Қорӣ Исмат


Kanal geosi va tili: Tojikiston, Tojikcha


Канали “Қорӣ Исмат” ба ягон гурӯҳи сиёсӣ рабт надорад, танҳо маводҳои адабиву фарҳангиро пайгирӣ мекунад!!!

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Kanal geosi va tili
Tojikiston, Tojikcha
Statistika
Postlar filtri


Аз "Қобуснома"-и Унсуралмаолии Кайковус

"Аз панҷоҳ то шаст инсон ҳар моҳ дар худ нуқсоне бубинад, ки дар моҳи дигар надида бошад.

Аз шаст то ба ҳафтод дар ҳар ҳафта дар худ нуқсе бубинад, ки дар дигар ҳафта надида бошад.

Аз ҳафтод то ҳаштод ҳар рӯз дар худ нуқсоне дарёбад, ки дӣ надида бошад.

Ва гар аз ҳаштод даргузарад, ҳар соат дар худ нуқсон ва дарду ранҷ бубинад, ки дар дигар соат надида бошад... "

Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавнд


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
🎤 Шоҳномахонӣ
Гуфтори 35
Садри маҳфил: Лоиқ Шералӣ
Гӯяндагон:
Сорбон, Беранги Кӯҳдоманӣ ва Гулнисо Замонӣ

Бо https://t.me/KoriIsmat1917 бошед


Касе ки ҳеч гоҳ ба замин барнахурдааст, бузург нест. Бузург касе ҳаст ки баъди афтидан бармехезад

Конфутсий

Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед


Додгарӣ шарти ҷаҳондорӣ аст,
Шарти ҷаҳон, бин, ки ситамгорӣ аст.
Ҳар кӣ дар ин хона шабе дод кард,
Хонаи фардои худ обод кард.

Низомии Ганҷавӣ

Бо https://t.me/KoriIsmat1917 бошед


❗️Будьте осторожны!
Новый вирус FireScam маскируется под Telegram Premium

Эксперты предупредили о вредоносном ПО FireScam, которое направлено на кражу данных с устройств Android. Вирус распространяется через страницу на GitHub, имитирующую российский магазин приложений RuStore.

👨‍💻 Функции вируса:

🔴Сканирование установленных приложений;

🔴Доступ к хранилищу устройства;

🔴Загрузка дополнительных пакетов;

🔴Отслеживание уведомлений, буфера обмена, SMS и других данных.

Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед


Беғараз чун шуд сухан, таъсири дигар медиҳад,
Оби равшанро садаф ташрифи гавҳар медиҳад.

Азм чун афтод содиқ, роҳбар даркор нест,
Иштиёқи васли шаккар мурро пар медиҳад.

Доғро дар синаи ман чун сипанд ором нест,
Ин замини гарм ёд аз дашти маҳшар медиҳад.

Оҳ аз ин гардуни камфурсат, ки мегардад саҳар,
Дар сари шаб ҳар киро чун шамъ афсар медиҳад.

Ҳар киро шамшери гайрат дар ниёми занг нест,
Номаро рангинӣ аз хуни кабутар медиҳад.

Ҳар гадочашме надорад роҳ дар даргоҳи дил
Варна коми ҳар ду оламро хамин дар медиҳад.

Мо ба дасти танг хурсандем в-арна рузгор
Ин гиреҳро дар иваз сад икди гавхар медиҳад.

Мекунад, Соиб, гаронбораш зи доғи бебарӣ,
Дил ба ҳар кас чарх афзун чун санавбар медиҳад.
Соиб

Бо https://t.me/KoriIsmat1917 бошед


Зиндагӣ аҷиб аст...
Касе, ки каҷу ғалат аст, ўро мегузорем
Вале касе, ки росту дуруст аст, ўро мекўбем...

Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед


Ба нархи ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон сомонии дигар зам шуд.

Қурби рубл, доллари амрикоӣ ва евро дар Тоҷикистон майли болоравӣ дорад. Тафсилотро дар тасвирбаён бубинед.

Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед


10 январи соли 1947 – Зодрӯзи Шодӣ Солеҳ, ҳунарпешаи шинохта, коргардон ва драматурги тоҷик.

Ӯ бо иҷрои як қатор нақшҳо ва ба саҳна овардани чанд намоишнома дар санъати театру синамои тоҷик худро муаррифӣ кардааст. Солеҳов дар филмҳои “Ҳафт домоди рабудашуда”, “Достони Сиёвуш”, “Ашк ва шамшер” нақш офарида, худ намоишномаҳои “Муҷассама”, “Ятимҳои бехона”-ро рӯйи саҳна овардааст.

