СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او


Kanal geosi va tili: Butun dunyo, Inglizcha


🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿
аз Тоҷикони Ӯзбекистон
ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ,
ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ!
Шабакаи мо: @tojik
Барои пешниҳод : 👇✍️👇
@Anis_sc

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Kanal geosi va tili
Butun dunyo, Inglizcha
Statistika
Postlar filtri


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish


Дили модар
(Шеъри Эраҷ Мирзо)

Дод маъшўқа ба ошиқ пайғом,
Ки кунад модари ту бо ман ҷанг.
Ҳар куҷо бинадам аз дур кунад,
Чеҳра пурчину ҷабин пурожанг.

Бо нигоҳи ғазаболуд занад
Ба дили нозуки ман тири хаданг.
Аз дари хона маро тард кунад
Ҳамчу санг аз даҳани қалмосанг.

Гар ту хоҳӣ ба висолам бирасӣ,
Бояд ин соат бехавфу диранг
Равию синаи тангаш бидарӣ,
Дил бурун орӣ аз он синаи танг.

Ошиқи бехиради ноҳанҷор,
На, бал он фосиқи беисмату нанг
Рафту модарро афканд ба хок
Дил бурун овард аз он синаи танг.

Паи сарманзили маъшўқа намуд,
Дили модар ба кафаш чун норанг.
Аз қазо хўрд дами дар ба замин,
В-андаке суда шуд ўро оранг.

Аз замин боз чу бархост намуд
Паи бардоштани он оҳанг.
Дид, к-азон дили оғўшта ба хун
Ояд оҳиста бурун ин оҳанг:

Оҳ, дасти писарам ёфт харош!
Воҳ, пои писарам хўрд ба санг!

ЭЗОҲ: Хати форсиро соли 1989 навишта будам. Агар хотое ба назар афтад, нодида бигиред.


👑 شکوه پدر و مادر ❤ dan repost
Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
بخدا دلم هنوزرفتنتا نڪرده باور😭
ڪیا داغ جوان دیدن رفتنشا باور ڪردین؟


➖➖➖👑➖➖➖
❤️  @pedarr_madarr 👑
➖➖➖❤️➖➖➖


ТОҶИКОНИ ҶАҲОН dan repost
Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
#КАЮМАРС - аввалин подшоҳи ҷаҳон

#کیومرث نخستین پادشاه جهان

https://t.me/jahonitojikon






Шамсиддин Шерназаров. Зодаи Ғелондеҳаи Шаҳрисабз, парвардаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 58 ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ (деҳаи Ғелон). Падараш Шерназаров Маҳмуд то соли 1996 дар мактаби мазбур муаллими физика шуда кор кардааст. Ҳоло дар нафақа. Соли 2003 донишкадаи рассомӣ ва дизайни Тошканд ва соли 2006 магистратураи ҳамин донишкадаро бо ихтисоси кулолгарӣ хатм кардааст. Алъон доир ба ихтисоси кулолӣ фаъолият бурда истодааст. Ҳамзамон дар донишкадаи азизаш ба шогирдон аз нозукиҳои ҳунари кулолӣ дарс мегӯяд.
Аз соли 2006 аъзои иттиҳодияи “Ҳунарманд” ва аз соли 2010 аъзои Академияи рассомони Ӯзбекистон. Устодонаш: Шарипов Азиз, Чоршанбиев Муҳаммади, Каримов Абдувоҳид, Тошмуҳаммадов Фарҳод ва дигарон. Намунаи эъҷози дастонашро метавон дар гӯшаву канори Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, аз ҷумла Чиченистон мушоҳида кард.






АДАБИЁТИ ТОҶИКИ ӮЗБЕКИСТОН dan repost
ТАЪЗИЯ

Ба узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир ва файласуф Ҷаъфар Муҳаммад нисбати вафоти падари эшон Ҳоҷӣ Муҳаммад Холмуъминов изҳори ҳамдардӣ намуда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳем. Худованд охираташонро обод ва рӯҳашонро ғариқи раҳмат гардонад. Бозгашти ҳама ба сӯйи Ӯст.

