ЯК ҲИКОЯТ АЗ "АХЛОҚИ МӮҲСИНӢ"
Гӯянд, вазири Атобак аз моли подшоҳ хайри бисёр кардӣ. Атобак муставфиро фармуд, ки дигар чизе ба касе надиҳӣ, ки дастат бибурам. Рӯзи дигар дарвеше аз вазир чизе бихост. Муставфиро гуфт: Фалон чизро ба ӯ бидеҳ. Муставфӣ тааммул фармуд. Вазир гуфт: Чӣ тааммул мекунӣ? Аз он метарсӣ, ки дастат бибурад? Аз ин наметарсӣ, ки ман туро баровезам? Хабар ба Атобак расид, вазирро талабиду гуфт: Муставфиро чаро бармеовехтӣ? Гуфт: Ман мехостам, ки таноби саропардаи далати туро ба мехи давом истеҳком диҳаму ӯ намегузошт, на ки сазовор бар овехтан бошад. Атобак бигирист ва мартабаи ӯро баландтар гардониду хилъат дод.
Ва дар таворих мазкур аст, ки султон Маликшоҳро гуфтанд, ки: Низомулмулк ҳар сол аз хазина ҳазор динори халифатӣ ба уламову сулаҳо ва фақарову зовиядорон ва гӯшанишинон медиҳаду шуморо аз он ҳеч нафъе нест ва бад-он маблағ лашкари ҷаррор дарҳам метавон баст. Султон ин суханро ба хоҷа бозгуфт. Хоҷа фармуд, ки бад-он миқдор лашкари рӯз тартиб метавон кард, ки эшон душманонро ба шамшере, ки тӯли ӯ як заръ ва тире, ки рафтани ӯ сесад газ бошад, аз ту дафъ кунанд, ман барои ту ба ҳамон зар лашкари шаб тартиб мекунам, ки аз аввали шаб то саҳаргоҳ бар дарборгоҳи ҳазрати Илоҳ ба қадами сидқ истодаанду барои ту забони муддаову дасти баҳоҷат кушодаву шамшери ҳиммат ба абр мерасонанд ва тири оҳ аз сари ҳафт осмон мегузаронанд ва лашкари туву мо ҳама дар паноҳи эшонем. Байт:
Дигар магӯй, ки дарвеш дар паноҳи касест,
Ки шаҳриёри ҷаҳон дар паноҳи дарвеш аст.
Маликшоҳ бигиристу гуфт: Шод бошу барои ман беҳтар аз ин лашкар тартиб фармой.