🇹🇯🇮🇷15-уми августи соли 2026, Теҳрон. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Далер Ҷумъа ва ҳайати кишвар бо муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар ҳамзабон ва дӯсту бародар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли равон ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба миёни Тоҷикистону Эрон 254,3 млн долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,8 млн. доллар ё 14,8 фоиз зиёд мебошад.
Ҷонибҳо ба масъалаи густариши муносибатҳо дар соҳаи нафту газ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Дар идомаи мулоқот миёни ҳамсуҳбатон вобаста ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.
✅@mewrtj