НОМА БАРОИ ДӮСТОН!
Барф меборад ба фармони Худо,
Барфи нав аз мову барфӣ аз шумо.
Зарра-зарра барф меборад сапед,
Як зиёфат аз шумо дорем умед.
Хонаҳоро гарм созед аз алав,
Ҳам кабоб омодаву оши палав.
Гӯшткабобон пора карда хосагӣ,
Нони тафтону мавизи соягӣ.
Себу ангури дилафрӯзу анор,
Чойи қаймоқину нони қуббадор.
Гӯсфанди охурии думбадор,
Чор хурбузи калони нухтадор.
Раставу лавзу мураббову набот,
Пиставу бодому қанду қандалот.
Чормағзу тутмавизи соягӣ,
Баҳри мо тайёр кун аз ҷӯрагӣ.
Ҳофизи хушхону танбуру дутор,
Ною ғиҷҷак, ҷӯраҳои беғубор.
Гар бигиред ин ҷавони рафтаро,
Дасту пояш баставу рӯяш сиёҳ.
Гар нагиред ин ҷавони рафтаро,
Медиҳед базми калон аз баҳри мо.
Чил нафар аз ҷӯраҳо меҳмон шуда,
Наздатон мо меравем пазмон шуда.
Барф меборад ба фармони Худо,
Барфи нав аз мову барфӣ аз шумо.
Зарра-зарра барф меборад сапед,
Як зиёфат аз шумо дорем умед.
Хонаҳоро гарм созед аз алав,
Ҳам кабоб омодаву оши палав.
Гӯшткабобон пора карда хосагӣ,
Нони тафтону мавизи соягӣ.
Себу ангури дилафрӯзу анор,
Чойи қаймоқину нони қуббадор.
Гӯсфанди охурии думбадор,
Чор хурбузи калони нухтадор.
Раставу лавзу мураббову набот,
Пиставу бодому қанду қандалот.
Чормағзу тутмавизи соягӣ,
Баҳри мо тайёр кун аз ҷӯрагӣ.
Ҳофизи хушхону танбуру дутор,
Ною ғиҷҷак, ҷӯраҳои беғубор.
Гар бигиред ин ҷавони рафтаро,
Дасту пояш баставу рӯяш сиёҳ.
Гар нагиред ин ҷавони рафтаро,
Медиҳед базми калон аз баҳри мо.
Чил нафар аз ҷӯраҳо меҳмон шуда,
Наздатон мо меравем пазмон шуда.