Шамсиддин Шерназаров. Зодаи Ғелондеҳаи Шаҳрисабз, парвардаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 58 ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ (деҳаи Ғелон). Падараш Шерназаров Маҳмуд то соли 1996 дар мактаби мазбур муаллими физика шуда кор кардааст. Ҳоло дар нафақа. Соли 2003 донишкадаи рассомӣ ва дизайни Тошканд ва соли 2006 магистратураи ҳамин донишкадаро бо ихтисоси кулолгарӣ хатм кардааст. Алъон доир ба ихтисоси кулолӣ фаъолият бурда истодааст. Ҳамзамон дар донишкадаи азизаш ба шогирдон аз нозукиҳои ҳунари кулолӣ дарс мегӯяд.
Аз соли 2006 аъзои иттиҳодияи “Ҳунарманд” ва аз соли 2010 аъзои Академияи рассомони Ӯзбекистон. Устодонаш: Шарипов Азиз, Чоршанбиев Муҳаммади, Каримов Абдувоҳид, Тошмуҳаммадов Фарҳод ва дигарон. Намунаи эъҷози дастонашро метавон дар гӯшаву канори Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, аз ҷумла Чиченистон мушоҳида кард.