Занозанӣ дар "Арбоб". Як кас боздошт шудааст, дигарон дар куҷо?
"Гуфтанд, аз пешонияш захм бардоштааст ва устухони паси гарданаш низ кафидааст. Коғазаш дар инҷо ҳаст." Ин нақли Сайиднисо Қосимова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар бораи писари 34-солааш, Аюбҷон Неъматов, аст. Мақомот ӯро баъди як занонзании гурӯҳӣ дастгир кардаанд.