﷽
ФОИДАҲОИ САЛАВОТ ФИРИСТОДАН
Салавот фиристодан бар Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад ﷺ дорои фазилатҳои бузурге мебошад.
① Салавот фиристодан иҷрои фармудаи Аллоҳ, ва Расули Аллоҳ ﷺ аст.
Салавот фиристодан бар Паёмбар ﷺ ҳам дар Қуръон ва ҳам дар суннат омадаги аст, ҳаминтавр ба амри Аллоҳ ва амри Расули Аллоҳ ﷺ итоъат карда мешавад.
② Аллоҳи ъазза ва ҷал, бар он нафаре, ки ба Паёмбар ﷺ як дуруд фиристад, Аллоҳ бар он шахс 10 маротиба дуруд мефиристад.
Дар ҳадисе низ аз Абу Ҳурайра, радияллоҳу анҳу, омадааст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
«مَنْ صَلَّى عَلَيَّ وَاحِدَةً صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ عشرا»
«Касе, ки маро як бор салавот диҳад, Аллоҳ барои у 10 бор дуруд мегиристанд»
Масдар: Мишкат Ал-Масабиҳ (921)
Оё медони, ки дуруд фиристодан ба Расули Аллоҳ ﷺ , чи фоида дорад?
Фоида он аст, ки Аллоҳ туро аз ҳар сахти, ҳар мусибат, ва ҳар мушкили берун хоҳад кард.
Чуноне ки Аллоҳ ﷻ мефармояд:
﴿هُوَ الَّذِي يُصَلِّي عَلَيْكُمْ وَمَلَائِكَتُهُ لِيُخْرِجَكُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ وَكَانَ بِالْمُؤْمِنِينَ رَحِيمًا﴾
{Уст, ки бар шумо дуруд [ва раҳмат] мефиристад ва Малоикаҳо [низ дуоятон мекунанд], то шуморо аз торикиҳо ба суйи нур берун оварад ва [Аллоҳ таоло] ҳамвора нисбат ба муъминон меҳрубон аст}
~ Сураи Аҳзоб, ояти 43
Ҳар мушкилот торики аст, пас агар чизе аз он ба ту расад, бар худ лозим бигир салавот фиристодан ро бар ҳаққи Паёмбари Аллоҳ ﷺ то он даме, ки Аллоҳ шуморо аз ин торикиҳо берун наорад.
③ Малоикаҳо барои касоне, ки бар Расули Аллоҳ ﷺ салавот мефиристонанд, дуруд мегуянд.
Чунон ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
«ما مِن مُسلِمٍ يصلِّي عليَّ إلَّا صلَّت عليهِ الملائِكةُ ما صلَّى علَيَّ فليُقلَّ العَبدُ من ذلِكَ أو ليُكثِرْ»
«Ҳеҷ мусалмоне нест, ки барои ман салавот бифиристанд, магар он ки малоикаҳо бар у салом мефиристанд чунон ки бар ман салавот фиристод. Бигзор банда аз ин кам ё бештар бигуяд»
Масдар: Саҳеҳи Ибни Моҷа (748)
④ Наздиктарин мардум, ба Паёмбари Аллоҳ ﷺ касоне ҳастанд, ки бештар дар ҳаққи у ﷺ салавот мефиристад
Аз Ибни Масъуд радияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
«أَوْلَى اَلنَّاسِ بِي يَوْمَ اَلْقِيَامَةِ, أَكْثَرُهُمْ عَلَيَّ صَلَاةً»
«Наздиктарин мардум, дар рузи киёмат бар ман, касоне мебошанд, ки барои ман бештар салавот мефиристанд»
Масдар: Ҷамиъ Ат-Тирмизи(484)