Ӯ махсусан дар жанри ҳаҷв ҳунари воло дошт ва дар садҳо намоишномаву саҳнаҳои ҳаҷвии телевизонӣ нақш бозидааст.

Ҳамчунин муаллифи 20 асари саҳнавӣ, 200 саҳначаи хурди ҳаҷвӣ ва беш аз 100 сенарияи телевизионию радиоӣ аст. 

Бо https://t.me/KoriIsmat1917 бошед


Хотире чун оташам ҳасту забоне ҳамчу об,
Фикрате тезу закое рому табъе бехалал.
Эй дареғо, нест мамдӯҳе сазовори мадеҳ
В-эй дареғо, нест маъшуқе сазовори ғазал.

Анварӣ

Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед


Суруд милли Покистон*

Пок сарзамин шод бод!
Кишвари ҳасин шод бод!
Ту нишони азми олишон,
Арзи Покистон!
Маркази яқин шод бод!
Қуввати ухуввати авом,
Қавм, мулк, салтанат
Поянда тобанда бод!
Шод бод манзили мурод!
Парчами ситораю ҳилол,
Раҳбари тараққию камол,
Тарҷумони мозӣ, шони ҳол,
Ҷони истиқбол!
Сояи Худои зулҷалол!

* Суруди миллии Покистон ба забони форсӣ аст! Бо вуҷуди ин ки забони расмии Покистон урду ва англисӣ аст, суруди миллии ин кишвар комилан ба форсӣ навишта шуда, далелаш дар гузашта забони фарҳангу адаби Ҳинд будани забони форсист. Ба ин далел метавон гуфт, нуфузи ин забони оламгир ҳанӯз дар минтақа поён наёфтааст.
Ин суруд дар сол 1952 навишта шуда, ба қалами шоир Ҳафиз Ҷоландаҳрӣ мансуб аст.
Таҳияи Марямбонуи Фарғонӣ

Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед


Чу дониш бувад бо хирад, беҳтар аст,
Ки кон дониш асту хирад гавҳар аст.
Хирад барнишинад абар тахти оҷ,
Хирад барниҳад бар сари мард тоҷ.
Хирадро биёмӯз аз омӯзгор,
Бар омӯхтан – бар ту айбе мадор,
Ки чун бар хирад даст барёфтӣ,
Сар аз роҳи гумроҳ бартофтӣ.
Шавад бар ту равшан, ки Яздони пок
Буруноваранда-ст аз тира хок.
Худои ҷаҳону ҷаҳонофарин,
Ки бар вай сазад, бегумон, офарин.

БАДЕЪИ БАЛХӢ

Ба
https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
🎤 Шоҳномахонӣ
Гуфтори 35
Садри маҳфил: Лоиқ Шералӣ
Гӯяндагон:
Беранги Кӯҳдоманӣ, Сорбон ва Гулнисо Замонӣ

Бо https://t.me/KoriIsmat1917 бошед


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
📹 Маснавии маънавӣ
Қисми 7
Марди ҳаросон аз марг


Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед


"Тоҷик Эйр" ба Кӯлоб ва Панҷакент парвозҳоро ҳафтае 3 маротиба анҷом доданист.

Парвозҳо бо Ан-28 рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе дар назар буда, нархи чипта ба Кӯлоб 350 сомонӣ ва Панҷакент 400 сомонӣ муайян шудаст.

Аввалин парвоз аз Душанбе ба Панҷакент санаи 14 январ ва ба Кӯлоб 15 январ дар назар аст.

Ширкат эълон кардаст, ки барои фармоиши чипта, мусофирон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1 ё рақамҳои +992 110000012 муроҷиат кунанд.

Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед


Нархи рубли Русия дар Тоҷикистон боло рафт.

Қурби 1000 рубл 109,4 сомониро ташкил медиҳад.

Доллари амрикоӣ ва евро майли поинравӣ доранд. Тафсилот дар тасвирбаён.
https://t.me/KoriIsmat1917


10 январи соли 1839 аввалин таҷҳизоти аксбардорӣ кашф шуд. Луи Дагер, ихтироъкори фаронсавӣ онро кашф намуд ва 9 январи соли 1839 ҳукумати Фаронса онро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

"Дагеротипия" аввалин технологияе буд, ки барои аксбардории доимӣ истифода мешуд. Ин раванд аз сабти тасвир ба рӯи плитаҳои нуқрагӣ, ки бо йод ҳассос гардонида шуда буданд, иборат буд.

