ГУЛНОЗ
Ба Шоири халқии Тоҷикистон Устод Фарзона
Агар дар омадани худ диранг мекардӣ,
Ниҳоди аҳли суханро чи танг мекардӣ.
Чи сон даромадаӣ дастгоҳи андеша,
Чи сон бирешими афкор ранг мекардӣ?
Дамида дасти раҳиме ба рӯи оинаҳо
Талоши шустани ҳар доғу занг мекардӣ.
Ҳамеша сабр намуда, валек дар шабҳо,
Фақат ба ҳар чи ки бад буд, ҷанг мекардӣ.
Бигуфтаиву бигӯ, бозу боз ,Оина,
Ки дар тариқати худ фикри санг мекардӣ?
Ба зимни таҷрибаи қалб ҳадяи шодӣ,
Чу орифӣ , ба ҳама бедиранг мекардӣ.
Хулоса, қисса ҳамин аст, Шоири дилҳо,
Ки ту ҷаҳони ғазалро қашанг мекардӣ.
Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед
Ба Шоири халқии Тоҷикистон Устод Фарзона
Агар дар омадани худ диранг мекардӣ,
Ниҳоди аҳли суханро чи танг мекардӣ.
Чи сон даромадаӣ дастгоҳи андеша,
Чи сон бирешими афкор ранг мекардӣ?
Дамида дасти раҳиме ба рӯи оинаҳо
Талоши шустани ҳар доғу занг мекардӣ.
Ҳамеша сабр намуда, валек дар шабҳо,
Фақат ба ҳар чи ки бад буд, ҷанг мекардӣ.
Бигуфтаиву бигӯ, бозу боз ,Оина,
Ки дар тариқати худ фикри санг мекардӣ?
Ба зимни таҷрибаи қалб ҳадяи шодӣ,
Чу орифӣ , ба ҳама бедиранг мекардӣ.
Хулоса, қисса ҳамин аст, Шоири дилҳо,
Ки ту ҷаҳони ғазалро қашанг мекардӣ.
Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед