям то қиёмат,
❁ Куҷоӣ ё Муҳаммад ё Муҳаммад (ﷺ)
❁ Меравӣ рӯзе ба хоку тушае тайёр кун.
۞ Ногоҳ бувад аз ин ҷаҳонат бибаранд,
❁ Аз ҳалқаи ҷамъи дӯстонат бибаранд.
۞ Ғофил манишин замон замонат бибаранд,
❁ Гар ту нахоҳӣ, давон давонат бибаранд.
۞ Бибанданд дасту поятро,
❁ Пӯшонанд чашмҳоятро.
۞ Ин мазраъи умр аз нишот омада пок,
❁ Деҳқони аҷал накишт ҷуз тухми ҳалок.
۞ Чун донаи гандум ҳама бо сад дили чок.
❁ Аз хок баромаданду рафтанд ба хок.
۞ Куҷо шуд сарвати авлоди Одам?
❁ Куҷо шуд аҳмади маҳбуби Хотам?
۞ Куҷо шуд оммаи меҳроҷи афлок?
❁ Ба Ясриб рафт зери пардаи хок.
۞ Агар дунё ба кас поянда мебуд,
❁ Муҳаммад то ба ин дам зинда мебуд.
۞ Агар дунё ба кас мекард вафоӣ,
❁ Намекард аз он ҳазрат ҷудоӣ.
۞ Занам фарёду гӯям то қиёмат,
❁ Куҷоӣ ё Муҳаммад ё Муҳаммад (ﷺ)