Postlar filtri




Аслан Ба сар омад,он чизе, ки метарсидам,
Бадбахтона ва ё хушбахтона


На ту они ки ҳамони
На ман онам, ки ту дони.


|Магар балое бузургтар аз тарки намоз ҳаст?


|Бо касе ҳамнишинӣ кун, ки диданаш туро ба ёди Худо андозад ва ҳайбату виқораш бар ботину дарунат таъсир кунад ва суханаш бар донишат биафзояд ва амалу рафтораш туро аз (ишқ ба дунё) рӯйгардон кунад ва то замоне, ки дар канораш бошӣ, аз умури Худо сарпечӣ накунӣ ва ӯ бо амалу рафтораш туро панд диҳад, на бо қавлу гуфтораш.


|Кош дил ҳам мисли бинӣ ба як афшондан холӣ мешуд. ))


|Мутаассифона ҳоло занон ва духтароне, ки барҷастагиҳои бадани худро дар сафҳаҳои маҷозӣ ба намоиш мегузоранд, бештар аз духтуру муҳандису муаллим даромад доранд.

БАДБАХТОНА.


|Он дӯсте, ки ман ба ӯ сахт эътимод доштам, ба ман омӯхт, ки ба КАСЕ эътимод нашояд


|пас аз издивоҷ хоҳам гуфт:

«Барои расидан ба ту лозим омад, ки садақаҳои зиёде бидиҳам, дар дили шаб ба Аллоҳ бисёр ва бисёр Дуо кунам.Дар ҳама Масҷидҳои Шаҳр будам.

Рох ба суи ту сахт буд. Аммо ваъдаи Худо ҳақ буд. Ман дар қалби ту ҷой гирифтам».


|Бузургтарин иштибоҳи мо ин аст, ки фикр мекунем ҳоло вақт дорем...


|Эй ман фидои он, ки дилаш бо забон якест.


|Ҳеҷ касе дар роҳи сахти зиндагӣ ёрирасони ман набуд,
Ман фақат аз ҷониби Парвардигорам пуштибонӣ дидаам.


|Овози худро барои онҳое, ки шуморо мешунаванд, ва сухани худро барои онҳое, ки шуморо мефаҳманд, нигоҳ доред.


|Вақт ошкорсози ҳама чиз аст. Ба вақт вақт бидеҳ.


|-Баъди оиладор шудан чизу чораатонро дур кардед?

-Баъди издивоҷ андӯҳро аз дилам дур кард.


|Ғуссае дорам ба ҷон, ман донаму ҷонони ман.


|Ҳа, шояд ман ба замонҳои дури гузашта бахшида шудаам,
одамоне, ки дигар дар атроф нестанд,
чизҳое, ки арзиши пештараи худро гум кардаанд.

аммо ман содиқ ҳастам
Ман дигар тавр карда наметавонам.
Ман хотираро нигоҳ медорам.
ва бигзор ин хотира танҳо аз они ман бошад
.


|Нармдил бошӣ латта мегӯянд. Сахтдаст бошӣ бемеҳру сангдил меҳисобанд.
Аз илм сухан гӯйӣ, амал кардан ҳам лозим мегӯянд. Амал кардан хоҳӣ, аввал хубтар омӯз мегӯянд.
Бидъатро тарк намоӣ туро ваҳҳобӣ медонанд, зикрро афзун намоӣ туро сӯфӣ мегӯянд.
Таъриф кардӣ  маддоҳ, танқид кардӣ дилсиёҳ гӯянд.
Ҳақро гӯйӣ бемаврид шуморанд, андеша намоӣ тарсончак  донанд.
Бой бошӣ аз ҳаром ёфт мегӯянд, камбағал бошӣ коргурез мехонанд.
Одамон ҳамин хел бародар. Онҳо хоҳу нохоҳ гап мезананд. Хоҳу нохоҳ осуда намегузоранд. Онҳо розӣ намешаванд. Ба онҳо аҳамият надеҳ! Ту барои ризоияти Офаридгор кӯшиш намо! Баҳои ҳақиқиро ба ту Ӯ мегузорад
.


|Одамӣ агар паёмбар ҳам бошад аз забони мардум осуда нест, зеро
Агар бисёр кор кунад, мегӯянд аҳмақ аст.
Агар кам кор кунад, мегӯянд танбал аст.
агар бахшиш кунад, мегӯянд ифрот мекунад.
агар ҷамъ гаро бошад, мегӯянд бахил аст.
агар сокиту хомӯш бошад мегӯянд лол аст.
агар забоноварӣ кунад, мегӯянд пургӯву сафсатагӯст.
агар рӯза бидораду шабҳо намоз бихонад мегӯянд риёкор аст.
ва агар накунад мегӯянд бедин аст.

Аз ин рӯ набояд бар ҳамду санои мардум эътино кард. Ва ҷуз аз Худованд набояд аз касе ранҷид.

Пас он чи бошед, ки дӯст медоред


|Бовар кунед так таки одамҳо захминанд.Ҳар касе дарди худашро дорад, дағдаға ва машғулотро дорад.Бовар кунед зеҳнҳо хастаанд, қалбҳо захмианд, забонҳо бастаанд.
Барои дигарон орзу кунем беҳтаринҳоро роҳатиро ёри кунем ҳамдигарро то зиндаги бароямон лаззатбахш шавад.
Одамҳо ором ором пир намешаванд одамҳо дар як лаҳза бо як тилфон бо як ҷумла як нигоҳ як иттифоқ як наомадан як дер расидан як бояд биравем ва бо як тамом кунем пир мешаванд...

Одамҳоро лаҳзаҳо пир намекунанд одамро одамҳо пир мекунанд...
Сайъ кунем ҳавои дили ҳамдигарро бештар дошта бошем...

20 ta oxirgi post ko‘rsatilgan.

2 013

obunachilar
Kanal statistikasi