Ҳоҷӣ_Мирзо_Online


Kanal geosi va tili: Tojikiston, Tojikcha
Toifa: Din


АССАЛОМУ АЛАЙКУМ, АЗИЗОН!
ДАР ИН САҲИФА АЗ НАСИҲАТҲОИ УЛАМОИ МАШҲУР ҲОҶӢ МИРЗОМУРОД ИБРОНОВ ГУЗОШТА МЕШАВАД!
ТОМОШО ВА ГӮШ КУНЕД ВА БАҲРАЕ БИГИРЕД ВА БА ДАСТГОҲАТОН ЗАХИРА НАМОЕД!
БА САҲИФА АЪЗО ШАВЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ ТАКЛИФ НАМОЕД!

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Kanal geosi va tili
Tojikiston, Tojikcha
Toifa
Din
Statistika
Postlar filtri


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish














Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
📹 ҲОҶӢ МИРЗО - САВОЛУ ҶАВОБ.
👤 #САХИФАИ_ИСЛАМ_

@Hoji_Mirzo_Online






Вақте, ки падар бо фарзанди худ кори хонагии ӯро иҷро мекард, гуфт: Чаро дафтарҳоят ҳамагӣ тозаву оростаанд ва дар онҳо калимаҳои зишту нописанд ва хатҳои зиёдатӣ нанавиштаӣ?
Писар бо таваҷҷуб гуфт: Охир муаллим онҳоро ҳар рӯз мебинад ва баҳо мегузорад.
Падар гуфт: Дафтари зиндагиатро низ пок нигаҳ дор. Чун Яке ҳаст, ки ҳар лаҳза онро мебинад ва баҳо мегузорад.

ألَم يَعلَم بأنَّ اللهَ يَري؟
Оё инсон намедонад, ки Худо ӯро мебинад?

(Сураи Алақ, ояи 14)


➩ Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉https://t.me/tarbiyai_farzand




ҲАТМАН ХОНЕД
АБУҲАНИФА ТАМОМИ ХИЛОФАТИ ШАРҚИИ ИСЛОМРО АЗ АРАБШАВӢ ЭМИН ДОШТ...

Аввалин соҳибмазҳаб ва ба расмиятдароварандаи забони форсӣ дар ислом.

Нуъмон ибни Собит ибни Зутто (Завтӣ) ибни Моҳ ё ибни Марзбон ал-Форсӣ ё Товус ибни Ҳурмуз маъруф ба Имоми Аъзам ва Абуҳанифаи Кӯфӣ т: рӯзи Наврӯзи 699, ш. Кӯфа Ироқ (аҷдодаш аз Тахористони Хуросон буд); в: 767 (пас аз шиканҷаи зиёд, дар зиндони халифа аз дунё даргузашт).

Яке муассисони аввалин ва маъруфтарин мазҳабҳои дини ислом - ҳанафӣ. Аз ҷумлаи бузургтарин қонуншиносони асримиёнаӣ, аввалин донишманде, ки дар олами ислом ба навиштани китобҳои илмӣ-таҳқиқотӣ асос гузошт.

Нахустин соҳибмазҳабе, ки забони порсии дариро дар олами ислом баъд аз забони арабӣ забони асосӣ, балки муқаддас эълом дошт ва бад-он восита ин забон интишори азим ёфт ва сипас, бо вуҷуди зарбаҳои ҳалокатбори ақвоми кӯчии бегона ва абарқудратҳо, пойдор монд.

Дар миёни донишмандони форс-тоҷик дар падид овардани забони илмӣ, динӣ, адабӣ ва катбии форсии дарӣ беҳамтост. Яке аз бузургтарин пешвоёни воқеӣ дар ташаккули фарҳангу адаби халқи тоҷик аст.

Фатвои маъруфи вай дар бораи забони форсӣ Эронзамин, балки тамоми хилофати шарқии исломро аз арабшавӣ эмин дошт, яъне, ӯ наҷотдиҳандаи аслии забони миллии мо дар имтидоди ҳазор соли ахир аст.

Сомониён дар асоси ин фатвои ӯ тамоми китобҳои зарурии таърихӣ ва таълимиро форсӣ карданд ва бад-ин восита забони адабии мо шакл гирифта, густариши азим ёфт ва дуввумин забони байналмилалии олами ислом шуд.