Ин ихтироъ имкони эҷоди тасвирҳои возеҳ ва доимиро фароҳам овард, ки қаблан ғайриимкон буд. Ин ихтироъ аввал дар Фаронса маъруф шуда, баъдан дар Аврупо ва ИМА васеъ паҳн гардид.

Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед


Зи худ пеши Худо бояд гиристан
Хамӯшу бесадо бояд гиристан.
Барои мурдаҳо ашкам намонда,
Барои зиндаҳо бояд гиристан.

Устод Гулрухсор

Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед


Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад,
К-аз найистон то маро бубридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Сина хоҳам шарҳа–шарҳа аз фироқ,
То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Ман ба ҳар ҷамъийяте нолон шудам,
Ҷуфти бадҳолону хушҳолон шудам.
Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман наҷуст асрори ман.
Сирри ман аз нолаи ман дур нест,
Лек чашму гӯшро он нур нест.
Тан зи ҷону ҷон зи тан мастур нест,
Лек касро диди ҷон дастур нест.
Оташ аст ин бонги нойу нест бод,
Ҳар кӣ ин оташ надорад, нест бод!
Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,
Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод.
Най ҳарифи ҳар кӣ аз ёре бурид,
Пардаҳояш пардаҳои мо дарид.
Ҳамчу най заҳреву тарёқе кӣ дид?
Ҳамчу най дамсозу муштоқе кӣ дид?
Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад,
Қиссаҳои ишқи Маҷнун мекунад.
Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест,
Мар забонро муштарӣ ҷуз гӯш нест.
Дар ғами мо рӯзҳо бегоҳ шуд,
Рӯзҳо бо сӯзҳо ҳамроҳ шуд.
Рӯзҳо гар рафт, гӯ: «Рав бок нест,
Ту бимон, эй он ки чун ту пок нест».
Ҳар кӣ ҷуз моҳӣ зи обаш сер шуд,
Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд.
Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеч хом,
Пас сухан кӯтоҳ бояд, вассалом!
Банд бугсил, бош озод, эй писар!
Чанд бошӣ банди симу банди зар?
Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд гунҷад, қисмати якрӯзае?
Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.
Ҳар киро ҷома зи ишқе чок шуд,
ӯ зи ҳирсу айб куллӣ пок шуд.
Шод бош, эй ишқи хушсавдои мо!
Эй табиби ҷумла иллатҳои мо!
Эй давои нахвату номуси мо!
Эй ту Афлотуну Ҷолинуси мо!
Ҷисми хок аз ишқ бар афлок шуд,
Кӯҳ дар рақс омаду чолок шуд.
Ишқ ҷони Тур омад, ошиқо!
Тур масту «харра Мӯсо соиқо».
Бо лаби дамсози худ гар ҷуфтаме,
Ҳамчу най ман гуфтаниҳо гуфтаме.
Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,
Безабон шуд, гарчи дорад сад наво.
Чунки гул рафту гулистон даргузашт,
Нашнавӣ з-он пас зи булбул саргузашт.
Ҷумла маъшуқ асту ошиқ пардае,
Зинда маъшуқ асту ошиқ мурдае.
Чун набошад ишқро парвои ӯ,
ӯ чу мурғе монд бепар, вои ӯ.
Ман чӣ гуна ҳуш дорам пешу пас,
Чун набошад нури ёрам пешу пас? ;
Ишқ хоҳад, к-ин сухан берун бувад,
Ойина ғаммоз набвад, чун бувад?
Ойина-т донӣ чаро ғаммоз нест?
З-он ки зангор аз рухаш мумтоз нест.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)

Бо
https://t.me/KoriIsmat1917 бошед


Идҳои асосии мусалмонон соли равон ба моҳҳои март ва июн рост меоянд.

Оғози моҳи шарифи Рамазон аз 1 март дар назар буда, таҷлили иди Фитр интизор меравад, ки ба 30 март рост ояд.

Расман идҳои Қурбон ва Рамазон дар Тоҷикистон аз тарафи Шӯрои уламои кишвар мушаххас мешаванд. Тафсилоти идҳои мусалмониро дар тасвирбаён бубинед.

Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед

20 ta oxirgi post ko‘rsatilgan.