☄️
Духтарони Ӯзбекистон қаҳрамон ва аз Тоҷикистон охирон шуданд
📌Рӯзи 8-уми март дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 байни мунтахабҳои духтаронаи то 17-сола поён ёфт. 🇹🇯🇮🇷Дар даври охирини мусобиқа футболбозбонувони навраси тоҷик бо ҳамсолони худ аз Эрон мубориза бурда, бо ҳисоаби калони 0:4 бозиро бохтанд.
🇺🇿🇰🇬Дар рақобати дигар мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дидор анҷом дода, бо ҳисоби 0:0 мусовӣ карданд.
🏆Ҳамин тавр, баъди анҷоми се давр Ӯзбекистон бо ду пирӯзӣ ва як мусовӣ ва бо доштани 7 имтиёз ғолиби мусобиқа шуд.
🥈Мунтахаби бонувони навраси Эрон бо 6 хол дар ҷои дуюм қарор гирифта, соҳиби медалҳои нуқра шуданд.
🥉Қирғизистон бо доштани чор хол ҷои сеюм ва медалҳои биринҷиро ба даст овард.
💠 Духатрони тоҷик бо нокомӣ дар тамоми бозиҳо ва бе ҳеҷ имтиёз ҷои охирро гирифтанд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистон ҳатто як гол ҳам зада натавонист.
🏆Беҳтарин бозигари мусобиқа сарвони дастаи Ӯзбекистон Меҳрангез Ҳамидова эътироф шуд. Ҳамлагари тими Эрон Марям Халилӣ бо задани се гол беҳтарин нишонзани мусобиқа дониста шуд.
📸:
Central Asian Football Association✅Бо 😍 бошед:
Telegram ✅