Осор: «ал-Фиқҳу-л-акбар», «ал-Фиқҳу-л-абсат», «ал-Олим ва-л-мутаъаллим», «Рисола барои имоми Басра - Абумуслим ал-Баттӣ», «ал-Васият», «ал-Муснаду-л-Имоми-л-Аъзам».

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV), - Душанбе: "Эр-граф", 2022, саҳ. 9-10




#ТАВСИЯҲОИ_ТИББИИ_АСОСӢ...

1. Чои сабзро дам карда гармогарм бо асал омехта нӯшед, барои майна фоидаи зиёд дорад.

2. Дандонҳои худро тоза нигоҳ доред.

3. Пеш аз хоб хӯрдани сабзӣ фоидаи солимӣ дорад.

4. Обро тӯлонӣ ҷӯшонидан ё дубора оби ҷӯшонро ҷӯшондан ва чой кардан хеле зараровар аст.

5. Афшураи биҳӣ бемории ҷигарро табобат мекунад. Тавсия дода мешавад, ки дар як рӯз 1-2 пиёла шарбати биҳӣ нӯшед.

6. Табобати ҳама гуна беморӣ аз шустани меъда бо зардоби йогурт оғоз мешавад.

7. Пойҳоятонро ҳамеша тоза, хушк ва гарм нигоҳ доред.

8. Чои сабз гурдаҳоро мешӯяд, илтиҳоби онҳоро шифо мебахшад.

9. Одатан, шумо бояд аз соати 22:00 то 6:00 хоб кунед.

10. Пеш аз хоб каме сабқат кунед.

11. Пеш аз хоб шумо метавонед инҳоро бихӯред: себ, як қошуқ асал, як стакан кефир ё як пиёла шири гарм бо асал.

12. Касе ки хоб рафтанӣ аст, бояд асал лесида гирад.

13. Истеъмоли пайвастаи йогурт аз ифлосшавии хун (уремия) муҳофизат мекунад.

14. Шӯрбои гунҷишк ва бедона инсонро аз ҳар ҷиҳат энергетикӣ мекунад.

15. Ҷигари инсон чор чизро дӯст медорад: карами хом, творог, нони сахт, асал.

16. Дар тобистон, агар шумо зуд-зуд дар оби хунук рӯйро бишӯед, кори дил ва ҷигаратон беҳтар мешавад.

17. Ширбиринҷ умри инсонро дароз мекунад, тухми мардонагиро афзун мекунад.

18. Агар шумо пас аз ҳаммом дандонҳоятонро бишӯед, он зуд сафед мешавад.

19. Наматак(ҳулӯл)-ро ҷӯшонида, ба ҷои чой нӯшидан бениҳоят муфид аст.

20. Шахсе, ки мунтазам менишинад ва кор мекунад, бояд ҳар соат хеста каме пиёда гардад.

21. Себ бадани инсонро бо ҳама чизи зарурӣ таъмин мекунад. Дар як рӯз ду себ хӯрдан кофист.

22. Ҳангоми дарди меъда, тавсия дода мешавад, ки ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ва вақти хоб як қошуқ равғани зайтуни олуда бинӯшед.

23. Гиряи бамеъёр ба саломатии шумо фоидаовар аст.

24. Ҳар касе, ки бегоҳӣ дар ҳар 10-15 рӯз 1 литр зардоби йогурт нӯшад ва меъдаро бишӯяд, аз бемориҳо, аз қабили фишори хун, диабети қанд, бавосир, дарди меъда халос мешавад.

25. Истифодаи самараноки сабзавот умрро дароз мекунад.

26. Шахсе, ки мунтазам чойи сабз менӯшад ва сабзии зард мехӯрад, ба саратон гирифтор намешавад.

27. Аз ҳама фоидаовари варзиш давидан аст.

Аз китоби "Ба сӯи зиндагии хушбахтона".

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO




Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
ҚУРЪОНРО ОМӮЗЕД ВА ОМӮЗОНЕД!

@HOJI_MIRZO_ONLINE


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
🌸 АЛЛОҲУММА САЛЛИ ЪАЛО МУҲАММАДИВ ВА ОЛИ МУҲАММАД САЛЛОЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВАСАЛЛАМ. 🌸

🌸 @Hoji_Mirzo_Online 🌸

🌸 اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ
وآلِ مُحَمَّدٍ ﷺ 🌸


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish

20 ta oxirgi post ko‘rsatilgan.