☀️⚡️ ХУШХАБАР: НЕРУГОҲИ ОФТОБИИ НОҲИЯИ АШТ АВВАЛИН НЕРУИ БАРҚРО БА ШАБАКА ИНТИҚОЛ ДОД🔋 Неругоҳи офтобии ноҳияи Ашт ба истеҳсоли аввалин киловатт-соатҳои неруи барқ оғоз намуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба шабакаи барқии кишвар интиқол дода шуд.
🌱 Ин рӯйдоди муҳим қадами ҷадид дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таҳкими заминаҳои энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад.
🏗 Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ моҳи ноябри соли 2025 оғоз гардида буданд.
🚀 Айни замон, марҳилаи аввали неругоҳ ба истифода шуда, давоми соли ҷорӣ навбатҳои дигари он низ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
⚡️ Иқтидори неругоҳ – 250 МВт
🔋 Истеҳсоли миёнасолонаи неруи барқ – 435 млн кВт·соат
🤝 Маврид ба зикр аст, ки иншооти мазкур аз ҷониби сармоягузори ватанӣ – ҶДММ «Аён Энерҷӣ» ва паймонкор – ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» бунёд шуда истодааст.
✅
@mewrtj