Аз номи аъзои Шӯрои адабиёти тоҷик
Хусрав Саъдуллоҳ

https://t.me/adabiyotitojik_uz


АЗ ҲАР ЯК БОҒ ЯК....! dan repost
Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish


ЯК ҲИКОЯТ АЗ "АХЛОҚИ МӮҲСИНӢ"

Гӯянд, вазири Атобак аз моли подшоҳ хайри бисёр кардӣ. Атобак муставфиро фармуд, ки дигар чизе ба касе надиҳӣ, ки дастат бибурам. Рӯзи дигар дарвеше аз вазир чизе бихост. Муставфиро гуфт: Фалон чизро ба ӯ бидеҳ. Муставфӣ тааммул фармуд. Вазир гуфт: Чӣ тааммул мекунӣ? Аз он метарсӣ, ки дастат бибурад? Аз ин наметарсӣ, ки ман туро баровезам? Хабар ба Атобак расид, вазирро талабиду гуфт: Муставфиро чаро бармеовехтӣ? Гуфт: Ман мехостам, ки таноби саропардаи далати туро ба мехи давом истеҳком диҳаму ӯ намегузошт, на ки сазовор бар овехтан бошад. Атобак бигирист ва мартабаи ӯро баландтар гардониду хилъат дод.
Ва дар таворих мазкур аст, ки султон Маликшоҳро гуфтанд, ки: Низомулмулк ҳар сол аз хазина ҳазор динори халифатӣ ба уламову сулаҳо ва фақарову зовиядорон ва гӯшанишинон медиҳаду шуморо аз он ҳеч нафъе нест ва бад-он маблағ лашкари ҷаррор дарҳам метавон баст. Султон ин суханро ба хоҷа бозгуфт. Хоҷа фармуд, ки бад-он миқдор лашкари рӯз тартиб метавон кард, ки эшон душманонро ба шамшере, ки тӯли ӯ як заръ ва тире, ки рафтани ӯ сесад газ бошад, аз ту дафъ кунанд, ман барои ту ба ҳамон зар лашкари шаб тартиб мекунам, ки аз аввали шаб то саҳаргоҳ бар дарборгоҳи ҳазрати Илоҳ ба қадами сидқ истодаанду барои ту забони муддаову дасти баҳоҷат кушодаву шамшери ҳиммат ба абр мерасонанд ва тири оҳ аз сари ҳафт осмон мегузаронанд ва лашкари туву мо ҳама дар паноҳи эшонем. Байт:

Дигар магӯй, ки дарвеш дар паноҳи касест,
Ки шаҳриёри ҷаҳон дар паноҳи дарвеш аст.

Маликшоҳ бигиристу гуфт: Шод бошу барои ман беҳтар аз ин лашкар тартиб фармой.


9 - МУШҲО ВА РОСУҲО.doc
31.0Kb
9 - МУШҲО ВА РОСУҲО.pdf
51.7Kb
БАРОИ ФАРЗАНДОНУ НАБЕРАГОН БИХОНЕД!

Аммо саргурӯҳҳои бечора ба хотири шохҳои бузурге, ки ба сарашон баста буданд, наметавонистанд тӯи лонаҳояшон баргарданд. Ҳамаи саргурӯҳҳо беруни сӯрох гир афтода буданд. Росуҳои бадҷинс ба онҳо ҳамла карданд. Тамоми саргурӯҳҳо тӯи ин ҷанг аз байн рафтанд.
Баъд аз ин иттифоқ дигар ҳеҷ муше ҳозир нашуд саргурӯҳ бошад!




حقِّ نمک و خدمتِ مردُم بِشناس
تا روز و شبان تو را نمایند سپاس
بگریز از آن جای که باشد هم سنگ
خرمُهرا به لؤلؤ و حَجَر با الماس
Ҳаққи намаку хидмати мардум бишинос,
То рӯзу шабон туро намоянд сипос.
Бигрез аз он ҷой, ки бошад ҳамсанг
Хармӯҳра ба лӯълуву ҳаҷар бо алмос!

فرزند ز مخدوم که کارش ز اساس
محکم نبود ز درگهِ او بَهراس
رو نِه به فرار زانکه باشد هم وزن
سنجاب و خز و حریر با کُهنه پلاس
Фарзанд зи махдум , ки кораш зи асос
Маҳкам набувад зи даргаҳи Ӯ ба ҳарос,
Рӯ неҳ ба фирор з-он, ки бошад ҳамвазн
Синҷобу хазу ҳарир бо кӯҳнапалос.

زان قوم که حق شناس نبود بَهراس
دیوانِ دغایند که پوشیده لباس
ظلم است که هم دوش بُود در آن باغ
خرزهره بَشاخِ نسترن یا گلِ یلس
З-он қавм, ки ҳақшинос набвад ба ҳарос,
Девони дағоянд , ки пӯшида либос.
Зулм аст, ки ҳамдӯш бувад дар он боғ
Харзаҳра ба шохи настаран ё гули ёс.

گر خصم تورا نرمی و پوزش آرد
روزِ دگرت جنگ و نکوهِش آرد
در پوزشِ او نیز تو افزون تر کوش
مگذار که در کینه پزوهش آرد
Гар хасм туро нармиву пӯзиш орад,
Рӯзи дигарат ҷангу накӯҳиш орад.
Дар пӯзиши ӯ низ ту афзунтар кӯш,
Магзор, ки дар кина пазӯҳиш орад!

Биниш Ҳақҷӯ – بینِش حقجو

Ҳамсанг – ҳамвазн, ҳамнишин
Хармӯҳра – мӯҳраи калони камарзиш, ки ба гардани кӯдакону чорпоён банданд
Лӯълу – марворид, гавҳар, дур(р)
Ҳаҷар – санг
Махдум – он кас, ки ходимон дорад, сарвар
Синҷоб – санҷоб; пӯсти санҷоб, либоси нарму латифи хокистарии мӯйин
Хаз – самур; ин ҷо ба маънии ҷомаи абрешимин
Ҳарир – парниён, абрешими тоза ва нафис, дебое, ки ҳеҷ як аз тору пудаш хом набошад
Дағо – норост, пастниҳод, ҳаромзода
Харзаҳра – дарахти баргзаҳр бо гулҳои сурху сафед, ки баргаш монанди барги бед аст; гули гӯсолакуш
Пӯзиш – узрхоҳӣ, афв, маъзарат
Накӯҳиш – сарзаниш, айбгӯӣ


Ассалому алайкум ҳамдиёрони арҷманд!
Ман боварӣ дорам, барои соли 2025 ба маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" худатон ва дӯстонатонро обуна карда, барои пешрафти адабиётамон кӯмак мекунед.
Нархи обуна барои як сол 200 000 сӯм.
Аз ҳамаи Шумо сипосгузорем, ки бо ёрии Шумо се соли расо маҷаллаи мо бо сифати хуб руйи чопро мебинад.

Карта барои обуна.

Алоқабанк.
Ҳумокарта

9860190109124999
Шукуров Асадулло

Баъди гузаронидани маблағ варақаи ҳисобӣ ( чек)- ро бо суроғаатон ба мо фиристед ба Шумо варақаи тасдиқ ( квитанция) медиҳем.
Барои ба Шумо саривақт расонидани маҷалла кафолат медиҳем.

Бо арзи эҳтиром ва хоҳиш ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ".

https://t.me/durdonai_sharq

16 ta oxirgi post ko‘rsatilgan.